Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи апрелиро дар Тоҷикистон сокинон "файзбор" намедонанд. ВИДЕО


Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар рӯзи 18-уми апрел.

Деҳқонони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) аз гарм омадани зимистони имсола ғамгин буданд, ки аз киштзорҳои ғалладонаашон ҳосили хуб намегиранд. Барфи ду рӯзи ахир онҳоро ғамгинтар кард. Деҳқонони ноҳия, ки ҳар сол аз боғҳояшон даҳҳо тонна себу нок, зардолуву олуболу ҳосил мегирифтанд, метарсанд, ки имсол чизе намегиранд.

Барфи апрелиро дар Тоҷикистон сокинон "файзбор" намедонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Мурод Сатторов, сокини деҳаи Дараи оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо боридани барф дар нимаи моҳи апрелро даҳсолаҳо дар ёд надоштанд. Ӯ афзуд, ҳар сол зимистон барф дошту, баҳор борон, вале имсол дигар буд.

Муғчаҳои осебпазир дар баробари барф
Муғчаҳои осебпазир дар баробари барф

“Ҳар сол барф бисёр буд, имсол барф қариб наборид ва ягон кас умед надошт, ки барф меборад. Бисёри ғаладонагиҳо дуруст насабзид. Аллакай барфи дурӯза ба себ, нахӯд, нок, гелос ва зардору зарар расонд” - гуфт мусоҳиби мо.

Мурод Сатторов дар идомаи суҳбат гуфт, ки як гектар боғ дорад ва ҳар сол танҳо 4-5 тонна себ мегирифт. Ӯ мегӯяд, ки соле агар хуб меомад, то 10 тонна себ ҷамъ меоварданд, аммо имсол Худо медонад, ки тақдири боғаш чӣ мешавад.

Сокинони дигари деҳа мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам умед доранд, ки барф ба муғчаҳо осеб нарасонад. Ба гуфтаи онҳо, агар ҳарорат шабона поинтар равад, дигар аз боғҳо умедашонро мекананд.

Абдуғаффор Юсупов сокини Дараи об гуфт, агар барф зуд об шаваду ҳарорат боло равад, гулу муғчаҳоро сармо намезанад ва боғҳо эмин мемонанд. Вале имсол ба қавли ӯ, дарахтон ҳама бедор шудаанд ва хатари сармо задани онҳо зиёдтар аст:

“Имсол, ки зимистон нашуд, дарахтон барвақт бедор шуданд. Дигар ҳамачиро аз Худо мебинем. Дар сурати сард шудани ҳаво дигар аз ҳосил умед намемонад”

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ҷануби Тоҷикистон аз дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб бо ҳавои сардаш фарқ мекунад. Дар ноҳия ҳар сол то охирҳои апрел барф мушоҳида мешавад ва сокинон ба фарқ аз минтақаҳо ҳосилро дертар ва моҳҳои август ҷамъоварӣ мекарданд.

Мурод Сатторов, дигар умедашро аз ҳосили зардолу канд, чун ғӯраҳои зардолуи боғаш сармо хӯрда сиёҳ шудаанд ва дигар аз он ҳосил гирифта намешавад.

Барф рӯзи 18-уми апрел на танҳо дар ҷануби Тоҷикистон, балки дар ноҳияи Варзоб ва Рашт ва умдатан ноҳияҳои кӯҳистонӣ борид. Ҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ карда буданд, ки ҳарорат дар рӯзҳои 18-ум то 19-уми апрел дар саросари кишвар поин омада ва дар ноҳияҳое, ки дар баландии 2500 метр болотар аз сатҳи баҳр қарор доранд, барф меборад.

Ҳавошиносон мегӯянд, ҳавои сарди атлантикӣ, ки якбора ба Тоҷикистон омад, ҳароратро дар кишвар поин бурд ва мумкин аст, ҳаво баъди 20-уми апрел гармтар шавад.

Дар Тоҷикистон, ки кишоварзӣ як бахши муҳими иқтисод ва манбаи даромади мардуми зиёде дар деҳоти кишвар аст, тағйири фавқуллодаи ҳарорат сабаби зиён дидани зироати мардум ва ҳамингуна кам шудани даромади онҳо мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар коҳиши таъсири тағйири иқлим ба иқтисоди Тоҷикистон кӯмак мекунад, гуфтааст, аз соли 1992 то соли 2016 фалокатҳои табиӣ ба Тоҷикистон дар умум 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ зиён расонидаанд ва тақрибан 7 миллион нафар таъсири манфии ин тамоюлҳои ғайриоддии табиӣ ва фалокатҳоро эҳсос кардаанд.

ГАР ШУМО ҲАМ АКСУ ВИДЕО АЗ БОРИШИ БАРФ ДОРЕД, ПАС АЗ ТАРИҚИ ВАЙБЕР, ВОТСАПП ВА ИМО БА МО ФИРИСТЕД. БА ИН РАҚАМ +420 724 053 959

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG