Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 халта орд барои халосии як хонавода аз ботлоқи фақр


Сафар Маҳмудов бо аҳли хонаводааш
Сафар Маҳмудов бо аҳли хонаводааш

Як хонандаи Озодӣ баъди мутолиаи матлаби “Дар интизори халосӣ аз ботлоқи фақр” ба хонаводаи Сафар Маҳмудов дар ноҳияи Шӯрообод аз Русия пули 10 халта ордро фиристодааст.

Сафар Маҳмудов, сокини ноҳияи Шӯрообод ва қаҳрамони матлаби “Дар интизори халосӣ аз ботлоқи фақр” аз 18 октябр дар сомонаи Озодӣ рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ занг зад ва бо изҳори сипос гуфт, як хонандаи сомона баъди хондани ин матлаб аз Русия бо ӯ дар тамос шуда ва тавассути намояндагии “Агроинвестбонк дар ҷамоати Чагам барояш пули 10 халта ордро фиристодааст. Ин марди хайрхоҳ аз ифшои номаш худдорӣ карда, гуфтааст, ин корро танҳо барои савоб анҷом додааст, на барои ном баровардан.

“Дар интизори халосӣ аз ботлоқи фақр” қиссаи хонаводаи Сафар Маҳмудов аз рустои Навбулоқи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон буд, ки солҳо боз аробаи зиндагии худро ба зӯр мекашад ва танҳо интизори мӯъҷизаи илоҳист, то онҳоро аз ботлоқи фақру дасткӯтаҳӣ халос намояд.

Умед ба мӯъҷизае, мисли сарватманд шудани фарзандонашон баъди ба воя расидан, ин хонаводаро бо вуҷуди бебизоатӣ ва ҳамагӣ 10 халта гандум дар захираашон, ки танҳо барои 3 моҳи дигар мерасад, нисбат ба оянда хушбин нигаҳ медорад.

“Худо подшоҳ аст ва худаш ризқи бандаро хоҳад дод” – ин аст шиори ин хонаводаи фақир, ки бо 4 фарзандашон дар як манзили то ҳол бе болопӯш ба сар мебарад.

Оростамоҳ Солеҳова
Оростамоҳ Солеҳова

Оростамоҳ Солеҳова, бонуи ин хонадон аз ҷумла ба Озодӣ гуфта буд: “Мо ним гектар замин дорем ва 6 халта гандум гирифтем. Молу гов надорем. Ба чанд нафар дар ҷамъоварии гандумаш кумак кардем ва захираамон ба 14 халта расид. Ҳоло 10 халтааш боқӣ мондааст. Агар инҳо тамом шуд, намедонам, чӣ кор мекунем. Худо подшоҳ аст, боз аз ягон тараф медиҳад.”

Сафар Маҳмудов, сарвари ин хонадон, мегӯяд, ӯ ба далели маъюб буданаш ба фарқ аз дигар ҳамдеҳаҳову ҳамватанҳояш имкони ба Русия рафтан надорад, то даромади бештаре барои хонаводааш ба даст биорад. Аммо, мегӯяд ӯ, агар дар оянда пуле ба дасташ расад, аввалин коре, ки мекунад, боми хонаашро шиферпӯш мекунад, то дигар дар зимистон начакад:“Ҳар сол захираи гандум дар нисф тамом мешавад, вале бо кумаки наздикону дигарон то тобистон мерасад. Қарз ҳам гирифтаам ва ҳоло 4 ҳазор сомонӣ қарздорам. Як фарзандам мехонад ва бовар дорам, ки номус дорад ва оянда моро аз қашшоқӣ берун хоҳад кард.”

Қиссаи зиндагии фақиронаи ин хонавода дар Тоҷикистоне, ки 38 дарсади аҳолиаш зери хатти фақр ба сар мебарад, хонандагони Озодиро таккон дод. Аксари онҳо хостори кумак ба ин хонавода шудаанд.

Тоҷ аз Душанбе аз ҷумла навишт: “Ба чунин мардуми босабр ОРДЕН додан лозим !!! Чунки Ин мардум машакатхои солхои 1936-умро аз сар гузаронида истодааст!”

Фақир аз Ватан пешниҳод кард, ки шумораи телефонҳои ин хонаводаро нашр кунем, чунки , ба навиштаи ӯ, “шахсони баномуси Ватан кам нестан, мумкин аз хар тараф ердам кунанду ин оила хамин сол аз факири мебуромад...”

Донишчу аз хорич низ навишт: “Мо пеш аз хама мусалмон хастем ва бояд ягдигарро дастгири намоем зеро паембар мефармоянд харкасе бародари мусалмонашро ери медихад Худо уро кумак мекунад ва хар касе ки мушкили як бародаршро дар дуне бартараф мекунад Худованд мушкилияшро дар охират осон мекунад. Ое намехохем мушкилии мо дар охират осон шавад ? Пас биштобем ба кумаки ин бародари мусалмон.гучо хастан ин пулдорхои мо биед ба ёрии ин бародартон Худо дар молатон баракат медихад.”

Сорбон аз Африқо низ нашр кардани шумораи телефони Сафар Маҳмудовро аз мо тақозо кардааст.

Аммо ғояти фақирии хонаводаи Сафар Маҳмудов дар ҳаддест, ки ӯ ҳисоби бонкӣ надорад ва ҳатто телефон надоштааст. Аммо вакили маҳаллаи онҳо Зикриё Атоев розӣ шуд, барои мусоидат дар ин амри хайр шумораи телефонашро дар ихтиёри хоҳишмандони кумак ба ин хонаводаи дар воқеъ ниёзманд бигузорад.

Ин шумора чунин аст: (992) 907 37 71 69.

Онҳое ки мехоҳанд ба ин оила кумак расонанд, метавонанд тавассути ҳамин вакил бол Сафар Маҳмудов дар тамос шаванд.

XS
SM
MD
LG