Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз долони нақлиётӣ-транзитии Чобаҳор пуштибонӣ кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки кишвараш аз долони байналмилалии нақлиётии "Шимол-Ҷануб" ва долони нақлиётиву транзитии "Чобаҳор" дар Эрон, пуштибонӣ мекунад. Ин долонҳои нақлиётӣ Ҳиндро бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия, пайванд намуда, мӯҳлати ҳамлу нақл ва арзиши интиқоли молу коло миёни кишварҳои ин ҳавзаро коҳиш медиҳад.

Ба навиштаи расонаҳои ҳиндӣ, Нарендра Модӣ, нахуствазири он кишвар низ рӯзи 17 декабр пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар Деҳлӣ умедворӣ

Бо барқарории долони ҳамлу нақл ва транзити Чобаҳор дар Эрон, Тоҷикистон бо обҳои гарм ва бозори бузурги Ҳинд роҳ пайдо мекунад.

кардааст, ки пас аз такмили бандари Чобаҳор дар Эрон, кишвараш ба зудӣ робитаҳои тиҷоратии худро бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна рушд хоҳад дод. Вай гуфтааст, ки аз тариқи ин бандар, Ҳинд бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна дар бахши тиҷорат ва транзит ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ба навиштаи ин расонаҳо, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз созиш миёни Эрон, Ҳинд ва Афғонистон дар бораи барқарории долони ҳамлу нақл ва транзити Чобаҳор истиқбол карда ва гуфтааст, ки ин тарҳ сабаб хоҳад шуд, ки Тоҷикистон бо обҳои гарм ва бозори бузурги Ҳинд роҳ пайдо кунад.

Мулоқоти руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳинд.
Мулоқоти руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳинд.

Долон ва ё ба истилоҳ коридори нақлиётии Шимол-Ҷануб, шабакаи шоҳроҳҳое хоҳад буд, ки қарор аст, аз Мумбайи Ҳинд то Санкт Петербурги Русия доман паҳн кунад ва интиқоли молро миёни кишварҳои урупоӣ ва осиёи ҷанубу шарқӣ, осон гардонад. Ин тарҳ, ки ҳанӯз дар соли 1960 аз тарафи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милал пешниҳод шудааст, ҳадаф дорад, равобити тиҷоратиро миёни даҳҳо мамлакат густариш ва нархи интиқоли мавод ва сафари одамонро ба маротиб коҳиш диҳад.

Аммо бандари Чобаҳор дар Эрон рақиби бандари Гвадари Покистон хоҳад буд, ки Чин сохтааст. Чин ҳам рақиби Ҳиндустон дар минтақа мебошад. Деҳлӣ қаблан ваъда дода буд, ки барои таъмири муассисаҳо дар бандари Чобаҳор ва сохтмони 220 километр роҳ аз Афғонистон ба ин бандар, 200 миллион доллар медиҳад.

Покистон интиқоли молу колои Ҳинд тариқи қаламрави худ ба Осиёи Миёнаро иҷозат намедиҳад ва танҳо бар асоси созиши Кобулу Исломобод, тоҷирони афғон метавонанд, ки молу колои худро тариқи қаламрави Покистон ба Ҳинд интиқол диҳанд ва тоҷирони покистонӣ ҳам ҳаққи транзити бор ба Осиёи Миёна тариқи хоки Афғонистонро доранд.

Бандари Чобаҳор дар Эрон, рақиби бандари Гвадари Покистон хоҳад буд, ки Чин сохтааст. Чин ҳам рақиби Ҳиндустон дар минтақа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар Ҳинд қарор дорад, рӯзи 17 декабр пас аз мулоқоташ бо нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон аз сармоягузорони ҳиндӣ истиқбол мекунад ва кишвараш омода аст, ки мизбони сармояи кишвари Ҳинд аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бошад.

Аз сӯи дигар, нахуствазири Ҳинд Тоҷикистонро "дӯсти боарзиш ва шарики стратегӣ" хонда ва гуфтааст, ки ду кишвар бо таҳдидҳои амниятӣ рӯбарӯ ҳастанд ва аз ин рӯ тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориҳои худро дар мубориза бо терроризм ва экстремизм дар минтақа тариқи мубодилаи маълумот миёни ниҳодҳои амниятии ду кишвар, тақвият бахшанд.

Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини президенти Ҳинд Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини президенти Ҳинд Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд дар ҳоле сурат гирифт, ки нахуствазири он кишвар Нарендра Модӣ дар моҳи июни соли 2015 аз Душанбе боздид намуда буд.

Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба иловаи гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик, аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" боздид кард. Ин фурудгоҳ соли 2007 бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд бозсозӣ ва бо навтарин техника муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳамчунин Ҳинд дар Тоҷикистон як бемористони низомиро барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бунёд кардааст. Ин бемористони сеқабата, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистон марбут ба пойгоҳи ҳавоии Фархори вилояти Хатлон буд. Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд - фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи шимоли Афғонистон қарор дошт ва

Бинои сафорати Ҳинд дар Душанбе.
Бинои сафорати Ҳинд дар Душанбе.

Ҳиндустон ба ҳайси яке аз кишварҳои ҳампаймони ин Эътилоф дар Фархор як бемористони низомӣ ҳам дошт, ки дар он сарбозони захмии Аҳмадшоҳи Масъудро муолиҷа мекарданд. Худи раҳбари муҷоҳидони Афғонистон баъд аз сӯиқасди соли 2001 низ маҳз ба ҳамин бемористони Фархор оварда шуд ва дар ҳаминҷо ҷон дод. Баъди суқути режими Толибон зарурати ҳифзи пойгоҳи Фархор аз байн рафт.

Аммо дар канори ҳамкориҳои низомӣ, Ҳинд равобити иқтисодӣ ва тиҷоратиашро низ бо Тоҷикистон густаришу тақвият бахшидааст. Ин аст, ки ин кишвар тӯли солҳои 2007–2014 ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи 25 миллион доллар сармоя ворид кард, ки ҳудуди 19 миллиони он сармояи хориҷӣ ва бақия қарз аст. Дар муддати ду даҳаи ахир миёни Тоҷикистон ва Ҳинд беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 50 корхонаи муштарак бо сармояи Ҳинд фаъол аст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG