Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Энержӣ, дифоъ ва амният -- ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳинд


Тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, амният ва дифоъ аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи мақомоти Ҳинду Тоҷикистон хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда дар раъси як ҳайати баландпоя ва бо сафари давлатӣ, озими Ҳинд мешавад.

Тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, амният ва дифоъ аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтугӯи мақомоти Ҳинду Тоҷикистон хоҳад буд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи оянда дар раъси як ҳайати баландпоя ва бо сафари давлатӣ, озими Ҳинд мешавад.

Расонаҳои ҳиндӣ бо такяи ба манобеи худ вазорати умури хориҷии он кишвар навиштанд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон рӯзи 14 декабр оғоз мешавад ва то 18 декабр идома хоҳанд кард. Ин шашумин сафари президенти Тоҷикистон ба Ҳиндустон хоҳад буд. Оқои Раҳмон бори ахир дар соли 2012 ба ин кишвар сафар карда буд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд Мирзошариф Ҷалолов низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карда ва гуфт, ки ин сафари давлатӣ хоҳад буд. Вай равобити Тоҷикистон бо Ҳиндро хуб арзёбӣ кард ва афзуд, ки "мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин муносибатҳо боз ҳам тавсеа пайдо кунад". Ҷаноби Ҷалолов умедворӣ кард, ки сафари қарубулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳинд ба муносибатҳои ҳар ду кишвар такони тоза бахшад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори ахир дар соли 2012 ба Ҳинд сафар карда буд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори ахир дар соли 2012 ба Ҳинд сафар карда буд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷии Ҳиндустон бо нашри иттилоия гуфтааст, ки дар ин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, беҳдоштӣ, рушди манобеи башарӣ, дифоъ, мубориза бо терроризм, илму технология, фарҳанг ва сайёҳӣ гуфтугӯҳо сурат хоҳад гирифт. Ба иттилои манбаъ, президенти Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафар ба иёлати Керала рӯзи 16 декабр вориди Деҳлӣ мешавад ва қарор аст рӯзи 17 декабр бо раиси ҷумҳури он кишвар Пранаб Мухерҷе ва нахуствазир Нарендра Модӣ мулоқоту гуфтугӯ намояд.

Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳинд дар ҳоле сурат мегирад, ки нахуствазири он кишвар Нарендра Модӣ дар моҳи июни соли 2015 аз Душанбе боздид намуда буд. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба иловаи гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик, аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" боздид кард. Ин фурудгоҳ соли 2007 бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд бозсозӣ ва бо навтарин техника муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳамчунин Ҳинд дар Тоҷикистон як бемористони низомиро барои 50 кат дар ҳудуди қисми низомии 07017-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон бунёд кардааст. Ин бемористони сеқабата, дар октябри соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ дар тобистони соли гузашта аз Тоҷиистон боздид намуда буд.
Нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ дар тобистони соли гузашта аз Тоҷиистон боздид намуда буд.

Тарҳи дигари Ҳинд дар Тоҷикистон марбут ба пойгоҳи ҳавоии Фархори вилояти Хатлон буд. Дар солҳои муқовимат алайҳи Толибон, пойгоҳи ҳавоии Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд - фармондеҳи нерӯҳои Эътилофи шимоли Афғонистон қарор дошт ва Ҳиндустон ба ҳайси яке аз кишварҳои ҳампаймони ин Эътилоф дар Фархор як бемористони низомӣ ҳам дошт, ки дар он сарбозони захмии Аҳмадшоҳи Масъудро муолиҷа мекарданд. Худи раҳбари муҷоҳидони Афғонистон баъд аз сӯиқасди соли 2001 низ маҳз ба ҳамин бемористони Фархор оварда шуд ва дар ҳаминҷо ҷон дод. Баъди суқути режими Толибон зарурати ҳифзи пойгоҳи Фархор аз байн рафт.

Аммо дар канори ҳамкориҳои низомӣ, Ҳинд равобити иқтисодӣ ва тиҷоратиашро низ бо Тоҷикистон густаришу тақвият бахшидааст. Ин аст, ки ин кишвар тӯли солҳои 2007–2014 ба иқтисоди Тоҷикистон маблағи 25 миллион доллар сармоя ворид кард, ки ҳудуди 19 миллиони он сармояи хориҷӣ ва бақия қарз аст. Дар муддати ду даҳаи ахир миёни Тоҷикистон ва Ҳинд беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 50 корхонаи муштарак бо сармояи Ҳинд фаъол аст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG