Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди тахриби "Девори Каримов". Тоҷикистон хост, 5 гузаргоҳи дигар боз шавад


Гузаргоҳи Саразм дар шаҳри Панҷакент

Бо наздик омадани сафари нахустини давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон, парчамҳои ду кишвар дар гузаргоҳҳои марзӣ боло шудаанд. Мақомот мегӯянд, инчунин, дар гузаргоҳҳо вагонҳо гузошта шудааст.

Сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ ҳақ пайдо карданд, ки аз ин гузаргоҳҳо барои 5 шабонарӯз ва то дурии 30 километр ба минтақаҳои якдигар бидуни дарёфти виза ва барқияву даъватнома сафар кунанд.

Баҳром Исматуллоев, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, гуфт, барои омода кардани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ як комиссияи вижа аз аввали имсол кор мебарад. Ӯ гуфт, "ҳамроҳи раиси вилояти Суғд ба дидбонгоҳи гумрукии "Фотеҳобод"-и ноҳияи Мастчоҳ рафтем. Мақомоти Суғд бо мувофиқаи ҳукумати Тоҷикистон барои аз нав барқарор кардан ва ба истифода додани дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ бо ҷониби кишвари ҳамсоя гуфтушунид доранд."

Қарор аст, моҳи марти имсол Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон биёяд. Баъзе аз манобеъ гуфтанд, ки дар ҷараёни ин сафари президенти Узбекистон имзои беш аз 20 созишнома дар назар аст. Яке аз созишномаҳо ба шаҳрвандони ин кишварҳо иҷоза хоҳад дод, ки бидуни виза ва ба мӯҳлати то 30 рӯз дар қаламравҳои якдигар равуо кунанд.

22 АКС АЗ МАРКАЗИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ТО ГУЗАРГОҲИ МАРЗӢ:

Тибқи иттилои расмӣ, марзи миёни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 12 адади он дар вилояти Суғд мебошад.

То аввали соли равон танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии “Дӯстӣ” дар ноҳияи Турсунзодаи ҷануби Тоҷикистон ва “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳи шимоли кишвар боз буд. Гузаргоҳҳои дигарро ҳудуди 10 сол пеш баста буданд.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Аҳмадҷон Бобоев, сардори Шӯъбаи ташкили назорати гумрукӣ дар раёсати мазкур, узви комиссияи вижаи муштараки марзии Тоҷикистону Узбекистон аст. Ӯ рӯзи 22-юми феврал гуфт, дар асоси протоколҳои ба имзорасида ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки гузаргоҳҳои гумрукии "Равот" дар Конибодом, "Ӯротеппа" дар Истаравшан, "ДЭУ - 58", "Зомин"-и Зафаробод ва "Навбунёд"-и Аштро аз нав барқарор карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Бобоев гуфт, "имрӯзҳо бо пешниҳоди гурӯҳи кории комиссияи муштараки марзӣ раёсати гумрук дар ҳама дидбонгоҳҳо вагончаҳо гузошта шуда, хатҳои барқу об мекашанд. Барои муоинаи мусофирон, фароғати модарони соҳиби кӯдак, назорати гумрукӣ, сарҳадӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ тамоми шароитро муҳайё мекунем."

Гузаргоҳи Патар
Гузаргоҳи Патар

Қабл аз ин, дар оғози моҳи ҷорӣ, гузаргоҳҳои марзии "Патар – Андархон" байни ноҳияҳои Конибодому Бешариқ ва "Сарбанд" байни ноҳияи Спитамену Бекобод пурра боз гардиданд. Сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ ҳақ пайдо карданд, ки аз ин гузаргоҳҳо барои 5 шабонарӯз ва то дурии 30 километр ба минтақаҳои якдигар бидуни дарёфти виза ва барқияву даъватнома сафар кунанд.

Рӯзи 18-уми феврали имсол девори байни гузаргоҳҳои марзии "Саразм – Ҷартеппа" воқеъ дар канори ноҳияи Панҷакент, ки мардум “Девори Каримов” меноманд, вайрон карда шуд. Ҳамчунин, роҳи оҳани Амузанг-Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, ки 8 сол боз баста буд, барои ҳаракати қаторҳо омода мешавад.

Нармтар шудани робитаҳои байни Тоҷикистону Узбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 шурӯъ шуд. Гузаргоҳҳои марзии байни ин кишварҳо зоҳиран бо сафари ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи март шурӯъ мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG