Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар қафасҳои танг


Хирсҳо аз ҷонварони сербинандаи боғ ҳастанд.
Хирсҳо аз ҷонварони сербинандаи боғ ҳастанд.

Боғи ҳайвоноти Душанбе ҳамеша серодам аст, чӣ дар рӯзҳои корӣ ва ё чӣ рӯзҳои истироҳат. Билети вуруд ҳам гарон нест ва тақрибан 12 сенти амрикоиро ташкил медиҳад.

Солона ба ин боғ, ки бузургтарин дар Тоҷикистон аст, то 300 ҳазор нафар барои тамошо меоянд.

Боғи ҳайвоноти Душанберо солҳои шастуми асри гузашта сохтаанд ва то ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузарондааст. Ба гуфтаи ҷонваршиносон, ҳоло фурсати он расидааст, ки боғи наве бисозанд, то мутобиқ ба меъёрҳои муосир ва мутобиқ ба муҳити нигаҳдории ҷонвар бошад.

Қафас барои шерро танг медонанд.
Қафас барои шерро танг медонанд.

Қафасҳои ҷонварон аз ҷумла хирсу шер танг аст. Зимистон сард ва тобистон гарми тоқатфарсо мешаванд. Барои ҷонварон ҷой танг аст ва азбаски зиёд роҳ намераванд, мушкилоти ҳазми ғизо гардиши хун ва нафасгирӣ пайдо мекунанд.

Пеш аз ҳама қафасҳои танг сабаби камҳаракатии ҷонварон мешаванд. Дуввум, норасоии офтоб ва рутубат дар қафасҳост, ки намегузоранд, ҷонварон роҳат бошанд» -мегӯяд, зоологи тоҷик Алихон Латифӣ.

Ба сабаби шароити номусоид, ба қавли табиатшиносони тоҷик ҷонварон зиёд намешаванд. «Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа насл гирифтан аз ҷонварон дар боғи ҳайвонот ва сипас раҳо кардани онҳо дар муҳити табии зиндагиашон аст» - мегӯяд, ӯ.

Ҷонварони ваҳшӣ дар Боғи ҳайвоноти Душанбе асосан бо гӯшти ҷонварони ҳароммурда ва маҳсулоти мӯҳлати истифодаашон сипаришуда сер мекунанд.

Яке аз сокинони нодири боғ
Яке аз сокинони нодири боғ

Худи кормандони боғ ҳам эътироф мекунанд, ки мушкилот вуҷуд дорад, вале ба қавли онҳо, ҳама хӯроки ҷонварон мутобиқ ба меъёр аст ва қабл аз овардан ба инҷо ташхиси зарурӣ мешаванд. Саидхоҷа Сафаров, муовини раиси боғ мегӯяд, «Мо гӯшти ҳайвоноти ҳароммурдаро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ бо қимати се сомонӣ мехарем. Алафу дигар хӯрокаро дар заминҳои холии боғ мепарварем. Алафи тозаро ҳар рӯз аз заминҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон меоранд»- афзуд ӯ.

Мудирони Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯянд, қафасҳои танги ҷонварони даррандаро ба тадриҷ калонтар мекунанд. Чанде пеш дар инҷо барои паррандаҳо ва ҷуфтсумҳо ҷой дуруст кардан ва ҳайвоноти дигар низ овардаанд.

«Мо ба чанде пеш оҳувони нав, морҳои гуногун ва аз ҷумла мори афъӣ овардем» мегӯяд, Саидхоҷа Сафаров. Ба қавли мақомоти Боғи ҳайвонот, агар шароит дар инҷо бад мебуд, ҳамкоронашон аз боғҳои дигар ба онҳо ҷонварони нав намедоданд.

Уқобҳои баландпарвози боғ дар ҷойи нав
Уқобҳои баландпарвози боғ дар ҷойи нав

Меҳмонони боғ ҳам мегӯянд, ки чунин ҷойе ҳатман бояд дар Душанбе вуҷуд дошта бошад. Яке аз онҳо ба хабарнигори телевизиони Настояшее Время дар Душанбе гуфт, «Писарам мегӯяд, отаҷон маро ба тамошои боғи ҳайвонот намебарӣ».

Хонуми дигаре, ки дар боғ буд, гуфт, «Албатта боғи ҳайвонот зарур аст. Кӯдакон ҳайвонҳо бисёр дӯст медоранд.» Саввумӣ афзуд, «Албатта таассуфовар аст, ки инсонҳо ҳайвонотро барои саргармӣ дар қафас нигаҳ медоранд, аз тарафи дигар ин барои кӯдакон имкон фароҳам мекунад, ҳайвонҳоро аз наздик бубинанд.»

Алихон Латифӣ будани Боғи ҳайвонотро барои сокинон ва васеътар кардани ҷаҳонбинии кӯдак муҳим мешуморад. «Мардуми зиёде аз имкони дидани ҳайвонот маҳруманд. Агар барои онҳо як гӯшае бисозем, ки тавонанд, ҳайвонотро бубинанд, мефаҳманд, ки мо дар инсонҳо дар ин сайёра танҳо нестем.»

Вале ба ақидаи табиатшиносон, Боғи ҳайвоноти Душанбе набояд бо ин шакл бимонад. Шаҳрдории Душанбе нақшаи сохтани боғи нав дар канори пойтахтро дорад ва барои он замин ҳам гирифтаанд, вале барои иҷрои тарҳ пул нест ва маълум ҳам нест, ки ҷонварони боғ, кай соҳиби «хонаҳои васеъу барҳаво» мешаванд.

Гузориш аз телевизиони НАСТОЯШЕЕ ВРЕМЯ

XS
SM
MD
LG