Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озору бадрафторӣ бо занону кӯдакони гирифтори ВИЧ дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

«Шавҳарам ҳамеша маро мезад. Намедонистам, барои кумак ба куҷо муроҷиат кунам. Шавҳарам низ гирифтори ин вирус буд, вале на худ, балки ҳамеша маро гунаҳкор мекард. Рӯзҳое буд, ки маро дар хона маҳкам мекард ва баромада мерафт. Рӯзҳо бо гуруснагӣ ва дар интизори кумак сипарӣ мешуд." - Ин қиссаи талхи Дилором, як зани ҷавони олуда ба вируси норасоии масунияти бадан аст, ки баъди ранҷу азобу сахтиҳо ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст.

Дилором исми мустаори зани 27-сола аз Кӯлоб аст. Чаҳор сол пеш арусӣ кард ва бемориро аз шавҳари мӯътодаш, гирифт, ки зоҳиран дар Русия гирифтори вирус шудааст. Ӯ баъди аз ҷон безор шудан ба хонаи волидайн баргашт, аммо рӯзи хубе надид:​ "Як рӯз баъди латукуби зиёди шавҳарам, маро ба хонаи волидонам бурданд, аммо он чӣ дар онҷо дидам, ҳеҷ интизор надоштам. Бародарам ҳатто мегуфт, бо ман нишастану хӯрок хӯрдан намехоҳад. Модарам низ ҳамеша муқобили ман буд. Борҳо гуфт, кош туро таваллуд намекардам, ту хонаводаи моро шармсор кардӣ”.

Борҳо хост, аз табъизу хушунат раҳо шавад ва се дафъа қасди ҷони худ кард, аммо дар ниҳоят аз ин роҳ баргашт ва ҳоло дар як созмони иҷтимоӣ ба ҳамтақдиронаш кумак мекунад. Ӯ мегӯяд, намехоҳад, занони дигар бо саргузашти талхи ӯ рӯ ба рӯ шаванд: "Ба онҳо бояд фаҳмонд, то худро гӯшанишин накунанд. Бояд мубориза бурд ва нагузошт, касе ба ту зӯровариро раво бинад, чунки ин чиз дар ҷомеаҳои мо зиёд дида мешавад." Дилором, дар як созмони кумакрасон ба гирифторони беморӣ кор мекунад.

Бадрафторӣ бо нисфе аз гирифторон

“Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО”, яке дигар аз чунин созмонҳо пажӯҳиши тозае дар байни гирифторони вируси норасоии масунияти бадан анҷом дода ва маълум кардааст, ки бисёре аз онҳо аз табъизу зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа ранҷ мекашанд.

Пажӯҳишро дар миёни 400 зани олуда ба вируси ВИЧ СПИД дар чаҳор минтақаи Тоҷикистон анҷом додаанд. Ин занон гуфтаанд, аъзои хонавода ба онҳо муносибати бад доранд ва ба айни рафтор ва табъиз дар шифохонаҳо дучор мешаванд.

Дар Тоҷикистон бештар аз чаҳор ҳазор зани олуда ба ВИЧ зиндагӣ мекунанд ва натиҷаи пажӯҳиш дар бораи онҳоро рӯзи ҷумъа 27-уми декабр дар ҳамоише бо ҳузури намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти расмӣ дар Душанбе муаррифӣ карданд. Пажӯҳиш нишон додааст, бемории мазкур дар Тоҷикистон вақтҳои ахир дар байни занон назар ба мардон бо суръати бештар зиёд мешавад.

Маълум шудааст, ки баъди сироят ба беморӣ, атрофиён ва ҷомеа гоҳо рӯзро барои ин гуруҳи муҳтоҷ ба кӯмаку дастгирӣ “сиёҳ” мекунанд. Нисфе аз 400 зани пурсидашуда аз табъизу бадрафторӣ бо онҳо шикоят кардаанд. Шуҳрат Латифов, ҳамоҳангсози барномавии «Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО» рӯзи 27-уми декбар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии пажӯҳиш муайян кардани вазъи зиндагии ин гурӯҳи занон буд, ки то куҷо дар муқоиса ба солҳои гузашта беҳбуд ёфтааст.

Ӯ афзуд: «Табъизу хушунат ба ин занон ҳанӯз вуҷуд дорад. Баъзан табъиз дар муассисаҳои тиббӣ мушоҳида мешавад, ки ин занон барои ташхису табобат муроҷиат мекунанд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки мутассифона дар он муассисаҳои тиббие, ки бо ин гурӯҳи одамон кам кор мекунанд ва маълумоти зиёд надоранд, мушкилӣ вуҷуд дорад.”

Шумо дертар биёед...

Як зани гирифтор аз шаҳри Бохтар ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки чӣ гуна дар як дандонпизишкӣ ӯро ба гиря дароварданд. Ӯ гуфт: “Вақте рафтам, табиб баъди дидани таърихи бемориам гуфт, ки мо мисли шумо одамонро баъди нисфирӯзӣ қабул мекунем. Гуфтам, чаро гуфтанд, ки фармон аст, маро ба гиря андохта ҷавоб доданд. Ҳануз аз шифохона набаромада, ҷойи маро покиза карданд. Бори аввал аз онки бемориро дорам, гиря кардам.”

Бар асоси ин пажӯҳиш, дар ҳашт соли ахир сирояти вируси норасоии масунияти бадан дар байни мардон агар се маротиба зиёд шуда бошад, бошад, дар байни занон бештар аз панҷ баробар бештар шудааст. Нисфе аз занони пурсидашуда гуфтаанд, ки онҳо аз шавҳарони муҳоҷирашон сироят шудаанд. На танҳо худи занон, балки фарзандони бемори онҳо низ дар кӯдакистону мактабҳо озору азият ва таҳқир мешудаанд.

Созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, агар табъизи гирифторон идома кунад, онҳоро ба пинҳонкорӣ мебарад, ки оқибати он барои худи беморон ва ҷомеа хатарнок аст. Аз ҷумла назорат ва сабту дармони беморон ва ҷилавгирӣ аз густариши вирусро мушкилтар мекунад.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон дар миёни бештар аз 8600 гирифтори вируси норасоии масунияти бадан бештар аз 4 ҳазор нафар занонанд. Аз замони сабти аввалин мавриди сирояти вирус дар Тоҷикистон то имрӯз бештар аз 3100 нафар фавтиданд. Барои муолиҷа ва кӯмак ба гирифторон дар кишвар созмонҳои байналмилалӣ бо пул ва доруворӣ кӯмак мекунанд, аммо занҳои гирифтори вирус мегӯянд, барои онҳо беҳтарин даво муҳити солим ва пуштибонии ҷомеа аст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, барои монеъ шудан ба табъизи беморони ВИЧ СПИД ва ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ дар кишвар, барномаҳои зиёде иҷро мекунанд, ки яке аз онҳо барномаи миллии ҷилавгирӣ аз бемории СПИД барои солҳои 2017-2020 аст.

Бо вуҷуди чорабиниҳои зиёду иҷрои барномаҳо суръати густариши беморӣ кам суст нашудааст ва онгуна ки таҳқиқ ҳам нишон додааст, ба гирифторон дар оила ва ҷомеа мисли касе рафтор мекунанд, ки ба хона “бадбахтӣ” овардааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксу видео доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG