Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон роҳи нави мубориза бо терроризмро пешниҳод кард. САДО


Тоҷикистон стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро тасвиб карда, мавриди иҷро қарор дод. Бори аввал дар як санади расмӣ ҳимояи ҳуқуқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии сокинон роҳи ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ маънидод шудааст.

Давлати Тоҷикистон эълон кард, ки феълан беш аз як ҳазор шаҳрванди кишвар, умдатан ҷавонон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Стратегияи миллии мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, ки тӯли як соли ахир аз таҳияи он хабарҳо пахш мешуданд, моҳи гузашта тасвиб гардид. Он аз чаҳор бобу 126 модда иборат аст ва таҳиягарон талош кардаанд, ба кулли роҳҳои мубориза бо ин ду зуҳурот таъкид кунанд. Ин санад таъмини ҳуқуқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро роҳи ҷилавгирӣ аз терроризм ва тундгароӣ муайян кардааст.

Мавлуд Қаландарзода
Мавлуд Қаландарзода

Ин санад дар ҳоле қабул шуд, ки Тоҷикистон бо марзҳои тӯлонӣ бо Афғонистон, бӯҳрони иқтисодии тӯлонӣ, набуди ҷойи кор, дарзи чашмгири байни фақиру доро, фасодкорӣ, непатизм ва афзоиши ноумедии шаҳрвандон ба зиндагии беҳтар дар ростои ифротгароӣ ва терроризм заъфпазир эътироф мешавад. Бахши умдаи беш аз 1000 шаҳрванди кишвар, ки дар солҳои ахир ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари ифротгаро пайвастаанд, бошандагони манотиқи аз ҷиҳати иқтисодӣ заифи Тоҷикистон ҳастанд.

Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ таҳия шуда, аммо татбиқи он бештар ба тавонмандиҳои кишвар барои таъмини зиндагии беҳтари мардум ва иродаи сиёсӣ барои ҳимояи ҳуқуқи сиёсиву иҷтимоии онҳо рабт мегирад.

Дар заминаи мубориза бо терроризм Тоҷикистон маъракаи густардаи таблиғотро ду соли пеш оғоз кард ва то ҷойе тавонист аз мавҷи ҳамоиши шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои тундрав ҷилавгирӣ кунад. Аммо аксари коршиносони соҳаи амният мегӯянд, ин иқдом дар кӯтоҳмуддат муассир мешавад ва барои дарозмуддат бояд омилҳое, ки роҳро барои терроризм ва ифротгароӣ ҳамвор мекунанд, аз байн бурда шаванд.

Назари вакили порлумон

Мавлуда Қаландарзода, муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар порлумон, рӯзи 26 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин барнома гуфт, стратегия тақвияти корҳои фаҳмондадиҳии хатарҳои ифротгароӣ ва терроризм барои сокинон, наҳваи мубориза бо он, ҳалли мушкили иқтисодӣ дар ҳаёти ҷавонон ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар кишварро дар назар дорад. Ин барномаро ҳукумати Тоҷикистон таҳия карда, иҷрои он ба Додситонии кулл вогузор шудааст.

Дар посух ба ин суол, ки оё ин барнома иҷрошаванда аст, Қодирзода гуфт, «барнома тасвиб шудааст ва иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Дар ин стратегия ниҳодҳои дахлдор барои иҷрои он мушаххас шудаанд.»

Натиҷаҳои аввалия ба зудӣ эълон мешавад

Муҳаммадризо Халифазода
Муҳаммадризо Халифазода

Муҳаммадризо Халифазода, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло марҳилаи аввали иҷрои ин барнома оғоз шуда, асосан корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ сурат мегиранд. Ӯ гуфт, дар моҳи аввали соли нави милодӣ Додситонии кулл натиҷаҳои аввалияи иҷрои ин санадро дастраси умум мекунад.

Халифазода афзуд, аз байн бурдани заминаҳои ақидаҳои ифротгароӣ ва террористӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии Интернет ва таҳияи ғояи миллӣ аз ҷузъиёти дигари ин санад будааст. Корҳои таблиғотии зидди ифротгароӣ ва террористӣ дар миёни зиндониён, маъмурони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муҳоҷирон аз нуктаҳои муҳими дигари ин санад дониста шудааст. ​

На маҳал, на...

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, рӯзи 26 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маъмулан барномае агар тасвиб шуд, он бо ҳар роҳе иҷро мешавад. Аммо ба назари ин коршинос муҳимтар аз ҳама аз байн бурдани омилҳои такондиҳандаи ин ду мушкилоти амниятӣ аст.

«Дар барнома ба ҳалли масоили озодиҳои сиёсиву танзими фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ таъкид шудааст. Аммо, ба назари ман, пеш аз ҳама бояд масоили иҷтимоӣ ва дастрасии ҳамаи сокинон ба кор ҳал карда шавад. Яъне, новобаста аз маҳал ва намояндаи кадом қишри ҷомеа будан, инсон бояд шароити қабул ба кор ва хидмат дар сафи болоии ҳоқимият дастрасӣ дошта бошад», - афзуд ӯ.

"Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад"

Татбиқи барномае, ки решаҳояш ба ҳалли мушкили молӣ рабт мегиранд, барои Тоҷикистони гирифтори бӯҳрони иқтисодиву энержӣ кори осоне нест ва кишвар наметавонад ин барномаи густардаро дар танҳоӣ амалӣ кунад. Кишвар дар чандин созмони иқтисодиву амниятие, ки дар қаламрави Шӯравии собиқ бунёд шудаанд, аъзо аст, аммо гумон намеравад, ки кумаки молии онҳо дар амалӣ шудани стратегияи зидди терроризм ва ифротгароии Тоҷикистон муассир бошад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, гуфт, дарки ин мушкил ва тасвиби барномаи вижа аз сӯи давлат худ баёнгари ҳассосияти ин мавзӯъст. Ӯ гуфт «ба ин назарам, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ тавонист ба ҳукумати кишвар аҳамияти хатарбор будани ин мавзӯъро бирасонад ва бо мусоидати созмонҳои байналмиллӣ ва дохилӣ ин мавзӯъ дар меҳвари таваҷҷӯҳи давлат қарор гирифт. Мӯътақидам, ки иҷрои ин барнома танҳо дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ёрии созмонҳои байналмилалӣ имконпазир хоҳад буд. Зеро иҷрои чунин барнома ба маблағи изофӣ ва мутахассисон ниёз дорад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин ҳардуро дар ихтиёр надорад.»

Беш аз 1000 нафар дар ДИИШ

Дар ду соли ахир пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ аз мавзӯъҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешуд. Давлати Тоҷикистон эълон кард, ки феълан беш аз як ҳазор шаҳрванди кишвар, умдатан ҷавонон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон ширкат мекунанд. Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки ин ҷавонон асосан ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ба сафи ин созмонҳо пайвастаанд. Аммо аксари коршиносон мегӯянд, донаи аввали ифротгароӣ дар зеҳни ҷавонон аз шароити бади иқтисодӣ дар кишвар нумӯъ мегирад ва дар хориҷ аз бо наздик шудан ба гумоштаҳои гурӯҳҳои тундрав шоха медавонад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG