Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушҳолии ҳазорон нафар дар Тоҷикистон аз пирӯзии Ҳабиб Нурмагамедов. ВИДЕО


Рақобати деринтизори ду варзишгари маъруф, ки дар Тоҷикистон ҳам бисёриҳо мунтазири он буданд, бо пирӯзии Ҳабиб Нурмагомедов аз Русия ба поён расид.

Муҳорибаи бидуни қоидаи ду нафар шаби 6-уми октяр дар шаҳри Лас-Вегас дар Амрико сурат гирифт. Рақиби ҷанҷолии ӯ аз Ирландия Конор Макргрегор, ки бо баёниҳои басҳсбарангезаш ном баровардааст, дар даври чаҳоруми рақобат ба фишори сахт ва нафасгиркунандаи Ҳабиб Нурмагомедов, тоб наёвард ва таслим шуд. Бо ҳамин варзишгари доғистонӣ унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар муҳорибаҳои UFC-ро ба даст овард.

Шӯру ғавғо дар Доғистон аз пирӯзии Нурмагамедов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

Баъди пирӯзии варзишгари рус дар байни аъзои гуруҳи ҳарду рақиб ҷанҷолу занозанӣ бархост ва аз ин сабаб мусоҳиба бо ғолиби бозӣ ва маросими супурдани камарбанд дар ҳузури мухлисонро лағв карданд. Ҳарду рақиб баъди хотимаи набард, толорро тарк карданд. Бино ба гузоришҳо Ҳабиб Нурмагомедов барои ин ширкат дар ин мусобиқа 2 миллион доллар ҷоиза мегирад.

Дар Тоҷикистон набарди ду тарафро ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ дар толорҳои марказҳои букмекерӣ ва ё тарабхонаву клубҳо тамошо мекарданд.

Тамошо дар кӯчаи Душанбе
Тамошо дар кӯчаи Душанбе

Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳамчунин шоҳиди он буданд, ки чӣ гуна мардум дар бозору канори мағозаҳое, ки дар берун телевизион доранд, дар сари роҳҳо истода бозиро тамошо мекунанд.

Видеоҳое, ки корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, нишон медиҳад, чӣ гуна ҷавонон бо тамошои набард, “Ҳабиб, Ҳабиб” садо мекунанд ва ҳимояти худро аз ӯ нишон медиҳанд.

Қабл аз ин бозӣ масъулони марказҳои букмекерӣ дар Душанбе гуфтанд, таваҷҷӯҳ ба бозӣ хеле зиёд аст ва онҳое, ки шартгузорӣ мекунанд, аз 10 сомонӣ то 30 ҳазор сомонии худро аллакай ба пирӯзии ин ё он варзишгар гузоштаанд.

Манижа Давлатова
Манижа Давлатова

Манижаи Давлат, овозхони шинохтаи тоҷик ду ҳафта пеш аз рақобат гуфт, ҳарчанд мухлиси ашадии Конор Макгрегор, варзишгари ҷанҷолии ирландӣ буд, аммо орзуяш дидани шикасти ӯ дар рақобати моҳи оянда аст.

Манижа дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм навишт, “Чанд сол боз аст, ки рақобатҳои Конор Макгрегорро тамошо мекунам ва баъзеҳо пай бурдаанд, ки мухлиси ӯ ҳастам ва барои ман қаҳрамон фақат ӯст”.

Аммо гуфтааст, Манижаи Давлат мехоҳад, ки дар набарди ӯ бо Ҳабиб Нурмагамедови доғистонӣ, варзишгари рус пирӯз шавад, чун ба навиштаи Манижа “Ҳоло сухан дар бораи виҷдон, номус ва шарафи ман меравад... Сухан дар бораи дини ман меравад, чун ҳеҷ касе ҳақ надорад, онро таҳқир кунад. Ҳар кас, ки набошад, ҳатто касе, ки барои ман маҳбуб аст.”

"Худо кунад, ки ( ӯ шикаст хӯрад)" навиштааст, Манижаи Давлат. Маълум нест, овозхони тоҷик кадом таҳқири Конор Макгрегорро дар назар дорад, аммо дар нишасти хабарии ду рақиб дар рӯзи 20-уми сентябр, Конор Макгрегор падари Ҳабиб Нурмагомедов ва худи ӯро тарсуе номид, ки мисли “барги бед меларзанд”. Байни ду тараф дар гузашта радду бадалҳои тавҳиномез сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG