Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: "Бо рафтани президент умри сиёсии ӯ ба охир намерасад"


Роза Отунбоева
Роза Отунбоева

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ собиқ президенти Қирғизистон дар бораи мушкилоти сиёсӣ, ифротгароӣ ва нақши Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ сӯҳбат кард.

Роза Отунбоева, нахустин раиси ҷумҳурии зан дар қаламрави Осиёи Марказӣ муддати якуним сол – аз моҳи маи соли 2010 то декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд. Моҳе пеш аз нишастан ба ин курсӣ, Отунбоева ва тарафдоронаш зидди сиёсати ғайридемократии президент Қурмонбек Боқиев инқилоб карда, ӯро водор намуданд курсиро тарк кунад. Баъди анҷоми рисолати президентии худ, бар тибқи тақозои қонун, Отунбоева аз мақомаш рафт ва ба ҷои ӯ дар курсии аввал дар ин кишвар президенти интихобшуда Алмосбек Отамбоев нишаст. Отунбоева нахустин хонуме буд, ки ба курсии президентӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ нишаст ва ҳам нафари бесобиқае буд, ки дар мӯҳлати аз рӯи қонун муайяншуда аз мақомаш канор рафт.

Ҳоло ин сиёсатмадори 65-сола раҳбарии Бунёди «Ташаббуси Роза Отунбоева»-ро ба ӯҳда дорад, ки бар сари мушкилоти иҷтимоии ҷомеа – кӯдакону занон тамаркуз кардааст. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ, Отунбоева гуфт, ҳеҷ гоҳ дар фикри тамдиди ваколат ва мӯҳлати раҳбариаш дар курсии президентӣ набуд ва ҳоло ҳам ният надорад, ки ба қудрат баргардад. Вай мегӯяд, ҳар сиёсатмадор бояд мӯҳлати рафтани худро бидонад ва агар мехоҳад ба мардум бештар хизмат кунад, метавонад ба унвони сиёсатмадор дар мақомҳои дигар барои миллаташ хизмат кунад. Роза Отунбоева ба саволҳои радиои Озодӣ дар бораи масоили минтақавӣ посух дод.

Роза Отунбоева: «Бо рафтани президент умри сиёсии ӯ ба охир намерасад»
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:54 0:00

XS
SM
MD
LG