Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон то ҳол ба дархостҳои Тоҷикистон дар бораи мошинҳо ҷавоб надодааст


Ин мошинҳо моҳи феврал дар марзи Туркманистон дармонданд. Акс аз худи ронандагони тоҷик аст, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд.

Вазири нақлиёт мегӯяд, талошу гуфтугӯҳо бо Туркманистон барои боз кардани роҳи транзитӣ барои убури мошинҳои Тоҷикистон натиҷае надодааст.

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба дархостҳо барои боз кардани роҳ ва номаҳо ба Туркманистон ҳеҷ ҷавобе нагирифтаанд. Ӯ афзуд: "Мо дар ин бора суҳбат кардем, аммо ягон посух нест."

Мақомоти Туркманистон аз 4-уми феврали соли 2019 дигар иҷоза надоданд, ки мошинҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави он бигзаранд. Ин мошинҳо асосан аз Туркияву Эрон ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс мол меоварданд ва ба Туркманистон ворид шуда, аз тариқи он ба Тоҷикистон мерасиданд. Роҳҳои транзитии Туркманистон аз роҳҳои кӯтоҳу осонгузар барои мошинҳои борбаре ба ҳисоб меравад, ки ба Тоҷикистон маҳсулот меоранд.

Мақомоти Туркманистон то кунун нагуфтаанд, чаро намегузоранд, ки мошинҳои борбари Тоҷикистон аз қаламрави он истифода кунанд, вале бархе коршиносон гуфтаанд, ки норӯшаниҳо дар тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон шояд сабаби чунин тасмим шуда бошад.

Туркманистон соли 2016 мутобиқи созиши сеҷониба қисмати 88-километрии роҳро дар қаламраваш сохт, аммо аз ҷониби Тоҷикистон дар ин самт пешравиҳои назаррас сурат нагирифтааст. Бо вуҷуди муроҷиатҳои батакрор ба Туркманистон дар соли 2019, ки ба мошинҳои борбари Тоҷикистон иҷозаи ҳаракат бидиҳад, он кишвар қарорашро тағйир надод.

Дар рӯзҳои аввали бастани гузаргоҳҳои марзии Туркманистон бо Эрон мошинҳои зиёди борбари Тоҷикистон дар қаламрави Эрон дармонданд. Садҳо мошину қатор, ки аз Туркияву Эрон ба Тоҷикистон мол меоварданд, дар марзи Эрон чанд рӯзу ҳафта мунтазир монданд ва соҳибкорони тоҷик зиёни бисёре диданд. Аз ҷумла қаторҳои ашёи хоми корхонаи “Талко”- ро низ ба Тоҷикистон роҳ надоданд ва дар натиҷа чанде аз дегҳои алюмингудозии корхона аз кор монд.

Мақомоти вазорати нақлиёт гуфтанд, ки роҳҳои алтернативиро аз ҷумла аз тариқи Озарбойҷон ва Гурҷистон пайдо кардаанд ва мошинҳои Тоҷикистон ҳоло аз ҳамин роҳҳо ҳаракат мекунанд. Худоёр Худоёрзода гуфт, харҷи сафар дар ин роҳҳо, ки дарозтаранд, зиёдтар аст. Ӯ афзуд: “Ин роҳ дарозтар аст, лекин мо бо ҷумҳуриҳои номбаршуда ҳамкорӣ дорем ва онҳо баъзе имтиёзҳоро пешниҳод кардаанд.”

Мошинҳои борбаре, ки ба Тоҷикистон молу маҳсулот меоранд, тақрибан 600 километр роҳҳои Туркманистонро мегузаранд. Бо вуҷуди ин Туркманистон наздиктарин роҳи транзитӣ барои боркашӣ аз Туркия, Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Тоҷикистон аст.

Туркманистон бори аввал соли 2018 ним сол марзҳояшро ба рӯи мошинҳои Тоҷикистон баст. Мақомоти Туркманистон ва ё сафорати ин кишвар дар Душанбе ҳеҷ гоҳе расман доир ба ин қазия изҳори назар накардаанд. Муроҷиатҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ низ ба сафорат ҳамеша бепосух мондаанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG