Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавони тоҷик 6 рақибашро аз медал маҳрум кард


Хушбахт дар гузашта ҳам дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ пирӯз шудааст
Хушбахт дар гузашта ҳам дар чанд мусобиқаи байналмилалӣ пирӯз шудааст

Як гуштигири тоҷик дар як мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бостони Амрико тамоми рақибонашро шикаст дода ва нишони тиллои мусобиқаро ба даст овард.

Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқа ба номи Ҷим Педро, мураббии тими миллии Амрико рӯзи 3-уми феврал 6 рақибашро мағлуб кард ва дар вазни 66 кило соҳиби ҷойи аввал шуд.

Худи Хушбахт рӯзи 4-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамин мусобиқа ба ӯ имкон дод, ки роҳхати Ҷоми Амрико барои дзюдоро ба даст орад.

Дар ин мусобиқот гуштигирон аз Амрикову Канада, Аргентина, Австрия Гурҷистон ва Перу ширкат доштанд. Рақиби Хушбахт дар бозии ниҳоӣ аз Канада буд, ки ӯ ҳам шикаст хӯрд.

Варзишгари тоҷик бештар аз як сол аст, ки дар Амрико тамрин мегирад ва дар гузашта ҳам борҳо ғолиби мусобиқоти байналмилалӣ дар Иёлоти Муттаҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG