Гурӯҳе аз сарбозони тоҷик ҳамроҳ бо нерӯҳои амрикоӣ дар манотиқи марзӣ амалиёти 24-соатаеро баргузор карда ва шеваи маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шароити кӯҳиро тамрин кардаанд.
Машқҳои низомии 24-соата бахше аз машқҳои сеҳафтаинаи Нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон ва гурӯҳе аз Горди миллӣ аз аёлати Ҷорҷияи Амрико рӯзи 24-уми апрел сурат гирифтааст.
Дар ин бора Сервиси хабарии нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида рӯзи 2-уми май хабар дод. Ҷеймс Ҷексон, аз воҳиди дуввуми ҷангӣ, ки дар ин амалиёти муштараки тамринӣ ширкат доштааст, гуфтааст:
“Мо дар ин амалиёт дидем, ки онҳо (нерӯҳои Тоҷикистон) чӣ гуна амал мекунанд, дам мегиранд ва барои амалиёт омода мешаванд. Маъмурияти аввали онҳо назорати нуқтаи қочоқ, ҷамъоварии маълумот ва омодагӣ ба маъмурияти баъдӣ буд.”
Сарбозони Тоҷикистону Амрико зимни амалиёти шабона маълумот дар бораи қочоқбаронро ҷамъ оварда ва “баъдан дар як водӣ гурӯҳеро, ки раҳо шуда буд, пайдо ва дастгир карданд”
“Мо дар чанд ҳафтаи гузашта бо онҳо дар бораи шеваи боздошту ҷустӯҷу табодули иттилоъ кардем”- гуфтааст, Николас Ивс, афсари дигари амрикоӣ.
Ба гуфтаи Сервиси хабарии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар муддати се ҳафтаи тамринҳои муштарак ду тараф “ба шеваи амалкарду маъмурияти якдигар эҳтиром пайдо карданд”
Ҷеймс Ҷекскон, гуфтааст, ки ба андешаи ӯ, “Нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон бисёр ҳирфаӣ аст”. Ба қавли ӯ сохтори фармондеҳии “онҳо мукаммал, вале мутафовит аз сохтори амрикоӣ” аст. Фармондеҳи амрикоӣ гуфтааст, ки аз ҳамкорӣ бо сарбозони тоҷик бисёр хушҳол шудааст.
"Сарбозони тоҷик таҷрибаи зиёд доранд"
Ба қавли афсари амрикоӣ, сарбозони тоҷик дар амалиёт бахусус дар шароити кӯҳистон таҷрибаи зиёд доранд ва “даст ба даст кор мекунанд, ки бисёр хуб аст”.
Исломзода Фахриддин, фармондеҳи Нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон гуфтааст, ки аз ҳамкорӣ бо сарбозони амрикоӣ бисёр хуб буд ва онҳое, ки ба Тоҷикистон омада буданд, таҷрибаи хуби тамринҳо дар майдонро доштанд.
“Бисёре аз онҳо дар тамринҳо дар майдон ва дар ҷангҳои воқеӣ ширкат кардаанд ва тамрин дар канори онҳо барои мо мояи ифтихор аст” – гуфтааст, Фахриддин Исломзода.
Ҳадаф аз тамринҳо ба гуфтаи сервиси иттилоотии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико табодули иттило ва шеваҳои ҷанг бо шарикони кишвари аст.
Ба ин сурат нерӯҳои мо метавонанд, дар оянда ҳамкорӣ кунанд ва ё аз якдигар биёмӯзанд.
“Ба ин сурат нерӯҳои мо метавонанд, дар оянда ҳамкорӣ кунанд ва ё аз якдигар биёмӯзанд.
Ба қавли Фахриддин Исломзода, ин тамринҳо яке аз роҳҳои барқарории ҳамкориҳои хуб байни Амрикову Тоҷикистон аст.
Амрико барои таҳкими артиши Тоҷикистон, аз ҷумла Нерӯҳои посдори сулҳ миллионҳо доллар кӯмак кардааст ва дар гузашта ҳам ду тараф тамринҳои муштарак доштаанд.
Нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон чанд соли пеш таъсис ёфт ва сарбозони кишвар дар чанд амалиёти байналмилалӣ аз ҷумла таъмини субот дар Судон ширкат кардаанд.
Бародар рухат шод бод. Афсус. Дар рузи Чумьа нархро арзон мекардааст. Хозир ин хел сохибкорон кареб ки вучуд надоран. Хозир сохибкорон дар мохи шарифи Рамазон нархро гарон кардаанд. Кани ба монанди бародар Умед! Чоят чанаттул Фирдавс боша
шукрона кунед бе хурокам зиндаги карда мешавад
Куллу нафсин зоиқату-л-мавт. Ақаллан Қуръону Ҳадисро дуруст хонед, баъд гап бизанед.
Аз ин кишвар харчи зудтар гурехтан, бехтарин икдом аст! Зудтар 🚀🚀🚀
Инора америка пачак кардесаю , ино бошан се чор мамлакате ки катишонан хаминора гам додесан. Баъд як чизи дигар ки , аз таможний союзи казокистону ,арманистону, киргизистон чи фоида боша . Ба худо гузарондан хамино лекин. Хай махкам кнед тамоман то икадар як хел бечора ба гаму тарс кор кардана. Безор ай чон кардан хамин расия. Кай инора ба мо зор мекада боша намедонм. Як бор зоре шида бдан ки то бас гуфтана. Худо накунад ин даъфа ба фикрм хама противи расия мешава. Наход мардуме ки аз таги пою дасти фашист шумора халос кна шумо хамихел ба мукобилшон рафтор кнед. Хозир якхелаш мешина мега кошке немисода ёрдам мекадем . Вактащда чойи хоб додем, бобову, бародарора ай даст додем барои руссхо имруз рафтору кирдору гапзании инора бин. Министр МВД -и Рассия мега ваших нелегалов на моих земля. . Ана биёву биги. Чархофалака ждат мекнем да акнун