Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Раҳмонзода: Узбекистон ба омӯзиши тарҳи нирӯгоҳи Зарафшон шурӯъ кард. ВИДЕО


Акс аз соли 2010, студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе

Сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Узбекистон ва ҳайати ҳукумати ин кишвар, ки рӯзҳои 17-18 август анҷом шуд, аз назари мақомоти ҳарду ҷониб пурсамар ва бесобиқа арзёбӣ мешавад.

Дар маҷмӯъ 200 созишнома имзо шуд, ки 860 миллион долларо ташкил мекунад. Имрӯз дар Душанбе намояндагони ширкати Siemens, ки аз ин ширкат президентон дидан карданд, ҳузур доранд

Яке аз муҳимтарин санадҳое, ки аз ҷониби президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев имзо шуд, созишномаи шарикии стратегӣ аст, ки дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои сиёсиву иҷтимоӣ муайян мекунад. Раиси ҷумҳурии Узбекистон, ки ба ҳал шудани ҳама масъалаҳо дар миёни ду кишвар таъкид кард, гуфт, ҳадафи ниҳоии ҳамкориҳо дар солҳои наздик то ба 1 миллиард доллар расонидани мизони додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. Музокироти доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду ҷониб дар Тошканд, ба иттилои вазири тиҷорати берунаи Узбекистон, бо имзои 58 қарордод дар ҳаҷми умумии 133 миллион доллар анҷомид.​

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа рӯзи 24 август дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаҳои сафари баландпояи ҳайати Тоҷикистон ба Узбекистонро хулоса кард, ки мухтасари онро нашр мекунем.

Маросими имзои созишномаҳои Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:04 0:00

Кор сари тарҳи бунёди нирӯгоҳҳои Зарафшон шурӯъ шудааст

Абдуҷаббор Раҳмонзода: Барои тамоми мардуми Тоҷикистон, фикр мекунем, сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Узбекистон аҳамияти таърихӣ дошт. Президенти Тоҷикистон бо Шавкат Мирамонович муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро баррасӣ намуданд. 27 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳайати ҳукуматии ҳарду кишвар гуфтанд, ки муҳимтарин масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд. Шумо шоҳиди он ҳастед, ки 16 гузаргоҳи марзӣ боз шудааст. Тавре дар гузориши президенти Тоҷикистон ҳам гуфта шуд, аллакай беш аз 1 миллион нафар аз ин гузаргоҳҳо (дар соли ҷорӣ) убур кардаанд. Хушбахтона, он хешу табор ва дӯстоне, ки 27 соли охир ба дидори ҳам нарасида буданд, ҳамдигарро диданду шоду фараҳманд шуданд. Дар намоишгоҳи саноатию кишоварзии Тоҷикистон ширкатҳои истеҳсолӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Баъди он сӯҳбату вохӯриҳо имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳайати расмии кории Узбекистон бо раҳбарии вазири иқтисоди ин кишвар ва мақомоти ширкати “Узбекэнерго” барои сӯҳбату мулоқотҳо омадаанд. Ин ҳайатро нахуствазири Тоҷикистон қабул карданд, онҳо аз корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон дидан мекунанд. Ҳамчунин онҳо аз мавзеи дарёи Зарафшон дидан мекунанд, ки қарор аст дар он ду нирӯгоҳ бунёд шавад.

Радиои Озодӣ: Аз минбари баланд ҳарду президент дар бораи тарҳи бунёди ду нирӯгоҳ дар рӯдхонаи Зарафшон дар хоки Тоҷикистон ва истифода аз оби Сарез хабар доданд. Оё ин тарҳҳо аллакай омода ҳастанд ва оё ҷузъиёти дигари ин тарҳҳо аллакай маълум аст?

Абдуҷаббор Раҳмонзода: Маблағи пружаҳоро намедонам, лекин ин пружаҳо аз тарафи олимону мутахассисони Тоҷикистон, институтҳои лоиҳакашӣ дар ҳамшарикӣ бо шарикони рушд омода гардидааст. Ташкилоти молии байналмилалӣ бо ин лоиҳаҳо ошно ҳастанд. Тарҳҳо, ки омода буданд, президенти мо пешниҳод карданд, ки дар шарикӣ ин нирӯгоҳҳоро бунёд кунем. Маблағашро баробар – Тоҷикистон ва Узбекистон пардохт мекунанд. Вале агар дар ҷараёни кор шарикони рушд хостанд, ки кӯмак кунанд, онҳо низ ҳамроҳ мешаванд.

