Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали амрикоӣ: "Тоҷикистон шарики калидии ИМА дар минтақа аст"


Ҷозеф Вотел

Генерал Ҷозеф Вотел – фармондеҳи нирӯҳои марказии Амрико – дар як гузориши худ Тоҷикистонро бо назардошти марзи беш аз 1400-километриаш бо Афғонистон "шарики калидии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа" хондааст. Ин гузориш “Эрон ва терроризм: чолишҳои амниятӣ дар Ховари Миёна” ном дошта, рӯзи 7-уми марти имсол нашр шуд.

Вобастагӣ аз ёриҳои хориҷӣ ва пули муҳоҷирон

Ба иттилои мо, шумори ҷангҷӯён аз ҳисоби онҳое, ки дар Ироқу Сурия таҷриба гирифтаанд, бештар мешавад
Замир Кобулов

Вотел дар ин гузориш гуфтааст, равобити Тоҷикистону Амрико мусбатанд, аммо Русия ба таври афзоянда ба нуфузи ИМА зарба зада, дар мавриди вазъияти Афғонистон ва минтақа хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунад.

Ба қавли Вотел, ҳукумати Тоҷикистон аз кумакҳои молии хориҷӣ ва маблағҳои муҳоҷирони кориаш сахт вобаста аст ва ин омил нуфузи Маскавро дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд нигоҳ медорад. Генерали амрикоӣ гуфтааст, нерӯҳои ҳарбии Тоҷикистон ба қадри кофӣ бо маблағ ва муҳимоти ҷангӣ таъмин нестанд.

Солҳои охир Амрико ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон кумак мекунад
Солҳои охир Амрико ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон кумак мекунад

"Ба мубориза зидди маводи мухаддир ва терроризм идома медиҳем"

Бинобар ин, Ҷозеф Вотел гуфтааст, Фармондеҳии нерӯҳои марказии Амрико равобити хешро бо Тоҷикистон дар амри мубориза бо терроризм, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амният дар марзҳо идома медиҳад.

Замир Кобулов
Замир Кобулов

Ба гуфтаи Вотел, тақвияти ҳифзи марзи Тоҷикистон барои коҳиш додани тиҷорати маводи мухаддир, ки сарчашмаи даромади ҳаракати “Толибон” асту минтақаро ноамн мекунад, бисёр муҳим аст.

Русия дар ин авохир борҳо дар мавриди вазъияти Афғонистон маълумотеро пахш кард, ки баъдан аз сӯи мақомҳои расмии ин кишвар рад шуданд. Аз ҷумла, ду моҳ қабл Замир Кобулов, раҳбари департаменти Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, шумораи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Афғонистон то ба 10 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Ӯ ҳамзамон аз чархболҳои бе тамғаву рақам гуфт, ки гӯё ҷангҷӯёнро ба минтақаҳои шимол, наздики марзи Тоҷикистон ва Турманистон, интиқол медиҳанд.

Асабонияти Маскав аз чист?

“Ба иттилои мо, шумори ҷангҷӯён аз ҳисоби онҳое, ки дар Ироқу Сурия таҷриба гирифтаанд, бештар мешавад. Ҷангҷӯёни ДИИШ аксаран дар шимоли Афғонистон – наздикии марз бо Туркманистон ва Тоҷикистон – ҷамъ меоянд. Нигаронии мо бештар аз Ҷузҷон ва Сари Пул аст, ки ахиран дар онҷо миёни ҷангҷӯён шаҳрвандони Алҷазоир ва Фаронса мушоҳида шуданд”, - гуфта буд Кобулов.

Сергей Лавров
Сергей Лавров

Аммо билофосила Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, ин иддаои Кобуловро рад карда, гуфт, “шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ҳазорон не, балки садҳо тан мебошад.

Аз соҳибистиқлол гаштани кишварҳои Осиёи Миёна беш аз чаҳоряк аср сипарӣ мешавад, аммо Маскав ҳанӯз Осиёи Миёнаро минтақаи зери нуфузи худ шуморида, пинҳон намедорад, ки аз ҳар гуна равобити ин кишварҳо бо абарқудратҳои дигар асабонӣ мешавад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, моҳи январи имсол зимни як баёнияи матбуотӣ аз ҷумла гуфт, ИМА набояд аз ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна дар чаҳорчӯби гурӯҳи С5+1 сӯистифода кунад. Лавров гуфт, ба онҳо гузоришҳое дар бораи қасди Амрико барои суистифода аз C5+1 мерасанд, ки дар гузашта тарҳи Осиёи Миёнаи Бузург номида мешуд.

Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон шомили ин гуруҳ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG