Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоро дар мусобиқоти ҷаҳонӣ Хушбахт намояндагӣ мекунад. САДО


Хушбахт бо нишони тиллояш дар мусобиқоти рӯзи 8-уми июли соли 2018
Хушбахт бо нишони тиллояш дар мусобиқоти рӯзи 8-уми июли соли 2018

Варзишгари ҷавони тоҷик аз вилояти дурдасти Бадахшон дар мусобиқоти бози самбо дар Амрико нишони тилло ба даст овард. Хушбахт Қурбонмамадов чанд соли ахир дар Иёлоти Муттаҳида тамрину иқомат мекунад.

Дар мусобиқоти самбо дар рӯзи 8-уми июл дар шаҳри Ню Ҷерсӣ, Хушбахт дар вазни 68 кило 7 рақибашро шикаст дод ва дар вазни худ мақоми аввалу нишони тиллои мусобиқаро аз они худ кард. Дар ин мусобиқа бештар аз 400 варзишгар аз саросари Амрико дар вазнҳои гуногун ширкат доштанд.

Ба қавли Хушбахт, ҳарифонаш дар мусобиқот қавӣ буданд ва пирӯзӣ осон ба даст наомад, вале эътимод ба худ ба гуфтаи Хушбахт кӯмак кард, то ба ҳамаи рақибонаш дастболо шавад.

“Ҷойи аввалро гирифтам ва ба мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба самбо, ки дар Руминия мегузарад, роҳхат гирифтам” – гуфт, Хушбахт Қурбонмамадов ба Радиои Озодӣ.

Мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба самбо аз 9-ум то 11-уми ноябр дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор мешавад ва Хушбахт дар онҷо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро намояндагӣ мекунад. Дар мусобиқа 27 ҷоиза барои варзишгарони пирӯз таъйин шудааст ва дар умум ин варзишгарон 216 ҳазор долларро байни ҳам тақсим мекунанд.

Хушбахт дар Амрико даҳҳо ҷоиза гирифтааст.
Хушбахт дар Амрико даҳҳо ҷоиза гирифтааст.

Хушбахт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мусобиқоти миллии Иёлоти Муттаҳида оид ба самбо 7 рақибаш аз Амрико буданд.” Ҳамаашонро шикаст додам, Худоро шукр ҷойи аввал шудам” – гуфт, ӯ.

Аммо қабл аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии самбо дар Руминия, Хушбахт Қурбонмамадов мусобиқаи дигаре дар пеш дорад. “Ҳоло мусобиқоти бози Амрико оид ба дзюдо дорам, ки дар аёлати Флорида охири моҳи июл баргузор мешавад. Дар онҷо ҳам сабти ном кардам ва умедворам дар онҷо роҳхат ба мусобиқоти ҷаҳонӣ оид ба дзюдоро ҳам мегирам” - мегӯяд, Хушбахт Қурбонмамадов.

Варзишгари тоҷик зери сарпарастии Ҷимми Педро, яке аз паҳлавонони шинохтаи дзюдо дар Амрико машқ мекунад. Ӯ дар даҳҳо мусобиқоти дзюдо ва самбо дар Иёлоти Муттаҳида ширкат варзида ва даҳҳо медал ҳам ба даст овардааст.

Дипломи мақоми аввал дар вазни 68 кило
Дипломи мақоми аввал дар вазни 68 кило

Бино ба иттиллои вебсайти usasambo.com мусобиқот дар толори Донишгоҳи Дрю дар шаҳри Мадисон сурат гирифт ва дар он 400 варзишгар дар вазнҳои гуногун ширкат варзиданд. Ба иттилои ин созмони варзишии Амрико дар мусобиқоти миллии кишвар ҳақ доранд, онҳое ҳам ширкат кунанд, ки шаҳрванди Амрико нестанд.

Хушбахт Қурбонмамадови 25 сола дар Бадахшон ба дунё омада ва баъдан барои иқомату тамрин ба Русия рафтааст. Ӯро солҳои аввал Владимир Елчанинов, мураббии шинохтаи рус тамрин медод, ки аз Расул Боқиев ва Комроншоҳи Устопириён паҳлавонони шинохтаи тоҷик аз ҷумлаи шогирдони ӯ ҳастанд. Хушбахт баъдан ба Амрико рафт ва ҳоло онҷо кору иқомат ва тамрин мекунад.

XS
SM
MD
LG