Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримҷони 17-сола аз фоҷиа дар рӯзи Иди Қурбон пешгирӣ кард


Каримҷон хоҳаронро аз ин рӯдхона наҷот дод.
Каримҷон хоҳаронро аз ин рӯдхона наҷот дод.

Иди Қурбони имсола барои хоҳарон Мавзунаи 8-сола ва Фотимаи 6-сола қариб бо фоҷиа анҷомид. Ҳарду ҳангоми идгардак ба дарё афтоданд ва ҷавоне тасодуфан онҳоро дида аз об берун кашид.

Модарашон Шоира Ҳасанова рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди рафтани кӯдаконаш ба ид чанд соат баъд ба ӯ хабар доданд, ки духтаронашро аз як шохаи рӯдхонаи Вахш пайдо кардаанд.

Ӯ афзуд, "гуфтанд, идгардак меравем, намедонистам, ба куҷо рафтаанд. Аз болои қубур мехостанд, он тарафи дарё гузаранд, вале афтодаанд. Ман намедонистам. Рафтам, ки кӯдаконро, сарашонро поин кардаанд ва аз даҳонашон кафк мерехт" - афзуд Шоира Ҳасанова.

Фалокат дар деҳаи Занҷиробод дар ноҳияи Вахш рух додааст. Духтарон хостаанд, аз зодгоҳашон ба деҳаи Меҳнатобод гузашта, идро идома бидиҳанд. Ду деҳаро як қубури ғафсе ба ҳам мепайвандад ва баъзе аз сокинон онро ба ҳайси пул истифода мекунанд.

Мақомоти ноҳияи Вахш ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки агар Каримҷон Вализода, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 21 намебуд, кӯдакон ҷон медоданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки онҳоро аз ин ҳодиса огаҳ кардаанд.

Каримҷон Вализода, хонандаи синфи 11-ум, ки бо ризояти волидайн бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, гуфт, вақте барои обгирӣ рафт, тасодуфан кӯдакҳои беҳаракатро рӯи об дид. Ӯ афзуд, "ман худам дуруст оббозӣ карда наметавонам, вале вақте кӯдаконро дидам, худамро гум кардам, намедонистам, ки чӣ мешавад, зуд ба об парида кӯдакро берун овардам. Кӯдакон мисли мурда буданд, вале сарашонро поин нигаҳ дошта, обро аз даҳону биниашон рехтам, зинда мондаанд".

"Беҳтар аст, рӯзи ид ҳам кӯдаконро беназорат нагузорем"

Як сокини деҳаи Меҳнатобод ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд пули бехатар барои гузаштани кӯдакон аз Занҷиробод вуҷуд дорад, вале онҳо барои наздик кардани роҳ аз рӯи қубур мегузаранд. Ба қавли ӯ чанд нафар дар гузашта аз болои ин қубур афтода дар рӯдхонаи Вахш ғарқ шудаанд.

Сулаймон Исозода, сардори идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон гуфт, рӯзи 17-уми август, ки наҷотбахшон ҷашн доранд, Каримҷон Вализодаро барои наҷоти ду ноболиғ қадрдонӣ мекунанд. Модар мегӯяд, ки дар ғарқшавии кӯдакон худро гунаҳгор медонад. Ӯ афзуд, азбаски тифли навзод дошт, натавонистааст, духтарони бузургтарашро назорат кунад.

Коршинос дар минтақа Рустами Сафар мегӯяд, бо вуҷуди онки идгардак як расми паҳншуда дар кишвар аст, вале беҳтар аст, кӯдакон беназорат набошанд. "Ман пешниҳод доштам, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳамин гуна ҳолатҳо, гаштани кӯдакон низ назорат шавад, чун падару модар беаҳамиятӣ мекунанд ва бачаҳо метавонанд, гум шаванд ё фоҷиае мисли ғарқшавӣ ба сарашон биёяд"- афзуд вай.

Идгардак дар деҳоти водии Вахш барои бачаҳо аз соати 5 саҳар оғоз мешавад ва то бегоҳ идома мекунад. Бачаҳо барои бештар ҷамъоварии ширинӣ ва пур кардани халтаҳояшон ба деҳаҳои ҳамсоя ва дур низ мераванд.

XS
SM
MD
LG