Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Рашт: "Ҳабси фаъоли ҲСДТ ангезаи сиёсӣ надорад"


Мақомоти ноҳияи Рашт мегӯянд, Фарҳод Худоёров, як узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои таҳқири раҳбарияти ноҳия ба ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 шабонарӯз маҳкум шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳукме, ки дар остонаи Соли нав содир шуд, ангезаҳои сиёсӣ надорад.

Вале раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки Фарҳод Худоёров намояндаи ин ҳизб дар минтақаи Рашт мебошад, бо пахши изҳороте гуфт, ки боздошт ва маҳкумияти як узви фаъолашон идомаи фишорҳо ба ин ҳизб аст ва аз мақомот расидагии мунсифона ба ин қазияро дархост карданд.

Модари ин фаъоли сиёсӣ иддао дорад, ки мақомот барои фаъолиятҳои сиёсии писараш ба ӯ фишор меоранд.

Ҳукми ҳабси 15-шабонарӯзии раҳбари намояндагии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар минтақаи Рашт се соат қабл аз фарорасии Соли нави мелодӣ, яъне шаби 31 декабр содир шудааст. Қаноат Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Фарҳод Худоёров тибқи ҳукми додгоҳ ва дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунгузорӣ ҷазо гирифтааст.

Ҷаноби Лоиқзода гуфт: "Ҳукми додгоҳ бар асоси баёноти шоҳидон бароварда шуд. Вай дар суханҳояш на танҳо маро, балки тамоми мақомоти интизомии ноҳияро таҳқир кард ва ҳукми додгоҳ нисбаташ қонунӣ буд. Шоҳидон, аз ҷумлаи сокинони маркази ноҳияи Рашт буданд, ки таҳқирҳои Худоёровро шунидаанд."

Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Рашт аз рӯзи 31-уми декабр гуфта мешавад, ки Фарҳод Худоёров рӯзи 30-юми декабр дар дохили бинои ҳукумати ноҳия дар пайи баҳс бо ҳуқуқшиноси ҳукумат “раиси ноҳия, раиси суд, прокурор, милиса ва амниятро дашноми қабеҳ дода, осудагии кормандони мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Раштро халалдор сохтааст".

Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Додгоҳ Худоёровро барои нақзи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гунаҳор эълон кардааст. Вале дар додгоҳ худи Худоёров ин гуноҳро эътироф накардааст. Дар ҳоле, ки мақомот аз ироаи ҷузъиёти моҷаро худдорӣ мекунанд, раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократ дар Душанбе бовар дорад, ки мурофиа ва ҳукми додгоҳ одилона набуд. Раиси ҳизб Раҳматулло Зоиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми январ гуфт, ки ҳукми Худоёров дар рӯзи боздошташ содир шуд.

"Ба ман шоми 31-юми декабр хабар доданд, ки Фарҳод Худоёров боздошт шуда, худи ҳамин шаб мурофиаи додгоҳиаш баргузор мешавад. Ман бо мақомоти маҳаллии ноҳияи Рашт дар тамос шуда, хоҳиш кардам, ки мурофиа ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шавад, то мо тавонем дар он ширкат кунем. Аммо раҳбарияти ноҳия ин хоҳиши моро напазируфтанд ва чанд соат қабл аз фарорасии Соли нави мелодӣ додгоҳ ҳукми худро содир кард".

Баҳси сари қитъаи замин

Раҳматулло Зойиров афзуд, ки ҳоло баъд аз ошноӣ бо ҳама ҷузъиёти ин ҳодиса ба унвонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як муроҷиатнома таҳия карда, аз ӯ хостааст, ки ба ин қазия расидагии мунсифона сурат бигирад. Ҳарчанд, ҷаноби Зойиров бовар дорад, ки то замони баррасии дархосташ, бо эҳтимоли зиёд Фарҳод Худоёров ба озодӣ мебарояд.

Ба иттилои раҳбарияти Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, Фарҳод Худоёров аз мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Рашт иҷозаи сохтмони манзил дар як қитъаи заминро гирифта, машғули бунёди хонаи нав буд. Баъди муддате қарори ихтисоси замин бекор шуд ва зоҳиран ҳамин мавзӯъ мавриди баҳси Худоёрову мақомоти маҳаллӣ шуд.

Модари Фарҳод: "Писарам як шахси фарҳангӣ аст"

Мавҷӣ Зарипова, модари Фарҳод Худоёров рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Баҳс сари 9 сотих замин меравад, ки раиси ноҳия бо қарори худ барои сохтмони ҳавлӣ ба писарам ҷудо карда буд. Аммо, баъд додситони ноҳия ин қарорро бо баҳонаи он, ки гӯё ин қитъаи замини обӣ мебошад, бекор кард. Писарам аз бекор кардани қарори раиси ноҳия изҳори норозигӣ карда, мегуфт, ки мақомот мехоҳанд аз вай барои ин қитъаи замин пул ситонанд."

Модари Фарҳод Худоёров гуфт, ки писараш намояндагии Донишгоҳи Маскав дар шаҳри Норини Қирғизистонро аз рӯи ихтисоси робитаҳои байналмиллалӣ ва ҳуқуқшиносӣ хатм карда, як шахси фарҳангӣ ва донишманд аст. Вай гуфт, дар гузашта ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки “писараш таҳқири касеро барои худ раво бинад”. Модари ин фаъоли сиёсӣ иддао кард, ки мақомот барои фаъолиятҳои сиёсии писараш ба ӯ фишор меоранд. Феълан, ки худи Худоёров дар ҳабс аст, дарёфти иттилои бештар дар бораи асли ин моҷаро имкон надорад.

Дар Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳманзар аст, замин моли давлат маҳсуб мешавад. Дастрасӣ ба замин ба хотири бунёди манзил аз мушкилоти рақами як ба ҳисоб меравад ва тасмими ҷудо кардани замин барои бунёди манзил ба сокинон бар асоси тасмими сохторҳои марбутаи давлатӣ сурат мегирад. Дар додгоҳҳои Тоҷикистон баҳсҳои марбут ба дастрасӣ ба замин зиёд баррасӣ мешаванд.

Нигаронии Зоиров аз фишорҳо

Боздошт ва ҳабси Фарҳод Худоёров, раҳбари созмони Ҳизби сотсиал – демократ дар минтақаи Рашт дар ҳолест, раҳбарияти ин ҳизб борҳо аз фишор болои аъзоёнаш нигаронӣ кардааст. Моҳи ноябри имсол Раҳматилло Зоиров, раҳбари ин ҳизб гуфт, ки мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт, вале дар ниҳоят афроди ҳамлагар ошкор нашуд.

Зоиров дар гузашта борҳо гуфтааст, ки мақомот дар Тоҷикистон дар роҳи фаъолияти ин ҳизб ва аъзоёнаш монеаҳо эҷод мекунанд. Чанде пеш ҳизб мехост анҷумани ҳизбашро дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе барпо кунад, аммо мақомот барои ин ҳизб дар ҳеҷ ҷо иҷозаи баргузор карданро надодаанд. Ин аст, ки раҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, то анҷумани ҳизбро ҳамроҳ бо 20-умин солгарди таъсиси ҳизб баҳори соли ҷорӣ доир кунад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи марти соли 1998 таъсис шудааст. Ҳизб мегӯяд, ҳудуди 8,5 ҳазор узв дорад, вале ҳеҷ гоҳ натавонистааст ба парлумон роҳ ёбад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG