Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи "Ойхонум" дар марз бо Тоҷикистон аз Толибон бозпас гирифта шуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, рӯзи 19-уми август дар пайи як амалиёти нерӯҳои давлатӣ гузаргоҳи "Ойхонум" дар марзи Тоҷикистонро аз дасти гурӯҳи Толибон бозпас гирифтанд.

Аммо гузаргоҳ дар пайи тирпарронӣ комилан хароб шуда, имкони интиқоли молу маҳсулот вуҷуд надорад. Гузаргоҳи "Ойхонум" дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи "Кокул"-и ноҳияи Фархор ҷойгир аст ва вилояти Тахорро бо минтақаи Кӯлоб мепайвандад.

Гузаргоҳи "Кокул" дар
ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо вилоятҳои Тахор ва Кундузи Афғонистон ҳаммарз аст.Ин ягона гузаргоҳе буд, ки солҳои 1996-2001 "Толибон" бар он назорат надоштанд.

Халил Асир, сухангӯи пулиси Тахор рӯзи 20-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи Толибон ду амад ё кишти боркашониро тахриб кардаанд.

Ӯ гуфт, "утоқҳои корӣ ва ҳама дастгоҳи боркашонӣ хароб шудааст. Гузаргоҳ комилан дар дасти давлат аст. Ба ҳамкорони тоҷики худ хабарро расонидем. Барои дубора ба роҳ мондани интиқоли молу маҳсулот вақт лозим аст. Бандар пурра хароб аст, бояд он тармим шавад."

Ин мақоми пулис гуфт, гузаргоҳи "Ойхонум" дар вилояти Тахор як нуқтаи муҳими стратегӣ арзёбӣ мешавад. Чун, ба гуфтаи ӯ, аз тариқи ин гузаргоҳ, молу маҳсулоти ниёзи мардум интиқол меёбад, ки бинобар ноамнӣ аз тариқи Кундуз номумкин аст.

"Зиёни зиёд дидааст"

Мақомоти тоҷик низ мегӯянд, хабари ба дасти нерӯҳои давлатӣ гузаштани гузаргоҳи "Ойхонум"-ро дастрас кардаанд. Як мақоми нерӯҳои марзбонӣ рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳанӯз гузаргоҳ ба кор шурӯъ накардааст.

Харитаи вилояти Тахор ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон.
Харитаи вилояти Тахор ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон.

"Ин минтақа дар як сол чанд бор аз ҷониби Толибон ғасб шуда буд. Лекин ин бор, аз гуфтаи ҳамкорони афғон, зиёни зиёд расидааст. Мо омодаи иҷозаи интиқоли молу маҳсулот ҳастем ва фақат интизорем, ки ҳамкорони афғон дастгоҳҳоро дуруст кунанд",-гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

"Кокул" Тоҷикистонро бо ду Кундузу Тахор мепайвандад

Гузаргоҳи "Кокул", ки дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи "Ойхонум" ҷойгир аст, аслан барои содироту воридоти молу маҳсулот, мислиполезиҳо, орду шакар ва семент истифода мешавад. Миёни гузаргоҳи "Кокул" дар ноҳияи Фархор ва "Ойхонум" дар Тахори Афғонистон пул вуҷуд надорад. Молу маҳсулот аз ин гузаргоҳ тариқи амад кашонда мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо барои бунёди пул дар миёни ин ду гузаргоҳ таваҷҷуҳ карда буд. Қарор аст, баҳори соли 2019 бо маблағгузории Иттиҳодияи Аврупо сохтмони пул оғоз шавад. Ҳаҷми молу маҳсулоте, ки аз ин гузаргоҳ интиқол меёбад, маълум нест. Вале соҳибкорон онро як масири муҳим арзёбӣ мекунанд.

Гузаргоҳи "Кокул" дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо вилоятҳои Тахор ва Кундузи Афғонистон ҳаммарз аст. Ин ягона гузаргоҳе буд, ки солҳои 1996-2001 "Толибон" бар он назорат надоштанд ва аз ин дидбонгоҳ ба минтақаҳое, ки таҳти тасарруфи "Толибон" набуд, маводи озуқа ва сӯзишворӣ интиқол дода мешуд.

XS
SM
MD
LG