Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи президентии Афғонистон. ВИДЕО


То интихоботи президентӣ дар Афғонистон ду рӯзи дигар монд. Сарфи назар аз ин ки номзадҳои асосӣ – Ашраф Ғанӣ ва Абдулло Абдулло – ҳамон ду рақиби панҷ соли пеш ҳастанд, маъракаи интихоботии Афғонистон барои нозирони умури сиёсӣ ва бештаре аз мардум дар Тоҷикистон ҳам ҷолиб аст.

Ҳамагуна таҳаввулот ва бахусус корзори ҷиддие ба монанди интихобот дар кишвари ноороми ҳамсояи Тоҷикистон, ба назари коршиносон, ҳамеша барои кишварҳои дигари минтақа ва бахусус Тоҷикистон ҳодисаи муҳим аст.

Интихоботи Афғонистон дар шароите баргузор мешавад, ки музокироти сулҳи Амрико бо Толибон қатъ ва ҳамлаву таркишҳо дар ин кишвар бештар шуд. Бо вуҷуди нооромиҳо, номзадҳо ба мақоми президентии Афғонистон бо тамоми талош ба таблиғи барномаҳои худ машғуланд ва аз ҳар шеваи мумкин кор мегиранд, то дили мардумро ба даст оранд.

Як чизе, ки дар ин маъракаҳо таваҷҷӯҳи сокинони Тоҷикистонро ҷалб кардааст, ин аст, ки оҳанги маъруфи овозхонҳои тоҷик ба навори аслии таблиғотии Ашраф Ғанӣ, президенти кунунӣ ва яке аз номзадҳои калидӣ табдил ёфтааст. Таронаи “Қасам” аз ҷониби овозхонҳои тоҷик Тобиш ва Ҷаъфар иҷро шуда, баъдан аз ҷониби сарояндагони афғон ҳам бозхонӣ шудааст. Ҳоло ҳамин оҳанг бо аксу навор ва суханрониҳои Ашраф Ғанӣ ҳамчун навори таблиғотии ӯ пайваста дар телевизиони “Тулӯъ” намоиш дода мешавад.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Нигоҳҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Тобиш Ҳилолӣ, муаллифи оҳанг, мегӯяд, истифодаи оҳанги ӯ дар корзори интихоботии кишвари ҳамсоя ва махсусан аз ҷониби худи президент боис ба ифтихораш аст. Ӯ рӯзи 26-уми сентябр гуфт, барояш муҳим нест, тарона аз сӯйи кадом ҳизб ё номзад истифода мешавад, “муҳим он аст, ки ба ҳадафи аслии худ бирасад”.

“Агар ин оҳанг тавонад як қадам пештар ба сулҳу ваҳдат оварда бошад, хушбахттарин инсонам. Ҳар суруд як мақсад дорад. Ҳадафи савганди ватандорӣ меҳру муҳаббат нисбат ба ватан ва тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ буд”, -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Тобиш Ҳилолӣ, муаллифи шеър Муҳаммадзамони Фирӯз, як генерали афғон аст ва дар чорабиниҳои бузург ва ҳодисаҳои муҳими Тоҷикистон ҳам зиёд садо медиҳад. Аз ҷумла, чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун ҳам зери навои он ба кор даромадааст. Ҳоло интихоби Ашраф Ғанӣ ва гурӯҳи ӯ ҳам барои роҳ ёфтан ба дили мардум рӯйи ин оҳанг қарор гирифтааст.

Ашраф Ғанӣ дар интихоботи баҳсбарангези соли 2014 президенти Афғонистон шуд. Феълан ҳақ дорад, чун номзад дар даври дувум ширкат кунад. Бархе аз коршиносон дар Тоҷикистон фазо дар интихоботи пурбаҳсу серрақобати Афғонистонро бозу озод меноманд.

