Пайвандҳои дастрасӣ

"Таъмини амният дар Тоҷикистон набояд бо нақзи ҳуқуқ сурат гирад"


Генерал Абдуғаффор Азизов, раҳбари бахши тоҷикистонии пулиси байналмилалии “Интерпол”, дар матлабе аз баъзе кишварҳои аврупоӣ гила кардааст, ки “сиёсати духӯраро пеш гирифта”, дар боздошти “ҷинояткорон ва террористону ифротгароҳо талош ба харҷ намедиҳанд”. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Тоҷикистон бисёр афродро ба хотири мавқеи сиёсӣ ва ақидаи динӣ таҳти пайгард қарор додааст, ки мухолиф бо оинномаи “Интерпол” аст.

Мо далелҳои раднашавандае дорем, ки Тоҷикистон аз механизми Интерпол сӯистифода мекунад. Яъне, Тоҷикистон одамонро барои мавқеи сиёсӣ ва боварҳои диниашон тавассути Интерпол мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор медиҳад.

Абдуғаффор Азизов рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, дар ҳоли ҳозир 2528 шаҳрванди кишвар таҳти пайгарди пулиси байналмилалӣ ҳастанд. Ӯ гуфтааст, “ин афрод барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ ва терроризму ифротгароӣ” муттаҳаманд.

Аммо Азизов бо таассуф гуфтааст, баъзе аъзои “ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба ҷинояткорону террористон минбар медиҳанд”. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, “мувофиқи моддаи 31-уми оинномаи “Интерпол”, давлатҳое, ки узви ин ташкилот ҳастанд, бояд кори худро софдилона иҷро намоянд.”

Абдуғаффор Азизов
Абдуғаффор Азизов

Роҳбари идораи “Интерпол”-и Тоҷикистон гуфтааст, барои боздошт ва истирдоди афроди таҳти ҷустуҷӯ бо ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои Аврупо робита доранд ва то ба ҳол ба онҳо муяссар шудааст, 6 узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро боздошт ва ба кишвар истирдод кунанд.

Ба гуфтаи Абдуғаффор Азизов, Мирзораҳим Кузов, як узви ҲНИТ – созмони мамнӯъшуда дар Тоҷикистон низ дар Юнон маҳз бо дархости “Интерпол”-и Тоҷикистон дастгир шуда, масъалаи истирдодаш ба кишвар дар баррасӣ аст.

"Ин масъалаи инфиродии ҳар як кишвар аст, на Иттиҳоди Аврупо"

Ҳидоят Бишчевич, роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо салоҳияти ҷустуҷӯи афродро аз рӯи феҳрасти “Интерпол” дар қалаврави кишварҳои узвашро надорад. Ӯ гуфт, “ҳар як кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар алоҳидагӣ ин масъаларо ҳал мекунанд. Ин масъаларо қонунҳои дохилии ҳар як кишвар танзим мекунад. Масъулон дар Тоҷикистон инро бояд донанд, ки ин масъалаи инфиродии ҳар як кишвар аст, на Иттиҳоди Аврупо”.

Ҳидоят Бишчевич
Ҳидоят Бишчевич

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, Тоҷикистон дар ҳоле аз иҷро нашудани оинномаи ин созмон аз сӯи кишварҳои дигари узв шикоят дорад, ки худ афродеро тариқи ин созмон таҳти пайгард қарор додааст, ки бинобар оинномаи ин созмон набояд таҳти пайгард қарор бигиранд.

Надежда Атаева, роҳбари созмони “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна”, рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо далелҳои раднашавандае дорем, ки Тоҷикистон аз механизми “Интерпол” сӯистифода мекунад. Яъне, Тоҷикистон одамонро барои мавқеи сиёсӣ ва боварҳои диниашон тавассути “Интерпол” мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор медиҳад. Ҳол онки ин нақзи банди дуюм ва сеюми оинномаи Интерпол аст.”

Атаева афзуд, Интерпол дар маҷмӯъ як махзани бузурги иттилоъ аст ва вақте шахси мавриди пайгард дар давлати дигар паноҳандагӣ мегирад, мақомоти муҳоҷирати он давлат дигар ҳақ надоранд, ӯро боздошт ва ба зодгоҳаш истирдод кунанд. Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқи инсон, афроде, ки дар кишваре ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кард, метавонад ба маъмурияти “Интерпол” муроҷиат кунанд ва исми ӯ аз ин феҳраст пок карда шавад.

Надежда Атаева
Надежда Атаева

“Айни замон дар Интерпол ислоҳоте дар ҷараён аст, ки бояд имкони сӯистифода аз механизми он барои боздошту саркӯби дигарандешонро аз сӯи давлатҳои худкома аз байн бубарад”, - афзуд Атаева.

Аммо ба таъкиди ин ҳомии ҳуқуқи инсон, кишварҳои узви ИДМ ё Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой миёни ҳам созишномаи алоҳидаи боздошт ва истирдоди шаҳрвандонро ба имзо расонидаанд ва ин кишварҳо метавонанд афродеро, ки дар дигар кишвар паноҳандагӣ дарёфт кардаанд, ба зодгоҳашон истирдод кунанд.

"Ба ҷойи гилаву исрор бояд роҳи муколамаро пеш бигиранд"

Стив Свердлов, пажӯҳишгари созмони Дидбони ҳуқуқи башар, дар як изҳороташ Интерполро ҳушдор додааст, ки мавриди истифодаи ҳукуматҳои худкома қарор нагирад. Ӯ рӯзи 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ дар робита ба интиқоди Тоҷикистон гуфт, “ҳар як давлат ҳақ дорад, амнияти худро таъмин кунад. Аммо таъмини амният набояд бо поймол шудани ҳуқуқи инсон сурат бигирад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд, паноҳандагӣ бигиранд, воқеан ҳам бояд исбот кунанд, ки онҳо ба хотири мавқеи сиёсӣ ва ақидаи диниашон мавриди пайгард қарор гирифтаанд. Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон бояд андеша кунад, ки чаро дархостҳояш иҷро намешаванд. Ба ҷойи гилаву исрор, масъулони Тоҷикистон бояд роҳи муколамаро бо ин афрод пеш бигиранд”.

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Тоҷикистон айни замон 2582 шаҳрвандашоро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст. Мақомот мегӯянд, 1873 нафари онҳо узви гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳастанд. Генерал Абдуғаффор Азизов гуфтааст, аз ин шумор 35 нафарашон аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошанд.

Пулиси байналмилалии ҷустуҷӯи ҷиноӣ “Интерпол”, ки марказаш дар шаҳри Лиони Фаронса қарор дорад, аз соли 1956 амал мекунад ва айни замон 187 узв дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG