Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳусноро:Шогирде, ки устодонашро дар ҳайрат гузошт. ВИДЕО


Ҳусноро гоҳе дар хона ба кӯдакон дарси ройгон медиҳад.

Реҷаи Ҳуснорои 16-сола, аз дигар дугонаву ҳамсабақонаш фарқ мекунад. Ӯ барои бозиву сӯҳбат бо ҳамсолон вақти зиёд надорад, чунки баъд аз дарси мактаб шогирдони хурдсолаш ӯро интизоранд.

Ҳусноро ба ин кӯдакон ройгон забони англисӣ меомузад. Бо ин роҳ ҳам забондонии худро тақвият медиҳад ва ҳам тавре худаш мегӯяд, вақте кӯдакон аз ӯ як калимаи англисӣ ёд мегиранд, хеле хушҳол мешавад:

“Бо кӯдакон кор кардан мушкил вале аз сӯйи дигар бисёр шавқовар аст, бо онҳо бозӣ мекунем, рақс мекунем, сурудҳои англисӣ мехонем. Вақте мебинам, ки шогирдонам бо англиси чизе мегӯянд, хеле хушҳол мешавам.”

Ҳусноро мехоҳад ҳуқуқдон шавад.
Ҳусноро мехоҳад ҳуқуқдон шавад.

Ҳусноро Хоркашова дар як оилаи миёнаҳол, дар хобгоҳе воқеъ дар маҳаллаи 33 зиндагӣ мекунад. Кӯдакони зиёде дар ҳамсоягии ӯ мехоҳанд, забони англисӣ омӯзанд, аммо на ҳама имкон доранд, бо пардохти пул дар марказҳои забономӯзӣ таҳсил кунанд. Ҳусноро ҳам барои амалӣ кардани ин орзуи кӯдакон ҳар рӯз чанд соати худро ба онҳо мебахшад.

Илтиҷо барои таҳсил

Ӯ нақл мекунад, ки 4 соли пеш, баъд аз исрору хоҳишҳои зиёд аз волидонаш барои таҳсил дар як маркази забономӯзӣ иҷоза гирифт. Як муддат пулакӣ хонд ва баъди аз худ кардани имлои ин забон ба худомӯзӣ шурӯъ кард.

“Бисёриҳо мегӯянд, шароит нест, ки ба курсҳои омӯзишӣ равем. Ман ҳоло ба ин хулоса омадам, ки барои ин муҳим нест, мо пул диҳему курс равем. Тавре мегӯянд, худомӯзӣ беҳтар аз 7 устод аст. Ман ҳар рӯзе камаш 10 - 15 луғат, агар бисёр банд бошам, 5 калимаро аз худ мекунам. Дар варақҳо менависам ва дар ҳар ҷойи хона меовезам, то дар хотирам нақш бандад” – гуфт, ӯ

Дар таътили тобистона сафи шогирдони Ҳусноро зиёд мешавад. Чанде аз ҳамсабақонаш ҳам аз ӯ хоҳиш кардаанд, дар таътил ба онҳо забони англисӣ омӯзад.

Ӯ таҷрибаи дарс додан ба бузургсолонро низ дорад. Ҳусноро мегӯяд, вақте дар синфи 8 мехонд, дар маркази омӯзишии “Садр” ба ҷавонони бузургтару кормандони ширкатҳо дарси англисӣ медод.

Намехоҳем, кӯдак ба мо дарс гӯяд

Ҳангоми дарс
Ҳангоми дарс

“Баъди дарсҳои мактаб ба маркази омӯзишӣ мерафтам ва чун волонтер ба муаллимаҳо кӯмак мекардам. Вақтҳое, ки онҳо ягон кор медоштанд ман ба ҷояшон дарс медодам. Аввал хонандаҳо, ки аз ман калонтар буданд, вақте маро медиданд, мегуфтанд, намехоҳем, ба мо як кӯдак дарс диҳад”- қисса мекунад, Ҳусноро

Шеваи тадриси Ҳусноро ба шогирдони аз худаш бузургсолтар дар раванди таълим писанд омад ва онҳо хостанд, ки назди ин наврас дарс бигиранд. Ҳусноро мегӯяд: “Баъдан ман худ як гурӯҳ гирифта дарс медодам. Шогирдоне доштам 25- сола буданд ва кор мекарданд.”

Тарки дарсгӯӣ барои дарси худ

Агарчӣ кор бо шогирдони калонсолтар барои Ҳусноро осон буд, вале барои дур намондан аз дарсҳои мактаб, ки як соли дигараш боқӣ мондааст, дарс доданро бас кард. Аммо акнун ӯ дарсҳои англисии худро бо ҷалб ва тадриси кӯдакони маҳалла такрор ва такмил мекунад.

Ҳусноро мегӯяд, талош дорад, бо кӯдакон дар дарс ягон калимаи тоҷикӣ истифода набарад, то онҳо маҷбур шаванд аз ӯ чизе бигиранд: “Ман аз онҳо аслан пул намепурсам ва маблағе ҳам муайян накардаам, фақат баъзан баъзе аз волидон кори маро қадр карда ягон тӯҳфае тақдим меккунанд. Ман барои такмили дониши худаму омӯхтани кӯдакон ин корро мекунам.”

Гоҳо ин наврас бо пешниҳод ва тавсияи наздикон ба сайёҳону меҳмонони хориҷие, ки ба Тоҷикистон меоянд, тарҷумонӣ ва роҳбаладӣ мекунад. Ҳаққи хизматаш барои харидоии китобҳои англисӣ ва маводҳои лозимаи таълими кӯдакон сарф мешавад. Бо вуҷуди таҷрибаи омӯзгорӣ Ҳусноро мехоҳад, ҳуқуқшинос шавад, чун фанни таъриху ҳуқуқро дӯст медорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG