Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард барои олуда кардани чанд зан ба ВИЧ зиндонӣ шуд


Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон як марди 48-соларо бо ҷурми олуда кардани ҳамсараш ва чанд зани дигар ба вируси норасоии масунияти бадан ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.

Мақомоти додгоҳ рӯзи 4-уми сентябр гуфтанд, ин мард давраи ҷазоро дар маҳбаси низомаш сангин паси сар мекунад. Мард ва наздиконаш шикоят накардаанд. Ҳукм ба иҷро даромадааст.

Ин сокини ноҳияи Шаҳритус дар моҳи апрели имсол дар як амалиёти нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда буд. Парвандаи ӯро бар асоси моддаи 125-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сироят кардан ба инфексияи ВИЧ нисбати ду ё зиёда шахс", баррасӣ намуданд, ки аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тибқи иттилои мақомоти Шаҳритус, ин мард панҷ соли пеш ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ӯ дар муҳоҷират бинобар содир кардани ҷиноят, як сол зиндонӣ низ будааст. Аммо мақомот нагуфтанд, ки ин мард дар дохили зиндон ба ин беморӣ гирифтор шудааст ва ё қаблан ба ин беморӣ мубтало будааст.

Шумораи онҳое, ки аз ҳамхобагӣ бо ин мард олудаи вируси СПИД шудаанд, низ эълон намешавад.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан олуда мешудааст. Дар се соли ахир 6 сокини Тоҷикистон бо иттиҳоми дидаю дониста олуда кардани дигарон ба ВИЧ боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG