Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими таътил сар шуд. Бачаҳо куҷо раванд? ВИДЕО


Яке аз лагерҳои истироҳатӣ

Дар Тоҷикистон  аз 15-уми июн  таътили тобистонаи муҳассилин шурӯъ шуд. Баъди таҳсили ҳаштмоҳа истироҳат орзуи ҳар наврас аст.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки масъули назорат аз лагерҳои истироҳатии наврасону кӯдакон аст, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бисёре аз лагерҳо барои қабули наврасон омода нестанд. Қурбоналӣ Раҳимов, намояндаи иттифоқ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Биноҳо фарсуда аст, майдончаҳои варзишӣ ба стандартҳо ҷавобгӯ нест.”

Дар Тоҷикистон 55 лагери кӯдакона мавҷуд аст ва ба гуфтаи мақомот, шумори ками онҳо барои истиқболи кӯдакон омодаанд. Нигора Назарзода, муовини раиси Иттифоқҳои касаба мегӯяд: “Лагери "Шоҳин" дар вилояти Суғд, "Ширкент" дар шаҳри Турсунзода ва "Файзи истиқлол", ки ба Иттифоқҳои маорифи касаба тааллуқ дорад, омодаанд.”

Нигаронӣ аз аҳволи лагерҳои наврасон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Радиои Озодӣ ба яке аз лагерҳо рафт, ки онҷо театри тобистона ба анбори алаф табдил ёфтааст. Иттифоқҳои касаба вазъи онҳоро таҳқиқ мекунад. Қурбоналӣ Раҳимов дар ин бора гуфт: “Воқеан мо як гурӯҳи корӣ аз намояндагони кумитаҳои соҳавӣ вазъи мавсими тобистона дар шаҳру ноҳияҳоро таҳлил кардем. Вазъ дар минтақаи Рашту Хатлон бисёр нигаронкунанда аст”.

Вазъи бархе аз истироҳатгоҳҳои кӯдакона беҳтар ба назар мерасад. Масъулини ин истироҳатгоҳҳо мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки волидайн аз кору шароити кӯдакон назорат мебаранд, масъулияти онҳоро бештар кардааст. Тоҷиниссо Саъдиева, масъули истироҳатгоҳи “Файзи истиқлол” мегӯяд: Аввал ҳама ҷоро мебинанд, агар ба талабот ҷавоб диҳад, фарзандашонро меоранд. Мо ҳам ҳарсол кӯшиш мекунем, ки ҳар сол навигарӣ кунем, ки ба падару модар маъқул шавад.

Масъулин мегӯянд, солҳои ахир дубора майли волидон барои истироҳати кӯдакон дар истироҳатгоҳҳо афзудааст ва аксарият мехоҳанд, фарзандонашон дар шароити хуб истироҳат кунанд. Аз миёни садҳо ҳазор муҳассиле, ки умдатан ҳазорон нафар имкони истироҳат пайдо мекунанд, бақия ва садҳо ҳазор кӯдаки тоҷик дигар тобистони гармро дар хона, дар кӯча, ё бо кӯмак ба волидонашон дар саҳро пушти сар мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG