Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як бефаҳмӣ кардааст". Бародари раиси бахши ҲСДТ дар Рашт чаро боздошт шуд?


Ҷунайдулло Худоёров.
Ҷунайдулло Худоёров.

Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоии зодаи ноҳияи Рашт субҳи 22-уми январ боздошт шуда, ба Душанбе интиқол ёфтааст. Худоёрови 34-сола, ки худро як соҳибкоре дар Сургути Русия муаррифӣ мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоии назири "Фейсбук" дар робита бо ҳаводиси Тоҷикистон ва ҳам таҳаввулоти ноҳияи Рашт, шарҳҳои танқидӣ нашр мекунад.

Дар ҳоле, ки наздиконаш боздошти Худоёровро ба изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" рабт медиҳанд, ходимони пулиси Душанбе дар шарҳи боздошти ӯ кӯтоҳ мегӯянд, “як бефаҳмӣ кардааст”.

То ба ҳол маълум нест, ки Худоёров бар асоси кадом иттиҳом боздошт шудааст ва то куҷо дар рӯзи нахустини дастгир шуданаш бо вакили дифоъ таъмин шудааст.

Ҷунайдулло бародари Фарҳод Худоёров, раиси бахши раштии ҲСДТ аст, ки рӯзи 15-уми январ баъди 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ барои “дашноми ҳукумати ноҳия” ба озодӣ баромад. Худи Фарҳод Худоёров баъди озод шуданаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “гуноҳ”-и аслии ӯ ин навиштани паёмак ё СМС ба раиси ноҳия дар бораи чанд мушкилоти маҳаллӣ буд.

Ҷунайдулло Худоёров субҳи 22-юми январ аз ҷониби шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт боздошт шуда, ба Раёсати корҳои дохилии Душанбе интиқол ёфт ва худи ҳамон рӯз ба боздоштгоҳи ин раёсат воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷой дода шуд.

Як мақоми Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рашт рӯзи 22-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷунайдулло Худоёров субҳи имрӯз ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе оварда шуд ва феълан дар боздоштгоҳи шаҳр нигоҳдорӣ мешавад. Дар иртибот ба сабаби боздошти Худоёров ин манбаъ гуфт, ки “бефаҳмӣ” кардааст ва барои ҳамин ба раёсат оварда шудааст. Ин намояндаи пулиси ноҳияи Рашт аз шарҳи бештари қазия худдорӣ кард.

Қаноатшоҳ Лоиқов, раиси ноҳияи Рашт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз боздошти Ҷунайдуллоҳ Худоёров хабар надорад ва агар кормандони интизомӣ ӯро боздошт карда бошанд, онҳо маълум хоҳанд кард, ки барои чӣ дастгир шудааст.

"Ман аслан дарак надорам. Дар инҷо бахши интизомӣ аст, онҳо ба масъалаи ҷурму ҷиноят машғул ҳастанд ва онҳо маълум хоҳанд кард, ки то кадом андоза ба ҷиноят даст задааст. Мо аслан ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ машғул ҳастем, хабар надорам.”

Фарҳод Худоёров, раиси бахши ҲСДТ дар Рашт ва бародари Ҷунайдуллоҳ Худоёров, рӯзи 22-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи барвақт Ҷунайдуллоро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват намуданд ва бо мошин ба Душанбе бурданд. Вай гуфт, дигар аз сарнавишти бародараш дарак надорад.

Фарҳод Худоёров афзуд, дар ҳафтаи гузашта “чор маротиба бародарашро кормандони ШКД-и ноҳия барои пурсиш даъват карда буданд ва дар бораи навиштаҳояш дар "Фейсбук" ва дигар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ, пурсон шуданд”. Фарҳод Худоёров гуфт, ки аз рӯи сӯҳбатҳои ходимони пулис аён буд, ки ӯро “дар узвияти Салафия ва "Гурӯҳи 24" мехоҳанд айбдор кунанд, вале дар асл ӯ ба ин гурӯҳҳо ҳеҷ рабте надорад”.

“Ман дар вақти пурсишҳо ҳамроҳи бародарам будам. Кормандони шӯъба пурсиданд, ки “бар кадом асос раиси Кони ангишти ноҳияро танқид кардаӣ, дар бораи Шӯъбаи маъориф чаро навиштӣ, ки аз талабаҳо чормағз мегиранд, далел дар бораи Бахши андози ноҳия дорӣ, ки фаъолияти онро танқид кардаӣ?” ва боз суолҳои зиёд доданд. Онҳо гуфтанд, ки тафтиш мекунанд ва “агар ғайриқонунӣ ва беасос танқид карда бошӣ, ба маҳкама кашида мешавӣ” гуфтанд.

Мавҷӣ Зарипова, модари Ҷунайдулло Худоёров гуфт, ки писараш дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва дар фасли зимистон барои дидани чаҳор фарзандаш омада буд. Бачаи ман менависад, лекин беасос наменависад”,- гуфт модари Ҷунайдулло Худоёров.

Дар ҳоле, ки маълум нест Худоёров бар асоси кадом иттиҳом боздошт шудаасту то куҷо дар рӯзи нахустини дастгир шуданаш бо вакили дифоъ таъмин шудааст, исми ӯ барои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти электронӣ то андозае ошно аст.

Аз ҷумла, дар як матлаби Радиои Озодӣ дар заминаи мушкили танфурӯшии занон дар Тоҷикистон, Ҷунайдулло Худоёров дар саҳифаи "Фейсбук"-и Радиои Озодӣ навишта буд: “Барои онки танфурӯшӣ кам шавад, бояд барои занҳои бекору бесарпараст ҷои кор ва маоши хуб ташкил намуд. Аксари занҳое, ки даст ба танфурӯшӣ мезананд, аз рӯи камбағаливу қашшоқӣ чунин мекунанд. Агар не, онҳо низ мехоҳанд зиндагии тозаву мӯътадил дошта бошанд”.

Қонунҳои Тоҷикистон барои нашри маводи таҳқиромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла пахши тугмаҳои «лайк» зери навиштаҷоти таблиғкунандаи ақидаҳои ифротиву зиддидавлатӣ, муҷозот пешбинӣ мекунад. Моҳи ноябр дар Хатлон ҷавони 21-сола барои «лайк» ва «класс» зери маводи таблиғкунандаи ДИИШ дар як шабакаи иҷтимоӣ, ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти интизомӣ дар ҷанубиТоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки даҳҳо парвандаи ҷиноии афроди муттаҳам ба фаъолиятҳои экстремистию террористӣ дар моҳҳои охир бар асоси навиштаҷот, шарҳ ё пахши тугмачаҳои вижаипуштибонӣ аз фикру ақидаҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз шудаанд. Омори дақиқи онҳо нашр намешавад.

XS
SM
MD
LG