Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоббии муфиди раиси собиқи маҳаллае дар Хуҷанд


Нуъмон Ҳасанов аробачааи сохтаашро нишон медиҳад.

Нуъмон Ҳасанови 69-сола, сардори собиқи Идораи роҳи оҳани Хуҷанд аробаҳои маъюбонро ройгон таъмиру тармим мекунад. Бо вуҷуди солхӯрдагӣ бардаму фаъол ба назар мерасад ва мегӯяд, мехоҳад даврони пириашро бо хайру эҳсон ва дастгирии дармондагон сипарӣ кунад.

Вақте мо наздаш омадем, як марди маъюбро писараш ба аробаи таъмиркардаи Нӯъмон Ҳасанов шинонд. Ӯ хушҳол буд, ки аробачааш дигар дуруст ҳаракат мекунад. Ин ароба василаи баромадани ӯ аз кунҷи хона ба берун аст. Анвар Исломови 61-сола шодмонии худро бо ишораи сар ба мо фаҳмонд.

Баъди тармими аробаи маъюбӣ
Баъди тармими аробаи маъюбӣ

“Акнун ба осонӣ падарро берун мебароред, мегардонед” гуфт, Нуъмон Ҳасанов ба писари Анвар Исломов, ки беш аз 30 сол таксиронӣ кард ва 3 сол пеш гирифтори сактаи мағзӣ шуд. Қисмати рости баданаш ҳаракат намекунад ва ба сахтӣ забонаш низ аз сухан тақрибан мондааст.

Барои ҳамсар ва фарзандони Анвар Исломов аробаи таъмиршудаи падари хонавода муҳим аст.

Ҳамсараш - Матлуба Исломова, ӯро ҳар рӯз чанд бор ба ҳавои тоза ва сайр мебарорад. Ӯ мегӯяд, ин аробаи маъюбиро се сол пеш аз бозори кӯҳнафурӯшӣ харид ва дасту баъзе қисмҳои дигараш шикаста корношоям шуд.​

“Ҳама ҷоро кофтем, усто наёфтем. Ин касро ҳар рӯз сайр мебаровардем, чанд рӯз дар хона зиқ шуданд. Баъд аз телевизион эълони Нуъмон Ҳасановро дидем, ки аробаҳои маъюбиро бепул таъмир мекунанд. Бачаҳо оварда доданд. Дар ду - се рӯз нағз таъмир карда доданд" -гуфта Матлуба Исломова дуо кард, ки "Худо хайрашон диҳад”

Таъмири аробаҳои маъюбон шуғли дӯстдоштаи Нуъмон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:27 0:00

Нуъмон Ҳасанов баъди бознишаста шудан, натавонист, дар хона бишинад, чун дилгир мешуд.

“Баъди он ки ба нафақа баромадам, ният кардам эҳсонкорӣ кунам, ба дармондагон ёрӣ расонам” - гуфт, ӯ.

Нуъмон Ҳасанов 67 сола аст ва ихтисоси муҳандис – механикро дорад. Дар гузашта чандин сол раиси Идораи роҳи оҳани Хуҷанд буд. Панҷ соли ахир раисии маҳалла буд. Сохтани аробаҳои маъюбӣ дар коргоҳашро меписандад.

“Ман дар коргоҳам ҳама асбобҳои заруриро дорам ва кресло таъмир мекунам. Баъд тасмим гирифтам аз ҳисоби даромаде, ки аз ҳамин корам меёбам, ба хотири хайру некӣ аробачаҳои маъюбонро бепул таъмир карда диҳам. Ин кор аз дастам меояд” - мегӯяд, ӯ.

Муштариёни хушҳоли Нуъмон Ҳасанов
Муштариёни хушҳоли Нуъмон Ҳасанов

Дар Хуҷанд даҳҳо нафар бо аробаи маъюбӣ мегарданд, вале таъмиргоҳе барои онҳо нест. Бештари сокинони маъюб барои харидани аробача маблағ надоранд ва ҳукумат ба онҳо ба навбат ва ройгон ароба медиҳад. Соли 2018 ҳукумати Хуҷанд ба 22 нафар аробачаҳои маъюбӣ додааст.

Аробачаи маъюбие, ки Нуъмон Ҳасанов дастӣ дар коргоҳи шахсиаш месозад, ҳарчанд бартариҳои аробачаҳои муосирро надорад, бо соддагӣ ва мустаҳкамии худ фарқ мекунад. Ин аробаи дастисохт аз 300 то 500 сомонӣ нарх дорад.

Ӯ вақти сохтани аробаи маъюбӣ дар сурати шикастани ягон қисми он таъмири он дар шароити маҳалро низ ба назар мегирад. Нуъмон Ҳасанов мегӯяд, мисли Анвар Исломов ҳар ҳафта чандин нафар аробаи маъюбии худро барои таъмиру тармим назди ӯ меоранд ва бо аробаҳои дуруст ва розиву қаноатманд аз ҳавлии ӯ берун мераванд.

Нуъмон Ҳасанов ҳам хаста мешавад, вале аз коре ки кард, лаззат мебарад ва аз кори хайраш эҳсоси хуб мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG