Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Муродов: Ин рӯзро 40 миллион нафар интизор буд. АКС, ВИДЕО


Акси соли 2016
Акси соли 2016

Ҷӯрабек Муродов, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар қатори ҳунармандони Узбекистонӣ барои ширкат дар консерти рӯзи 9-уми март омодагӣ мебинад, беҳбуди равобити Душанбеву Тошкандро "ҳодисаи деринтизор барои мардуми ду тараф" номид.

Муродов рӯзи 8-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "40 миллион одам ин рӯзу ин дақиқаҳоро интизор буд. 40 миллион аҳолии зери раҳбарии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дасти дуо бардоштаанд, ки ин рӯз фаро расад. Худо ҳам ин рӯзро мехостааст. Ман ба шумо хурсандии мардумро гуфта наметавонам. Аслан, ин вазифаи фарҳанг аст, ки мардумро ба ҳам меорад."

Ба гуфтаи овозхони маъруф, давоми солҳои истиқлол ӯ тавонистааст робитаҳои касбиву дӯстонаашро бо ҳамкорон дар Узбекистон ҳифз кунад. Дар барномаи ҳунарии рӯзи 9-уми март низ ӯву Шералӣ Ҷӯраев сурудеро якҷоя иҷро мекунанд: "Як сурудро омода кардем бо номи “То тавонӣ дӯстонро гум макун...” Мисраъҳоеро ба тоҷикӣ ман ва дигар мисраъҳоро ба узбакӣ Шералӣ Ҷӯраев иҷро мекунанд. Ширу шакар шуд”, - гуфт Ҷӯрабек Муродов.

Гурӯҳи беш аз 100-нафараи овозхонҳову навозандаҳо ва рақсандаҳои Узбекистонӣ шаби 8-уми март бо ҳавопаймое аз Тошканд ба Душанбе расиданд. Онҳо дар барномаи муштараки консертии ҳунармандони ду кишвар шоми 9-уми март дар толори Кохи Борбад ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар миёни меҳмонҳо Юлдуз Усмонова, Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, ансамблҳои “Лазгӣ”, ”Шашмақом” ба раҳбарии Абдуҳошим Исмоилов, Мавлуда Дадобоева ва дигарон ҳузур доранд. Консерт, қарор аст, тахминан ду соат идома кунад.

XS
SM
MD
LG