Пайвандҳои дастрасӣ

"Варзишгоҳро аз мо нагиред". Баҳси ҷавонони Рӯшон бо ҳукумат


Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз ҷавонону варзишгарон дар маркази ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон бо норизоятӣ аз сохтмони мактаб дар дохили ягона варзишгоҳ аз мақомот хостанд, ки онҳоро аз маҳалли тамрин маҳрум накунанд.

Мо баъди анҷоми сохтмон намегузорем афроди дигар берун аз мактаб ба он ворид шаванд

Ин гурӯҳи ҷавонон мегӯянд, бо вуҷуди дархостҳои батакрори онҳо барои сохта нашудани мактаб дар дохили варзишгоҳ рӯзи 4-уми сентябр мақомот ба ин сохтмон шурӯъ карданд. Қаблан раҳбарияти ноҳияи Рӯшон дар як мулоқот ба ҷавонони норозӣ аз ин сохтмон ваъда дода будааст, ки бар ивази варзишгоҳи феълӣ ба онҳо як майдончаи дигари варзишӣ пешниҳод хоҳанд кард. Аммо ҷавонон ва варзишгарон талаб кардаанд, то замони бунёди варзишгоҳи дигар, сохтмони мактаб дар дохили варзишгоҳ шурӯъ нашавад.

"Гуфтанд, ки масъаларо мебинанд, аммо..."

Ноҳияи Рӯшон. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Ноҳияи Рӯшон. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Фаридун Чоршанбеев, яке аз ин варзишгарон, рӯзи 10-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, варзишгоҳ ягона ҷойи тамрини онҳо ва ташкили мусобиқаҳои зиёд миёни ҷавонон буд. "Мо як ҳафта пеш аз сохтмони мактаб дар дохили варзишгоҳ огоҳ шудем. То он вақт умед доштем, ки варзишгоҳ таъмир ва нав мешавад. Бо мақомот ва раиси ноҳия мулоқот кардем. Ҳадафи худро гуфтем. Гуфтанд, ки ин масъаларо мебинем. Мо дар ин ҷо 11 дастаи футболбозӣ дорем. Ҳар тобистон ҷавонон вақти худро дар ҳамин варзишгоҳ сипарӣ мекунанд", - афзуд ӯ.

Ҷавонон аз он нигаронанд, ки дар сурати бунёди мактаби нав дар варзишгоҳи марказии ноҳия, дигар ҷое барои машғул шудан ба варзиш ва тамрин ба сабқатҳои ҷумҳуриявӣ нахоҳанд дошт. Як ҷавони варзишкоре, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, мактаби нави маркази ноҳия бояд дар замини қаблии он сохта мешуд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, “дар ҷойи мактаби кӯҳна ҳоло сохтмони меҳмонхонаву тарабхона шурӯъ шудааст ва бинои мактаб ҳам, ки дигар ҷое наёфт ба дохили варзишгоҳ оварда шуд."

"Ин варзишгоҳ дар ихтиёри мактаб аст"

Ҳоло дақиқ нест, ки ваъдаи сохтмони варзишгоҳҳои нав кай иҷро мешавад ва то замони бунёди он сарнавишти варзишгарон ва мактаби варзишии ноҳия, ки 500 тарбиятгар дорад, чӣ хоҳад шуд?

Виҷдон Раҳимбеков, як масъул дар ҳукумати ноҳияи Рӯшон, мегӯяд, онҳо чандин бор ҷавонони норозиро қабул намуда, ба онҳо аз тасмими ҳукумати ноҳия ҷиҳати бунёди варзишгоҳи бузургтару замонавӣ хабар доданд. Ба қавли ӯ, варзишгоҳи феълӣ дар тобеияти мактаб аст ва ноҳия ба варзишгоҳи бузург ниёз дорад. “Ҳукумати кишвар тасмим дорад варзишгоҳе барои аз 8 то 10 ҳазор ҷойи нишаст бунёд кунад. Аммо то сохтмони ин варзишгоҳ тасмим дорем, ки барои ҷавонон ягон варзишгоҳи муваққатиро бунёд кунем. Ҳоло дигар ҷое барои баҳс нест.”

Аммо, ба гуфтаи ҷавонон, ҳоло дақиқ нест, ки ваъдаи сохтмони варзишгоҳҳои нав кай иҷро мешаваду то замони бунёди он сарнавишти варзишгарон ва мактаби варзишии ноҳия, ки 500 тарбиятгар дорад, чӣ хоҳад шуд?

Ҳалима Бердибекова, раҳбари макаби рақами 9, ки бунёди он дар дохили варзишгоҳи марказии ноҳия шурӯъ шудаву боис ба норозигии сокинону варзишгарон шудааст, мегӯяд, ин сохтмон як қисмати варзишгоҳро фаро мегирад. Ба гуфтаи Бердибекова, варзишгоҳро то имрӯз касе майдони варзишии ноҳияро нигоҳубин намекард, ба ҷуз аз мактаб. Бинобар ин, ба қавли ӯ, ин майдон пурра ба ихтиёри онҳо гузошта шуд. “Мо баъди анҷоми сохтмон намегузорем афроди дигар берун аз мактаб ба он ворид шаванд”, - таъкид кард ӯ.

Тақдири 500 тарбиятгирандаи мактаби варзишӣ чӣ хоҳад шуд?

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯшон солҳои охир ба маҳалли баргузории тамоми маросиму ҷашнҳои ноҳия табдил шуда буд. Бовар Шуҷандиҷоев, раҳбари мактаби варзишии ноҳия мегӯяд, варзишгоҳ 3 майдон барои футболу волейбол ва баскетбол дорад. Ҳоло, ба гуфтаи ин устоди варзиш, дар сурати бунёди мактаби таҳсилоти умумӣ дар дохили варзишгоҳ тақдири мактаби варзишӣ ва 500 тарбиятгари он ҳам номуайян хоҳад монд.

Бунёди мактаби нави таҳсилоти умумӣ дар дохили варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯшон, ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи муттахассисони соҳаи варзиши Рӯшон, варзишгоҳ на танҳо ҷойи варзишӣ барои сокинону ҷавонони маркази ноҳия буд, балки саҳми он дар тамрину тарбия ва берун овардани варзишгарони касбие чун, Бахтовар Замиров, Руслан Зарифбеков, Музаффар Давлатқадамов, Салмон Раҳмихудоев ва дигарон нақши чашмрас дошт.

Моҳи августи имсол ҳамчунин дар ин варзишгоҳ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ баргузор шудааст, ки дар байни варзишгарон аз минтақаҳои мухталифи кишвар, аз Рушон 2 нафар ҷои аввал ва ду нафар ҷои дуввумро соҳиб шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG