Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева дар бораи дидорҳояш бо Раҳмон ва Каримов


Роза Отунбоева
Роза Отунбоева

Раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон дар сӯҳбат бо Озодӣ дар мавриди мушкили иқтисодӣ, амният ва ихтилофи назарҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар масоили марзӣ ибрози назар кардааст.

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон, дар робита ба 6-умин солгарди ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010, ки бар асари он Қурмонбек Боқиев аз раёсат барканор шуда ва низоми он кишвар парлумонӣ гардид, ба бахши қирғизии Озодӣ мусоҳибаи ихтисосӣ додааст. Отунбоева дар ин сӯҳбат дар бораи вазъи феълии сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ, равобити миёни ҳукумату мухолифон ва мушкилоти марзӣ изҳори назар кардааст.

Аз ҷумла, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон пешрафти суст дар ҳалли масоили марзиро аз мушкилоте дар равобити ин кишвар бо Тоҷикистону Узбакистон арзёбӣ кардааст.

Миёни сокинони ноҳияи Исфара ва вилояти Боткенди Қирғизистон зуд-зуд дар атрофи масоили тақсими об, замин ва бунёди роҳ муноқишаҳо рух медиҳад
Миёни сокинони ноҳияи Исфара ва вилояти Боткенди Қирғизистон зуд-зуд дар атрофи масоили тақсими об, замин ва бунёди роҳ муноқишаҳо рух медиҳад

Ӯ гуфтааст: "Дар замони раёсати ҷумҳурӣ ман Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари Тоҷикистонро барои баррасии масоили мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо ба сари мизи музокирот даъват кардам, аммо вай аз музокирот худдорӣ карда ва суҳбатро ба маҷрои дигар мебурд. Мутаассифона, бо Ислом Каримов (раисиҷумҳури Узбакистон) имкони гуфтугӯ душвор аст."

Роза Отунбоева гуфтааст, баъзе одамон мегӯянд, президенти дигар метавонист бо Ислом Каримов мулоқот ва дар заминаи масоили мавриди баҳс тавофуқ кунаду гӯё Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ба ин кор қодир набудааст. Барои ҳалли масоили марзӣ сабру таҳаммул лозим аст, ҳарчанд ин масоил бояд зуд ва бидуни таъхир ҳал шавад.

Ба бовари Отунбоева, мушкилоти мавҷуда мероси замони Иттиҳоди Шӯравӣ буда ва дар муддати 25 соли истиқлол онҳо ҳалли худро наёфтаанд. Ин масоил бояд бо раҳбарони кишварҳои ҳамсоя аз тариқи музокироти дуҷониба баррасӣ ва ҳал шавад.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Генерал Нуралишо Назаров, фармондеҳи собиқи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 7 апрел ба Озодӣ гуфт, дар ҳалли мушкилоти мавриди баҳс миёни кишварҳои ҳамсоя бояд аз усули "гузашт ба якдигар" истифода шавад.

Генерал Назаров гуфт: "Дар замони Шӯравӣ раисони ноҳияҳо заминҳои зиёдро ба қирғизҳо ба иҷора дода буданд. Ҳоло қирғизҳо дар ин замин хона, мактаб ва зерсохторҳои гуногун сохта ва ин минтақаро аз они худ медонанд. Ҳамин тавр, 78 ҳазор ҳектор заминҳои Тоҷикистон ба ихтиёри Қирғизистон гузаштааст. Хусусан, дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд қирғизҳо ба замину манобеи оби Тоҷикистон соҳиб шудаанд. Дар ҳоле ки дар харитаҳо ин манотиқ ҳудуди Тоҷикистон аст. Аз ин лиҳоз, ҳалли масоили марзӣ хеле душвор аст. Агар ҷонибҳо ба ҳамдигар гузашт накунанд, ҳалли ин мушкил тақрибан номумкин аст."

Ба иллати мушкилоти тақсими манобеи об, замин ва бунёди роҳ дар манотиқи баҳснок борҳо дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон миёни сокинони ду ҷониби марз низоъ, муноқиша ва задухӯрд рух додаааст.

Масалан, дар соли гузашта дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 10 ҳодисаи муноқиша рух дода, Боборизо Ризоев, сокини 18-солаи ноҳияи Исфара кушта шуд. Ба ҳар сурат теъдоди муноқишаҳо дар ин сол дар муқоиса ба соли 2014 камтар будааст. Дар соли 2014 дар манотиқи марзӣ 30 муноқиша сабт шуда, бар асари тирпарронӣ с ешаҳрванди Тоҷикистон бо шумули як афсари марзбон кушта шуда ва аз ҳар ду тараф ҳудуди 30 нафар захмӣ шуда буданд.

Тоҷикистону Қирғизистон 971 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин ҳисоб 520 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин сӯ дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон ба кундӣ пеш мераванд.

Алмосбек Отамбоев ба ҳалли сареъи масоили марзӣ бо Тоҷикистон хушбин аст
Алмосбек Отамбоев ба ҳалли сареъи масоили марзӣ бо Тоҷикистон хушбин аст

Аз ин пеш Тоҷикистону Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки бархӯрд ба муқаррарсозии марзи давлатиро тағйир диҳанд ва на рӯи харитаҳои қадима, балки рӯи Эъломияи Алмаато тамаркӯз кунанд. Бар пояи ин Эъломия, ки соли 1991 қабул шуда буд, ҳангоми муқаррарсозии хатти марз байни кишварҳои шӯравии собиқ ҳар ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби марзҳои ҳангоми дарёфти истиқлол будааш боқӣ мемонад. Пешбинӣ мешуд, ки мавзӯи қаламрави баҳсталаб алоҳида баррасӣ мешавад ва ин мавзеъҳо ё табодул карда мешаванд ё дар мавриди онҳо тасмими дигар гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 24 март ибрози умедворӣ кард, ки масоили мушаххассозӣ ва аломатгузории марзаш бо Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд. Қарор аст, Отамбоев дар оғози моҳи май бо як сафар ба Тоҷикистон биёяд ва эҳтимол мавзӯи марз низ дар сӯҳбати ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ бишавад.

XS
SM
MD
LG