Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таънаву маломат барои танҳоӣ. Азоби тоқатфарсои занони танҳои тоҷик. ВИДЕО


Раҷабгулу духтараш ва хоҳари шавҳараш дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд.
Раҷабгулу духтараш ва хоҳари шавҳараш дар чунин шароит зиндагӣ мекунанд.

Бонувони танҳо ва аз шавҳар ҷудошуда дар Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки зиндагӣ барои ин гурӯҳи занон чандон осон нест. Раҷабгул Маҳмадқулова, баъди аз ҳам пошидани оилааш дар 24 соли пеш дигар оила барпо накард ва духтарашро танҳо бузург кард.

Далели дар 20-солагӣ танҳо монданаш ҳам ин буд, ки нахустфарзандаш на писар, балки духтар буд. Шавҳар рафту барнагашт. Мегӯяд, тамоми ин солҳо барои духтараш ҳам падар шуду ҳам модар. Вале бардоштани ин бори сангин осон набуд.

Ба иловаи зиндагии бидуни шавҳар, таҳаммули фишорҳои лафзиву равонии мардум гарон афтод. Зане, ки замоне дар сохторҳои ҳифзи қонун кор кардааст, мегӯяд, ҳоло бекор аст, даромади собит надорад ва дар кулбаи аз падараш ба меросмонда ҳамроҳ бо духтару хоҳари бузургаш зиндагии фақиронае пеш мебарад.

Таънаву маломат барои танҳоӣ. Азоби тоқатфарсои зани танҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Мегӯяд, тамоми ин мушкилот дар ҳолати равонии ӯ таъсиргузор шуд ва ҳар мушкиле, ки дар равобит бо ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо пеш меояд, паёмади сангиниҳои рӯзгораш аст.

«Ҳатто замоне, ки дар сохтори ҳарбӣ кор мекардам, ҳамсояҳо ҳар чиз мегуфтанд. Ту зани бешавҳарӣ, бо баҳонаи кор Худо медонад, чӣ корҳое мекунӣ, бероҳа ҳастӣ, мегуфтанд. Баъди аз кор рафтанам ҳам бадгӯиҳо тамом нашуд. Ҳоло дар бозор мева мефурӯшам, то зиндагии худ ва духтари ягонаамро таъмин кунам” – мегӯяд, Раҷабгул Маҳмадқулова.

Ӯ мегӯяд, бархӯрди атрофиён ба ӯву зиндагиаш ба ӯ чунин эҳсос медиҳад, ки гӯё гӯё як ҷинояткор бошад. Занҳо аз рафтуомад бо онҳо ва аз тамоси ин занҳо бо мардони хонаашон ҳазар мекунанд, мардон бо нигоҳи бад менигаранд.

Як пажӯҳиши созмони “International Alert” таҳти унвони “Зиндагии шоиста” Суғду Хатлон муайян кардааст, ки аксар “занони ҷудошуда ва фарзандони онҳо гурӯҳи осебпазир ҳастанд ва зери маломати ҷомеа қарор мегиранд”.

Пажӯҳишгарони созмон мегӯянд, “меъёрҳои иҷтимоӣ талаб мекунанд, ки занон бояд шавҳар дошта бошанд, вагарна онҳо аз ғайбат, таҳқир ва таъна азият мекашанд. Ҳамзамон бевазанон аз мушкилоти молӣ ва бехонагӣ ранҷ мебаранд”.

Таҳқиқот ҳамчунин ба сарнавишти заноне муроҷиат кардааст, ки баъд аз ҷудоӣ, ё вафоти шавҳар нодаркор мешаванд, дар хонаи волидон ва наздикони шавҳарони собиқ касе онҳоро интизор нест ва ба фарзандонашон ҳам рӯи хуш намедиҳанд.

Дар аксар маврид, хешутабор занонро маҷбур мекунанд, дубора ба хонаи шавҳарони золимашон баргарданд ва ба онҳо муҳим нест, ки ин зан хушбахт аст ё на.