Саъдӣ Юсуфӣ, коршиноси тоҷик, мегӯяд: “Гурӯҳҳо ва ҷиноҳҳои мухталиф ҳастанд, ки дар ин интихобот иштирок мекунанд. Барои мисол, гурӯҳе аст, ки мехоҳанд таҷрибаи демократии ғарбро дар Афғонистон пиёда кунанд ва гурӯҳе ҳаст аз ҷиҳодиҳои пешин, ки алайҳи Шӯравӣ ҷангидаанд. Арзишҳои онҳо дигар аст. Гурӯҳе ҳаст, аз пайравони хатти машйи Толибон, ки бештар рӯйи сохтори динӣ тамаркуз доранд. Яъне, ҳамаи инҳо вақте дар як саҳнаи бози сиёсӣ рақобат мекунанд, бисёр ҷолиб аст.”

Таҳлилгарон мегӯянд, интихоботи имсолаи Афғонистон аз чанд ҷиҳат аз маъракаҳои сиёсии гузашта фарқ мекунад. Ҳузури ҷангсолорони бонуфуз дар интихобот ва эҳтимоли ҷойи пой пайдо кардани Толибон дар ҳукумати оянда аз чолишҳои асосӣ дар интихобот гуфта мешавад. Коршиносони тоҷик ба ин назаранд, ки натиҷаи маъракаи муҳими сиёсӣ дар Афғонистон пеш аз ҳама ба кишварҳои ҳамсоя ва бахусус ба Тоҷикистон таъсиргузор аст.

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили Афғонистон, гуфт, дар саҳнаи сиёсии Афғонистон ҳеч гуруҳ ё қавме дар алоҳидагӣ наметавонад ба ҳалли бӯҳрони он кишвар муваффақ шавад. Коршиноси тоҷик ба он таъкид кард, ки бояд чанд масъала аз вазифаҳои асосии президенти ояндаи Афғонистон бошад: “Дар фаъолияти аҳзоби сиёсии Афғонистон ва эътилофҳое, ки дар давраҳои интихобот сурат мегиранд, таъмини амният, рушди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя масъалаҳои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ аз масоили калидӣ барои номзадҳои сиёсӣ ба ҳисоб мераванд.”

Афғонҳои берун аз Афғонистон аз ҷумла паноҳандаҳои афғон дар Тоҷикистон ҳаққи иштирок ва раъйдиҳӣ дар интихоботро надоранд. Аммо ҳамаи онҳое, ки аз Тоҷикистон интхоботи кишвари ҳамсояро пайгирӣ мекунанд, як орзу доранд.

“Орзуи ман ин аст, ки Афғонистон зудтар ба сулҳ бирасад ва амният пойдор бошад”, – мегӯяд Тобиш Ҳилолӣ.

Беш аз 40 сол аст, ки низоъ дар Афғонистон идома дорад. Дар ин чаҳор даҳа чанд низоми сиёсӣ иваз шуд, аммо ҷангҳо ҳамоно идома доранд. Ин нооромиҳо ва ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ мояи нигаронии мақомоту коршиносони тоҷик аст, чун нигаронанд, ки нооромӣ метавонад ба Тоҷикистон ҳам сироят кунад.

Дигар ин ки нооромӣ дар кишвари ҳамсоя ва қочоқи зиёди маводи мухаддир давлати Тоҷикистонро маҷбур кардааст, сармояи зиёдеро барои посбонии марз сарф кунад. Ҳарчанд омори дақиқе вуҷуд надорад, вале гуфта мешавад дар Афғонистон беш аз 12 миллион тоҷик зиндагӣ мекунанд. Фарҳангу забон ва ҳам ҳудуди 1400 километр марзи муштарак Тоҷикистону Афғонистонро бо ҳам наздик мекунад. Ҳар таҳаввулот дар ин ду кишвар ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳост, аз ин рӯ дар ин сӯи Ому натиҷаи интихоботи шаффофро бо иштиёқ мунтазиранд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG