Вазорати умури хориҷии Амрико номи 10 "лидери навпо"- ро эълон кард, ки дар байни онҳо як ҷавони 22-солаи тоҷик низ ҳаст. Ҷоизаи “лидери навпо” -ро Вазорати умури хориҷии Амрико ба онҳое тақдим мекунад, ки “барои сулҳу пешрафт ва фароҳам кардани имконот” талоши зиёд ба харҷ додаанд.
Маросими тақдими ҷоизаҳо охири ҳафтаи гузашта дар рӯзи 2-уми май дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд ва худи Фирӯз Ёғбеков, донишҷӯи 22-сола аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар он ҳузур дошт.
Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, Фирӯз Ёғбеков, ки мудири маҳфили "Рӯ ба рӯ" дар донишгоҳ аст, ин минбарро барои баҳси масоили доғе ба мисли мубориза бо ифротгароии хушунатбор, зӯроварӣ дар хонавода ва фароҳам кардани имконоти иқтисодӣ барои мардуми фақир истифода бурдааст.
Фирӯз, ки айни замон дар Вашингтон қарор дорад, дар як мусоҳибаи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, дар маҳфили "Рӯ ба рӯ" кӯшиш мекунанд, “нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва кишвар зиёд шавад ва ҳар шаҳрванд дар пешрафти кишвар саҳм гузорад.”
Ҷавони тоҷик афзуд, ҷоиза на фақат аз ӯ балки аз тамоми гурӯҳи ихтиёриён аст, ки барои манфиати Тоҷикистон ва мардуми он кор мекунанд.
Фирӯз Ёғбеков, сокини Душанбе, беш аз 2 сол аст, ки ба ҳайси ихтиёрӣ дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кор мекунад ва то кунун дар се минтақаи Тоҷикистон муколамаҳо байни ҷавононро раҳбарӣ кардааст. Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, дар ин муколамаҳо огаҳии ҷавонон дар бораи мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатбор боло меравад.
Ҳамроҳ бо Фирӯз Ёғбеков, ҷоизаи “лидери навпо”-ро 9 ҷавони дигар аз Ироқу Индонезия, Туркия, Африқои Ҷанубӣ, Покистон, Латвия, Бангладеш, Норвегия ва Панама ба даст овардаанд.