Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23 сол -- аз оғози муносибати дипломатии Тоҷикистону Амрико


Аз замони оғози муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Амрико 23 сол гузашт. Иёлоти Муттаҳида соли 1991 Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва 14 феврали 1992 муносибати дипломатӣ ба роҳ монда шуд.

Аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Амрико 23 соли расо сипарӣ шуд.

Иёлоти Муттаҳида 25 декабри соли 1991 Тоҷикистонро ба ҳайси як кишвари мустақил ба расмият шинохт ва нахустин сафираш Стенли Эскудеро моҳи марти соли 1993 эътиборномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, он замон раиси Шӯрои олиро тақдим кард.

Дар тӯли бештар аз ду даҳсолаи ҳамкорӣ, ба гуфтаи сафорати Амрико, Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кард ва ҳаҷми тиҷорати ду тараф аз 10 миллион дар ибтидои соли 1990 ба наздики 270 миллион доллар дар як сол афзоиш ёфтааст.

Бар асоси омори сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон низ, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни кишвар ва Амрико танҳо дар соли 2013 ба 193 миллиону 805 ҳазор доллар баробар будааст. Маҳсулоти асосии содиротӣ аз Тоҷикистон ба Амрико асал ва меваи хушк гуфта мешавад.

Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, "аҳамияти стратегии Тоҷикистон дар пешрафт ва суботи умумии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳамеша дар мадди назари миссияи мост." Айни замон дар сафорат ва дигар ниҳодҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон 300 корманди амрикоӣ ва аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ кор мекунанд.

Сюзан Эллиотт сафири Амрико дар Тоҷикистон аст ва рӯзе пештар гуфт, Амрико ҳамчунон ба Тоҷикистон барои таҳкими посбонии марзҳо, мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир ва рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иқтисод кумак мекунад.

XS
SM
MD
LG