Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳи Устопириён дар Гуанжоуи Чин ҳафтум шуд


Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо (дзюдо) – “Guangzou Judo Masters 2018” дар шаҳри Гуанжоуи Чин ҷойи ҳафтумро касб намуд.

  • Ӯ ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз намояндагӣ кард. Мусобиқа рӯзи 16-уми декабр ба поён мерасад.
Комроншоҳи Устопириён дар феҳристи Федаратсиони байналмилалии ҷудо дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило дар ҷойи 9-ум қарор дорад

Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило, ки ҳамагӣ 17 гуштигир иштирок дошт, дар нахустин қувваозмоияш бар Александр Куколҷ аз Сербия дар муддати 3 дақиқаю 38 сония бо баҳогузории “Ippon” ғолиб омад.

Вале дар чаҳорякфинал аз Ван Т Энд Ноел (Нидерланд) шикаст хӯрд. Қувваозмоӣ 7 дақиқаю 45 сония идома кард. Гуштигири нидерандӣ бо баҳогузории “Waza-ari” пирӯз гашт.

Баъдан Комроншоҳ дар даври тасаллобахш бо Давид Кламмерт аз Ҷумҳурии Чех рақобат намуд. Дар ин қувваозмоӣ варзишгари Ҷумҳурии Чех дар зарфи 2 дақиқаю 28 сония бо баҳогузории “Ippon” пирӯзӣ ба даст овард.

Паҳлавони тоҷик, ки аз ҳаққи идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум гашт, дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Дар вани зери 90 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ рӯзи 16-уми декабр Николоз Шеразадишвили аз Испания, ки дар ҳамин ҳол дар феҳристи ҷаҳонӣ бо 5819 имтиёз дар ҷойи аввал аст, бо Кристиан Тот аз Маҷористон рақобат мекунад. Барои медалҳои биринҷӣ Михаил Иголников аз Русия бо Ван Т Энд Ноел аз Ҳолланд ва Давид Кламмерт аз Ҷумҳурии Чех бо Ислом Бозбоев аз Қазоқистон вориди рақобат мешаванд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо “Guangzou Judo Masters 2018” 230 гуштигир (116 мард ва 114 зан) аз 53 кишвари панҷ қитаъи олам ширкат доранд. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон ва дар 7 вазн миёни занон сурат гирифтааст.

Ба ин мусобиқа гуштигироне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойҳои аз 1-ум то 16-ум ҷойгиранд, роҳ дода шуданд. Чунончи, дар вазни Комроншоҳ, яъне зери 90 кило, 17 нафар аз 16 кишвар (Русия ду нафар, Испания, Гурҷистон, Маҷористон, Куба, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Озарбойҷон, Сербия, Тоҷикистон, Муғулистон, Фаронса, Қазоқистон, Олмон, Чин ва Ҷумҳурии Чех якнафарӣ) қувваозмоӣ карданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизапулӣ мегарданд. Барои медали тилло 1800 имтиёз дода мешавад, ки ин нисбат ба қаҳрамонии ҷаҳон ҳамагӣ 200 имтиёз камтар аст. Варзишгарон барои медали нуқра 1260 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 900 имтиёз мегиранд. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 300 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллар, барои ҷои дуюм 6000 доллар ва барои сеюм 3000 доллар тақдим мегардад.

Рӯзи аввали мусобиқа - шанбеи 15-уми декабр – ғолибону ҷоизадорон дар вазнҳои 60, 66 ва 73 кг байни мардон, 48, 52, 57 ва 63 кг миёни занон муайян шуданд. Имрӯз, 16-уми декабр, ғолибону ҷоизадорон дар вазнҳои 81, 90, 100 ва беш аз 100 кг байни мардон, 70, 78 ва беш аз 78 кг миёни занон маълум хоҳанд шуд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо “Guangzou Judo Masters 2018”, Гуанжоуи Чин, 15-уми декабр:

Мардон

60 кг

1. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)

2. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)

3. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)

3. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)

66 кг

1. МАРУЯМА Йоширо (Ҷопон)

2. ШМИАЛОВ Баруч (Исроил)

3. ДОВДОН Алтансух (Муғулистон)

3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

73 кг

1. ОРУҶЕВ Рустам (Озарбойҷон)

2. МАРГЕЛИДОН Артур (Канада)

3. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)

3. ШАВДАТУЛАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)

Занон

48 кг

1. КРАСНИКИ Дистрия (Косово)

2. КОНДО Ами (Ҷопон)

3. ДОЛГОВА Ирина (Русия)

3. СТАНГАР Маруса (Словения)

52 кг

1. ТСУНОДА Натсуми (Ҷопон)

2. БУЧАРД Амандин (Фаронса)

3. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)

3. ВАН СНИК Шарлин (Белгия)

57 кг

1. ЙОШИДА Лукаса (Ҷопон)

2. ГҶАКОВА Нора (Косово)

3. КЛИМКАИТ Ҷессика (Канада)

3. ТАМАОКИ Момо (Ҷопон)

63 кг

1. АГБЕНЕНУ Кларисс (Фаронса)

2. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)

3. ТАШИРО Муки (Ҷопон)

3. ТРТЕНЯК Тина (Словения)

Комроншоҳи Устопириён бори дувум дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзид. Ӯ дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо "World Judo Masters Mohammed VI 2015", ки соли 2015 дар шаҳри Работи Марокаш барпо гардида буд, дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Илиас Илиадиси юнонӣ мағлуб шудааст.

Натиҷаҳои беҳтарини Комроншоҳи Устопириён дар мавсими соли 2018 дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба ҷудо:

23-юми феврал. Ҷойи 5-ум дар Grand Slam дар Дюсселдорфи Олмон.

6-уми апрел. Ҷойи 1-ум дар Гран-при дар Анталияи Туркия.

29-уми август. Ҷойи 3-юм дар Бозиҳои XVIII осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия.

20-уми сентябр. Ҷойи 7-ум дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон.

16-уми декабр. Ҷойи 7-ум дар мусобиқаи ҷаҳонии устодон "Guangzou Judo Masters 2018" дар Ҳуангжоуи Чин.

Комроншоҳи Устопириён дар ҳамин ҳол дар феҳристи ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федаратсиони байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 3446 имтиёз дар ҷойи 9-ум қарор дорад..

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG