Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар паҳлӯи Тоҷикистон. WEF индекси сармояи инсониро ҳисоб кард


Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузориши наваш Тоҷикистонро дар байни 18 кишвари фақиртарини дунё зикр кардааст.

WEF - Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар гузориши наваш таҳти унвони “Human Capital Index 2015” (“Индекси сармояи инсонӣ 2015”) Тоҷикистонро дар байни 124 кишвар дар ҷои 65-ум гузоштааст. Аммо аз нигоҳи сатҳи даромади мардумаш Тоҷикистон дар байни кишварҳои даромади аҳолиашон паст ҷой гирифтааст.

Дар ин бахши гузориши Форуми ҷаҳонӣ 18 кишвар – кишвари Осиё (Тоҷикистон, Бангладеш, Мянмар ва Непал) ва боқӣ 14 кишвари дигар аз қораи Африқо, аз ҷумла Уганда, Танзания, Руанда ва Мадагаскару Эфиопия, дар шумули кишварҳои сатҳи даромади солонаи мардумашон хеле паст, яъне аз 1045 доллар камтар ба сари ҳар нафар зикр шудаанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ индекси сармояи инсониро бар асоси 46 нишондиҳандаи муҳим, ки дар 4 гурӯҳ табақабандӣ шудаанд, ҳисоб мекунад:

Маориф (таҳсили ибтидоӣ, миёна ва олӣ) ва тарбияи мутахассисон.
Сатҳи тандурустӣ ва ҳолати равонӣ.
Шуғли аҳолӣ ва таъмини мардум бо ҷои кор.
Зербинои иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҷомиа.

Имсол дар гузориши “Индекси сармояи инсонӣ 2015” мақоми якумро Финландия ба даст овардааст. Ин кишвари аврупоӣ аз сӯи муаллифони гузориш беҳтарин кишвари дунё барои кору таҳсил ва зиндагӣ эътироф шудааст. Дар даҳгонаи аввали беҳтарин маконҳои кору зиндагӣ ҳамчунин кишварҳои аврупоии Норвегия, Швейтсария, Шветсия ва Данияву Белгия роҳ ёфтаанд.

Канада дар ин даҳгона аз қораи Амрикои шимолӣ, Ҷопону Кореяи ҷанубӣ аз Осиё ва Зеландияи нав аз Уқёнусия намояндагӣ мекунанд. Амрико – бузургтарин иқтисоди дунё – танҳо дар мақоми 17-ум ва Чин – иқтисоди дувуми ҷаҳонӣ – дар зинаи 64-ум, яъне дар паҳлуи Тоҷикистон, ҷой гирифтаанд.

Аз миёни кишварҳои Шӯравии собиқ баландтарин мақом – зинаи 16-умро Эстония ба даст оварда, Латвия дар зинаи 18, Русия – 26, Украина – 31, Қазоқистон – 37 ва Арманистону Қирғизистон мутаносибан дар ҷойҳои 43 ва 44-ум қарор доранд. Аз миёни ин кишварҳо поёнтар аз Тоҷикистон танҳо Молдова – дар мақоми 71-ум истодааст. Аммо гузориш вазъи сармояи инсонӣ дар ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Узбакистон ва Туркманистонро дар бар намегирад.

Дар бахши Тоҷикистони ин гузориш мехонем, ки муаллифон сатҳи фарогирӣ ба таҳсили миёна дар ин кишварро 96,1 дарсад ва мизони дастрасӣ ба таҳсили олиро 83,2 фоиз баровард кардаанд, вале сифати таҳсил дар мактабҳои миёна аз сӯи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҳамагӣ 3,66 баровард шудааст ва Тоҷикистон аз ин нигоҳ дар байни 124 кишвар дар мақоми 74-ум будааст. Дар қисмати осебпазирии бахши маориф рӯи истифодаи нирӯи кӯдак барои кор таъкид шуда, Тоҷикистонро аз ин нигоҳ бо 10 дарсад шохисаш дар мақоми 71-ум гузоштаанд.

Гузоришгарон мегӯянд, 48 дарсад дар Тоҷикистон дар ҷои кор осебпазиранд. Ҳамчунин танҳо 4,1 дарсади мактабҳои Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ дошта, ҷамъи хароҷоти риштаи маорифаш ҳамагӣ 4 дарсад аз 8 миллиард доллар маҷмӯи солонаи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.

Мизони фаъолиятҳои иқтисодӣ барои аҳолии синнашон аз 24 то 54-сола дар Тоҷикистон 85 дарсад ва барои мардуми аз 55 то 64-сола 58 дарсад ҳисоб шуда, сатҳи машғулияти иқтисодии мардуми аз 65 боло, яъне бознишастаҳо, ки дар Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, беш аз 700 000, ё тақрибан 9 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, ҳамагӣ 14,6 дарсад будааст.

Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион аҳолию 8 миллиард доллар маҷмӯи солонаи маҳсулоти дохилӣ ва буҷаи давлатии 3-миллиарддоллариаш аз фақиртарин кишварҳои пасошӯравӣ ба шумор меояд. Бино ба омори расмӣ, маоши миёна дар ин кишвар чизе бештар аз 900 сомониро ташкил дода, тақрибан 35 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр, яъне бо даромади камтар аз 1 доллар дар рӯз ба сар мебарад.

Даромади давлати Тоҷикистон асосан аз ҳисоби фурӯши ду маҳсулоти умдаи содиротиаш – алюминий ва пахта ва ҳамчунин аз боҷу хироҷи гумрукӣ ва андоз ба даст меояд. Аммо рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби солона 4 миллиард доллар пулест, ки беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аз хориҷ ва асосан аз Русия мефиристанд.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ як созмони байналмилалии марказа дар Женеваи Швейтсария мебошад, ки вазъи иқтисодии кишварҳои дунёро пайгирӣ ва таҳлил мекунад. Ин созмон аз ҷумла дар бораи мизони рақобатпазирии иқтисодҳои дунё низ гузоришҳои солона таҳия мекунад ва ҳамчунин бо Форуми ҷаҳонии иқтисодие, ки ҳар сол дар Давос баргузор мекунад (Форуми Давос) маъруф аст.

XS
SM
MD
LG