Радиои Озодӣ: Оё тарҳи истифода аз оби Сарез ҳам аллакай омода аст?

Абдуҷаббор Раҳмонзода: Не, вале лоиҳаҳо, пешниҳодҳо муайян ҳастанд. Барои корро оғоз кардан вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар интситутҳои лоиҳакашӣ бояд нақша кашанд. Умедворӣ ҳаст, ки ин лоиҳа ҳам амалӣ мешавад.

Истиқболи гарми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Тошканд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:51 0:00

Созишномаҳо бо арзиши 860 миллион доллар

Радиои Озодӣ: Баъди форуми иқтисодӣ дар Тошканд ҷониби Узбекистон гуфт, ки миёни ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳо дар ҳаҷми 133 миллион доллар ва Тоҷикистон гуфт – дар ҳаҷми 106 миллион доллар имзо шудааст. Муҳимтарини ин қарордодҳо кадом аст?

Абдуҷаббор Раҳмонзода: Дар маҷмӯъ (дар тамоми муддати музокираҳо дар соли ҷорӣ) 200 созишнома имзо шуд, ки 860 миллион долларо ташкил мекунад. Имрӯз дар Душанбе намояндагони ширкати Siemens, ки аз ин ширкат президентон дидан карданд, ҳузур доранд. Онҳо ҷой интихоб мекунанд. Ин ҳамон ширкатест, ки бо истеҳсоли маҳсулоти рӯзғор машғул мешавад. Боварии комил дорем, ки аксарияти он лоиҳаҳое, ки ба имзо расиданд, оғоз мешаванд.

Умедвории Тоҷикистон аз ҳамкориҳо бо ҳамсояи наздик

Радиои Озодӣ: Дар равобити ду кишвар дар ин охирҳо воқеан ҳам як чархиш ё гардиши ҷиддӣ шуд ва ҳарду ҷониб ҳам аз ин тағйирот баҳра мебаранд. То куҷо дар ҳукумати Тоҷикистон ин эътимод вуҷуд дорад, ки дар оянда бо тағйир ёфтани раҳбари кишвар муносибатҳо халалдор намешаванд?

Абдуҷаббор Раҳмонзода: Аз ташрифи президенти Узбекистон, дар як муддати кӯтоҳ баргузор шудани шаш музокироти байнидавлатӣ, ташрифи ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Узбекистон, сафари раҳбарони вазоратхонаву дигар сохторҳои давлатии Узбекистон ба Тоҷикистон, он муҳаббату самимияте, ки халқи Узбекистон ё Тоҷикистон дорад – маълум мешавад, ки кор оғоз шудааст. Президентони ҳарду кишвар таъкид карданд, ки 17 август як рӯзи таърихӣ дар саҳифаҳои дӯстии ду кишвар сабт мешавад. Ин, албатта, таъкиди хеле муҳим аст. Дуюм ин ки ба имзо расидани аҳдномаи шарикии стратегии байни Тоҷикистон ва Узбекистон – як ҳуҷҷати боэътимод аст. Сеюм – ба имзо расидани консепсияи ҳамкориҳои фарҳангию илмӣ ва ташриф овардани аҳли фарҳангу илму маорифи Тоҷикистон ба Узбекистон. Омодагӣ дорем ба истиқболи ҳамингуна ҳайат дар Тоҷикистон... Чоп кардани беҳтарин армуғон – эҷодиёти Ҷомӣ ва Навоӣ – намунаи беҳтарини таҳкими дӯстию ҳамкорӣ аст. Мо боварии комил дорем, ки тамоми зиёиёни кишвар, тамоми аҳли ҷомеа аз ин ҳамкорӣ шод ҳастанд. Ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, матбуот ва телевизион пайваста баррасӣ мешавад. Мо боварӣ дорем, ки ин ҳамкориҳо боз ҳам густариш меёбанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG