Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ барканории маъмурони гумрукро қонунӣ донист. Кормандон норозиянд


Бинои Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти гуруҳе аз маъмурони пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистонро, ки ба иддаои бархе аз онҳо "барқасдона аз кор ронда шудаанд", беасос хонд. Мақомот гуфтанд, ин афрод дар натиҷаи санҷиш ва ба далели ҷавобгӯ набудан ба талабот аз фаъолият маҳрум гардиданд. Қарори додгоҳ дар оғози моҳи декабр содир шуд.

Парвина Раҳмоноваро, ки ба гуфтааш дар Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Турсунзода ҳашт сол кор кардааст, тобистони имсол аз кор ҷавоб доданд. Вай барои бознигарии фармони барканориаш моҳи октябри имсол ба додгоҳ шикоят карда буд, вале ҳоло аз хулосаи ин ниҳод розӣ нест.

Раҳмонова рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми мурофиа додрас дархостҳояшро ба назар нагирифт: "Барои исботи он, ки беасос аз кор ронда шудаам, аз додрас хостам, наворҳои видеоиро аз ҷараёни аттестатсия дастрас кунад. Дар мурофиа намоиш диҳад, то ҳама бубинанд, ки чӣ гуна ба суолҳо посух додаам. Додрас қабул накард."

Ин дар ҳолест, ки қозии парванда Хуршед Исозода дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, шикояти Парвина Раҳмонова "дар чаҳорчӯби қонун баррасӣ шуд". Додрас маълумоти бештар надод, аммо дар нусхаи қарори додгоҳ, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, ӯ бар асоси варақаи аттестатсионӣ фармони барканории Парвинаро дуруст шумурдааст.

Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, Парвина Раҳмонова ягона корманди пешини Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Турсунзода нест, ки шикояташ рад гардид, аммо аз гуфтани шахсияти дигарон ва шумораи онҳо худдорӣ карданд.

Дар Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Турсунзода гуфтанд, 134 нафарро аз санҷиш гузаронданд. "9 нафар ба вазифаҳои пасттар гузаштанд ва 36 каси дигар аз кор ронда шуданд,"-гуфт як ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод.

Аттестатсия дар раёсатҳои Хадамоти гумруки Тоҷикистон баъд аз интиқоди президент аз кори маъмурони гумрук дар моҳи майи имсол оғоз шуд. Яке аз пурсарусадотарин хабар аз ин маҷлис зери истинтоқ қарор гирифтани Шаҳбоз Раҷабзода, сардори дидбонгоҳи гумрукии Душанбе аз тарафи президент буд. Раиси ҷумҳур гуфт, ин корманди гумрук дар тақрибан ду соли кораш 16 бор ба хориҷа рафта, соҳиби хонаву мошинҳо шудааст, вале афзуд, ӯро ба хотири ҷавонияш ба зиндон намеандозад.

Мақомот дертар гуфтанд, ки ӯро аз кор ронданд. Баъди он аттестатсия ё санҷиши кормандони гумрук низ сар шуд ва дар ҷараёни он намояндагони ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент, Оҷонси мубориза бо фасод ва Оҷонси хидмати давлатӣ иштирок карданд.

Баҳси шаффофияти аттестатсияҳо аз масъалаҳоест, ки борҳо мавриди интиқоди таҳлилгарон қарор гирифтааст. Бо вуҷуди аз мақом озод намудани кормандон дар натиҷаи аттестатсия, ҳолатҳои додгоҳӣ ва расонаӣ намудани қазияи барканорияшон аз сӯи сокинон кам ба назар мерасад. Бархе аз сокинон ба шаффофияти додгоҳӣ бовар надоранд ва гурӯҳе аз расонаӣ шудани қазияи барканорияшон ҳарос доранд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG