Тибқи гузориши тозаи Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 миллиарду 895 миллион долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ин ин Оҷонсӣ, дар ҳамин давраи соли 2014 ҳаҷми он 4 миллиарду 303 миллион доллар будааст. Ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ дар 9 моҳи соли 2016 назар бар ҳамин давраи соли гузашта 250 миллион доллар ва ё 7,9 дарсад камтар шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон коҳиши мубодилаи тиҷорати хориҷии кишварро бо кам шудани воридоти чӯб, маҳсулоти чӯбӣ, сабзиҷот ва маъданҳо рабт додаанд. Ҳамчунин коҳиши содироти пахта, сангҳои қиматбаҳо, ҳайвоноти зинда ва сабзиҷот ба коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон таъсири манфӣ гузоштааст. Тибқи гузориш, дар ин муддат, Чин ва Русия шарикони асли тиҷорати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мондаанд.
Ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия дар 9 моҳи соли ҷорӣ тақрибан 764 миллион доллар ва бо Чин ҳудуди 700 миллион доллар будааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 9,3 дарсад коҳиш ёфта ва бо Чин 32 дарсад боло рафтааст. Ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон бо Қазоқистон 458 миллион доллар, бо Туркия 224 миллион доллар ва бо Шветсия 104 миллион долларро ташкил додааст.
Аз ин қабл дар моҳи феврали соли ҷорӣ Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2015 назар ба як соли қабл 18 дарсад, ё қариб 950 миллион доллар коҳиш ёфта, 4,3 миллиард долларро ташкил додааст. Оҷонсии омор он замон гуфта буд, ки беш аз 60 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, ё 2,6 миллиардаш танҳо бо се кишвар – Русия (1,1 миллион доллар), Чин (793 миллион доллар) ва Қазоқистон (702 миллион доллар) сурат гирифтааст.
Дига мавзу наёфти Озоди иин як табрикот ба мардум буд ба ягон олими сохаи динна ёфта напурсиден а худи Варшава намедонам ки боша пурсиден ранги гурураш дар осмон
Хами махмадонохо як бор омада да чиллаи тобистон зери харорати 40 грдаус кор куне ба мефахме нахо то хами дарача паст рафтем як тавсия буд бад и коршиноси дин мумкин барои Шумо боша на барои мо
Парвардигоро аз раҳмату мағфирати худ бенасибаш магардон. ‘Омин
Имсол нисбат ба соли гузашта дар тамоми каламрави Точикистонборишот карибки ду баробар зиёдтар ба чашм аммо то хол ин барки точик бо бахонаи об кам баркро ба дигар давлатхо мефурушад. Ман аз коркунони Барки точик хохиш менамоям, ки ин афсонахояшонро ба кудакони дар хона будаашон гуянд бовар мекунанд вагарна халк куру кару гунг нест, ки ба ин сафсатта бовар кунад.
Ое хондаед киссаи Яхе ва Мадьерро?Агар не пас бихонед:Яхе ва Мадьер бо хам дуст буданд ва рузе ба беша рафтанд ки яке ба наздашон хирси бадхайбате омад.Яхье Мадьерро партофту зуд ба дарахт баромад ва Мадьер ноилоч худро ба замин партофту бо дастонаш сарашро махкам кард.Хирс омад ва ба болои дарахт нигаристу сипас сару руи Мадьерро буиду рафт.Яхье хичолатзада аз дарахт фуромад ва аз Мадьер пурсид ки хирс ба ту чи гуфт? -Рафикат дусти хуб набудааст гуфт хирс,чавоб дод Мадьер!... Хаммонанди Яхье мухолифини точик хастанд ки дидаю дониста Иззат Амонро буфери харакаташон сохтанд.Андаке акл медоштанд сарнавишти Рахмати Каромат Шарипов дарси ибрат буд.Андаке акл медоштанд огохии Сайфуллох Сафаров;»Иззат иззататро дор то амон еби « басанда буд.Андаке тахлилро аклона мекарданд, мурочиати дилсузонаи Кори Абдулвохид кифоя буд.Вале афсус то хануз хатто ба нодонии худ икрор нестанд.Касе мард аст худ пешсаф шавад на дигархоро ба халокат дучор намуда дуди фитнаро боз бод дихад вагарна хомуши дар ин замони ФИТНА бех аз патриотист.