Назари мардум дар хиёбонҳо

Дар як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ ҳам чанд сокини Душанбе гуфтанд, ки дар воқеъ танҳоӣ сабаби таънаву маломат шунидани зан мешавад. “Зан, ки шавҳараш фавтид, бояд шавҳар кунад, то аз таънаву маломат ва гапи мардум эмин монад”- гуфт, яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ.

Нигора, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд муносибати мардум ба бевазанҳову занҳои талоқдида назар ба хонумҳои соҳиби оила “нисбатан манфӣ аст”. Ӯ гуфт, “ҳатто як масали мардумӣ аст, ки мегӯяд “Қурбоққа шӯ дорад, обурӯ дорад”.

Нигора мегӯяд, дар шароити сахти иқтисодӣ, занони бешавҳару бепуштибон бисёр вақт ба гурӯҳи афроди нодору ниёзманд шомил мешаванд ва дастнигарӣ ба ҳолати бе ин ҳам заъифу осебпазири онҳо мушкилоти нав зам мекунад. Нигора ба ин андеша аст, ки занҳо ҳам худ бояд мубориз бошанду тавонанд барои эҳтирому ҳаққи худ талош кунанд.

“Ин аз тақдири инсонҳо ҳам вобаста аст. Набояд занони ҷудошуда зери маломати ҷомеа қарор бигиранд. Зан ё мард буданд, ҳама инсон ҳастанд ва ҳақ доранд, дар ҳолати тангдастӣ кор кунаду зиндагиро пеш баранд” – мегӯяд, Нигора.

Танҳоӣ барои мард ҳам сахт аст, вале барои зан тоқатфарсо

Заррина Кенҷаева - равоншинос ва мудири кафедраи илмҳои ҷомеашиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон мегӯяд, вақте зиндагии мардон вайрон мешавад, аксарият бидуни мушкил дубора издивоҷ мекунанд, аммо интихоби муносиб барои занони ҷудошуда мушкил аст.

Ӯ мегӯяд, боварҳои ғалат ба зиндагӣ ва ояндаи ҳар зани танҳо таъсири манфӣ мегузорад. Ба гуфтаи Зарина Кенҷаева, баъзан ҳангоми баррасии номзадии зане ба мақоми баландтар, ҳатто танҳо будани ӯро ба инобат гирифта аз таъйин худдорӣ мекунанд.

“Дар чунин ҳолатҳо ин ҳама ба равони занон таъсир мегузорад ва зарбаҳои асосӣ ҳам ба занони бевамонда, аз сӯи бонувони шавҳардору коргар зада мешавад. Дар таҷриба шоҳид шудам, ки дар натиҷаи чунин бархӯрд бо ин занон фарзандони онҳо ҳам худро аз ҳамсолони худ кам медонанд. Ва гоҳо зери ин фишорҳои равониву иҷтимоӣ аз ҷомеа дур мешаванд” – мегӯяд, Зарина Кенҷаева.

Парвина аз таънаҳои атрофиён афсурда мешавад.
Парвина аз таънаҳои атрофиён афсурда мешавад.

Парвина, духтари Раҷабгул Маҳмадқулова, ки аз рузи таваллуд бидуни падар бузург шудааст, мегӯяд, аз ҳарфҳои атрофиён нисбат ба худ ва модари танҳояш афсурда мешавад.

Парвинаи 24-сола мегӯяд, нимаятимиву дастнигариаш дар ташаккули шахсии ӯ таъсири манфӣ гузоштааст, ҳарчанд тавонист донишгоҳро хатм кунад ва соҳиби таҳсили олӣ шавад. Мегӯяд, эҳсос мекунад, ки ӯро зиндагии сахти монанд ба зиндагии модараш дар пеш аст.

Ҳарчанд то имрӯз омори дақиқи занони ҷудошуда ё бевазанҳо вуҷуд надорад, аммо ҳар сол дар Тоҷикистон ҳазорҳо зан бо мушкилиҳои гуногун аз шавҳарони худ талоқ мегиранд ва гуруҳе ҳам бо чанд фарзанди ноболиғ танҳо мемонанд. Бар асоси омории расмӣ соли 2017, бештар аз 10 ҳазор талоқ дар Тоҷикистон сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG