Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрами Дарвозӣ. Тоҷири тунисӣ решаҳояшро дар Тоҷикистон меҷӯяд. ВИДЕО


Тоҷири тунисӣ дар ноҳияи Дарвоз.

Макрами Дарвозӣ, тоҷире аз Тунис, мегуяд, ки гузаштагонаш 500 сол пеш аз ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба кишварҳои арабӣ рафта, дар онҷо муқимӣ шудаанд.

Ӯ мудири "Қатар Молл" як маркази бузурги тиҷоратӣ дар Қатар аст. Ҳафтаи гузашта барои пайдо кардани, ба гуфтаи худаш, решаҳои гузаштагон ба ноҳияи Дарвози Тоҷикистон омад.

Макрами Дарвозӣ дар суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ноҳияи Дарвоз "деҳа ва баъзе аз хешовандони худро пайдо кардааст". Аммо маълум нест, онҳо якдигарро аз рӯи чӣ нишонаҳо шинохтаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Тоҷири тунисӣ решаҳояшро дар Дарвоз меҷӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Дар Тоҷикистон ба меҳмонон эҳтироми хос доранд ва ҳар як пайвандӣ бо хориҷиҳоро муҳим мешуморанд.

"Дар рӯи замини Дарвоз ба ду зону задам ва хокашро бӯсидам. Гиря кардам. Пеш аз омадан дар Интернет ноҳияи Дарвозро ҷустам ва акси сангҳои бузург ва роҳҳояшро дида будам",-гуфт ӯ.

Тоҷири 44-солаи тунисӣ мегӯяд, баъди сафар ба Дарвоз ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон, ният дорад, як маркази фарҳангӣ бунёд кунад.

Ӯ гуфт, "Дарвозӣ номи хонаводагии мост. Тавре нақл карданд, бобоҳои мо 500 сол қабл аз Дарвоз ба Яман ва аз онҷо ба Тунис рафтаанд. Мардуми Осиёи Миёна, аз ҷумла Дарвоз аз олимони бофазли улуми исломӣ буданд. Фикр мекунам, яке аз омилҳои ҳиҷрат ба Яману Тунис ҳамин будааст ва ё ҷангҳои давомдор."

Лаҳзае аз сӯҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Макрами Дарвозӣ
Лаҳзае аз сӯҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Макрами Дарвозӣ

Макрами Дарвозӣ як ҳафта баъд аз он ба Тоҷикистон омад, ки Шукурҷон Зуҳуров – раиси порлумон дар ифтитоҳи маркази тиҷоратии ӯ бо номи "Қатар Молл" дар Қатар иштирок кард.

Дар робита ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё Макрами Дарвозӣ метавонад, барои муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қатар мусоидат кунад, гуфт, "аз тарафи ман – "Yes". Ҳар нафаре, ки тахассус дорад ва ба қонуни кишвари мизбон эҳтиром мегузорад, кору зиндагӣ карда метавонад. Мебинам, ки дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и Душанбе ҷавонон забони хориҷиро медонанд ва муомилаи хуб доранд. Ҳатман чунин ҷавонҳо шоистагии кор дар Қатарро доранд".

Макрами Дарвозӣ дар ноҳияи Дарвоз
Макрами Дарвозӣ дар ноҳияи Дарвоз

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG