Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Некӣ бимонад ҷовидон, харҷи пасандоз барои мардум (ВИДЕО)


Тамара Мансурова мегӯяд, барои савоб пасандозашро сарфи таъмири роҳҳои маҳаллашон кард.
Тамара Мансурова мегӯяд, барои савоб пасандозашро сарфи таъмири роҳҳои маҳаллашон кард.

Як зани бознишаста дар пойтахти Тоҷикистон бо пули ҷайби худ даҳ километр роҳро дар якчанд кӯчаи Душанбе таъмир кардааст ва мегӯяд ки ҳадафаш танҳо кори савоб буд ва аз касе миннатдорӣ интизор нест.

Тамара Мансурова 63 сол дорад ва дар тармими роҳ 10 ҳазор доллар харҷ кардааст. Ӯ ҳақи бознишастагӣ мегирад ва фарзандонаш низ модарро кӯмак мекунанд.

"Ман маблағи пасандозро барои маросими ҷанозаам ҷамъ карда будам, лекин ба хотири савоб онро дар таъмири чанд кучаи вайрон дар маҳаллаи "Водонасосный" сарф кардам ба ин умед, ки худованд тани маро саломат нигаҳ дораду барои мардумам бештар хизмат кунам” - гуфт Тамара Мансурова ба Радиои Озодӣ.

Азоби мардум ва иқдом ба кори хайр

"Ман дидам, ки чӣ тавр одамҳо дар роҳҳои вайрон азоб мекашанд, фикр кардам ва ба қароре расидам, ки ман бояд ба онҳо кӯмак кунам, аммо намедонистам, ки барои бозохт чӣ қадар пул даркор мешавад"- гуфт ин сокини Душанбе

Яке аз роҳҳое, ки бо пули Тамара Мансурова таъмир шудааст.
Яке аз роҳҳое, ки бо пули Тамара Мансурова таъмир шудааст.

Ӯ аввал бо хонаводааш машварат кард. “Вақте ки бо аҳли хонаводам нияти худро нақл кардам ҳама бо хубӣ қабул карданд, сипас ба Ҳукумати шаҳри Душанбе рафтам мақомот хуб истиқбол намуданд, сипас ба ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ омадам дар инҷо низ машварат карда шуд ва роҳсозони Идораи роҳсозии ин ноҳия сафарбар шуданд”.

Ман дидам, ки чӣ тавр одамҳо дар роҳҳои вайрон азоб мекашанд.

Мутахасисон гуфтанд, ки барои масолеҳи сохтмонӣ ҳадди ақал 80 ҳазор сомонӣ даркор аст. Қарор шуд, ки пули коргаронро идораи роҳсозӣ медиҳад ва пули масолеҳро Тамара Мансурова.

Роҳҳои канори маркази пойтахти Тоҷикистон бархе ҳанӯз дар замони шӯравӣ тармим шудаанд, бархи дигар бинобар истифодаи масолеҳи арзон баъди тармим ҳам валангор шудаанд.

Кори беназири апаи Тамара, сарфи пасандоз барои таъмири кӯча
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Роҳҳои ноҳамвор ва пур аз чолаҳо дар тобистон бо чангу хок ва дар зимистон бо "лою чал" сокинони пойтахтро азоб медиҳанд.

Дидани ҳамин тасвирҳои нохушоянд Тамара Мансуроваро ба бунёдкорӣ такон дод. Ӯ бо 80 ҳазор пасандоз дар таъмири кучаи ба номи “Муҳаммад Осимӣ”, “Пулод Толис”, “Проектний”, “Ҳазора” ва ба номи “Ҳамза Ҳакимзода”и маҳалаи маъруф ба “Водонасосная” саҳм гирифт.

Роҳе, ки дигар кӯдакону пиронсолон пешпо намехӯранд.
Роҳе, ки дигар кӯдакону пиронсолон пешпо намехӯранд.

Дар таъмири роҳҳо 30 роҳсоз ширкат кард ва кори онҳо дар тӯли се моҳ анҷом шуд. мансурова мегӯяд, ки тамоми ин муддат ба коркарони роҳсоз нону об додааст. Мансурова дастонашро ба сӯи осмон боло мекунад ва мегӯяд, ки кош савобаш ба даргоҳи худо қабул шавад.

Вақте мо дар кучаҳои мумфарш, ки бо пули Мансурова тармим шудаанд, қадам мезадем, сокинони ин маҳаллаҳо мегуфтанд, ки ин роҳҳо 40 сол боз таъмирро надида буданд. “Ҳоло давраи кризис агар мардум пул медошт ҳатман назди хонаи худашро дуруст мекард"- мегӯяд Мансурова.

Мардуми сипосгузор аз кори нек

Раъно Шарифова як сокини кучаи “Проектная”-и ин маҳалла мегӯяд, " то таъмир роҳи пушти хонаи мо валангор буд, фарзандони ман ва роҳгузарон ба мушкил қадам мезаданд , ҳоло бубинед ҳама ҳамвор аст, мо ба апаи Тамара раҳмат мегуем кошки шумори ҳамин гуна инсонҳо зиёд мешуд”.

Тамара Мансурова соҳиби чаҳор фарзанд ва 11 набера буда, хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ мебошад.

Вай таи чанд соли дар идороти мухталифи маъмурӣ ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият намуда дар солҳои ахир дар Кумитаи андози кишвар ба ҳайси сардори Шуъбаи кадрҳо фаъолият кардааст ва аз соли 2012 ба ин тараф бознишаста мебошад. Ҳоло даврони нафақаи худро дар канори набераҳояш мегузаронад.

XS
SM
MD
LG