Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти ронандагони тоҷик аз "пулситониҳо" дар ҳамсоякишвар


Акс аз бойгонӣ

Теъдоде аз ронандагони мошинҳои боркаши Тоҷикистон ва тоҷирони афғон мегӯянд, илова бар таҳдидҳои амниятӣ дар вилояти Кундуз, аз боҷситониҳои идораҳои нақлиёт, пулиси сарҳадӣ ва нозирони роҳ азият мекашанд.

Се ронандаи тоҷик, ки дар Шерхон Бандар дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ иддао кардаанд, ки аз онҳо пайваста ришва меситонанд.

«Ҳарчӣ ки мегиранд, ришва аст, давлати исломӣ мегӯянд, аммо ришва мегиранд» мегӯяд, яке аз ин ронандагон.

Ба гуфтаи ронандаи дигар, бо вуруд ба Афғонистон пулситонӣ сар мешавад. «Ҳамин ки ба Афғонистон ворид мешавем, 80 сомонӣ сарбозаш мегирад. Барои чӣ мегирад, мо намедонем, бе ягон санад. Қонунӣ аст, ё ғайриқонунӣ мо намедонем» - мегӯяд, ӯ.

Ронандаи саввум низ гуфтааст, аз онҳо на фақат афғонӣ, балки пули миллии Тоҷикистонро ҳам мегиранд.

«Мо қонунҳои инҷоро намедонем. Аввал дар гузаргоҳи сарҳад 35 сомонӣ мегиранд, пул надиҳӣ барои 5 сомонӣ аз роҳат мегардонанд» - гуфтааст, ронандаи дигари тоҷик.

Гузаргоҳи дигари марзии Тоҷикистону Афғонистон
Гузаргоҳи дигари марзии Тоҷикистону Афғонистон

Шермуҳаммад Устувор, мудири Иттиҳодияи тоҷирони афғон дар ноҳияи Шерхон Бандари Кундуз мегӯяд, ки барои рафъи ин мушкилот чандин мактубро аз вазорати саноеъ ва тиҷорати Афғонистон овардаанд, аммо пулситониҳои ғайриқонунӣ аз байн нарафтааст. «Тиҷорат дар Шерхон-Бандар коҳиш ёфтааст ва иллаташ ҳамин пулситониҳо аст. Масалан пулҳое, ки дар Шерхон Бандар мегиранд, ғайриқонунӣ аст» - мегӯяд, ӯ.

Аз тарафи дигар Маҳмаднозир Нозирӣ, сарпараст ва мутасаддии гузаргоҳи Шерхон- Бандар ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ касе аз ронандагон ғайриқонунӣ пул намеситонад ва ҳар мошине, ки аз пули Шерхон Бандар мегузарад, бояд тақрибан 2 доллар боҷ супорад.

Аввал дар гузаргоҳи сарҳад 35 сомонӣ мегиранд, пул надиҳӣ барои 5 сомонӣ аз роҳат мегардонанд.

«Мо мутобиқи дастури вазорати саноеъ ва тиҷорат, бояд барои хадамоти бандарӣ 180 афғонӣ боҷ бигирем. Мо пули ғайриқонунӣ намегирем» - гуфт, Маҳмаднозир Нозирӣ.

Намояндагони пулис, идораи нақлиёт нахостаанд, бораи ин масъала бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кундуз суҳбат кунанд. Теъдоде аз тоҷирони афғон гуфтаанд, ки аз чунин вазъ ба дод омадаанд. Айни замон ронандагони мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки агар пулситонии ғайриқонунӣ ба ҳамин минвол идома кунад, онҳо аз интиқоли молу колои тоҷирони афғон даст мекашанд.

Шерхон Бандар, яке аз гузаргоҳҳои аслӣ барои интиқоли молу коло аз Афғонистону Покистон ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва айни замон ҳазорон тонна маҳсулоту бор аз Тоҷикистон ба ин ду кишвар меравад. Аз ин гузаргоҳ рӯзона даҳҳо мошини борбар мегузарад ва бисёре аз онҳо мошинҳои ронандагони Тоҷикистон аст.

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG