Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдумалик - ношири наворҳои фаҳш ё ..?


Ҷавоне, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро барои паҳн кардани наворҳои фаҳшо ё порнографӣ 20 000 сомонӣ ҷарима баст, мегӯяд, амалан ӯро барои нашри китобҳое ҷазо доданд, ки дар дохилашон маводи фаҳш ҳам будааст.

Абдумалик Абдураҳимови 23-сола ҳамчунин иддао дорад, ки ӯро на барои паҳн кардани фаҳшо, балки барои рекламаи беиҷозаи матолиби як сомонаи дигар ҷазо додаанд, ки масъулияташ дар дӯши соҳибони он сомона аст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ахиран Абдураҳимовро бо ҷурми паҳн кардани наворҳои фаҳш ё порнографӣ 20 000 сомонӣ, муодили 4 000 доллар

Вале додрас Хуршед Исозода, рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдураҳимов бино бар банди 241-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне таҳия ва нашри ғайриқонунии маводи порнографӣ муҷрим шинохта шуд. Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқи гуноҳи Абдумалик Абдураҳимовро пурра исбот карда, муҷозоти ӯ тибқи Қонуни ҷиноии соли 1989 сурат гирифт: «Абдураҳимов линки сайтҳои порнографиро дар сайти худаш монда, аз ин ҳисоб ҳам шумораи хонандагони худро бештар мекардааст ва ҳам дигар сайтро - реклама. Ба ин тариқ аз сайтҳое, ки реклама мекард, ҳар моҳ ба андозаи 250 доллари амрикоӣ маблағ мегирифтааст. Ҳангоме тариқи сайти сохтаи Абдураҳимов хонанда ба дигар сайт ворид мешавад, ба суратҳисоби вай маблағ мегузарад.»

Ҳамчунин ба гуфтаи додгоҳ, Абдумалик Абдураҳимов ба хотири ба даст даровардани даромади муфт бе иҷозати моликони як сомонаи интернетии хориҷӣ, ки ба нашри наворҳои шаҳвонӣ машғул аст, “сабтҳои видеоии хусусияти шаҳвонидоштаро дар ҳаҷми 10 000 (даҳ ҳазор) адад навор ба сомонаи худ интиқол дода ва аз ин ҳисоб шумораи истифодабарандагони сомонаашро зиёд кардааст, ки ин боиси аз ҷониби шаҳрвандон дастрас гардидани сабтҳои видеоии хусусияти шаҳвонӣ дошта гардидааст.“

Аммо Абдумалик Абдураҳимов, ки қарор аст, имсол яке аз донишгоҳҳои Душанберо хатм кунад, рӯзи 6-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳи Исмоили Сомониро бемантиқ донист. Вай гуфт, маводи фаҳшомезро тарғиб накарда, танҳо бастаи китобҳои электрониеро дар торнамояш ҷой додааст, ки аз мӯҳтавои онҳо огоҳ набуд: «Он китобҳое, ки аз дигар сайт гирифта, дар сомонаи худам реклама мекардам, дар дохилашон боз маводи порнографӣ ҳам будааст, ки ман аз ин хабар надоштам. Намедонистам, ки дар зери рекламаи китобҳо боз наворҳои фаҳшо ҳам будааст.»

Вале намояндагони додгоҳ мегӯянд, мутахассисону коршиносон дар ҷараёни таҳқиқ мушаххас карданд, ки маводи истифодабурдаи Абдураҳимов воқеан фаҳшомез ва порнографӣ буда, тибқи қонунгузории Тоҷикистон паҳн намудани он манъ аст.

Дар ҳоле ки додгоҳ мегӯяд, Абдураҳимов аз ин кор даромади молӣ ба даст меовард, худи ӯ мегӯяд, тавони пардохти ҷаримаро надорад: «Ман як донишҷӯ ҳастам. Ҷое кор намекунам. Намедонам, ин маблағро аз куҷо пардохт кунам?»
Абдумалик меафзояд, бар хилофи хулосаи додгоҳ, вай аз торнамои худ даромаде пайдо намекард ва дар рӯз танҳо 25-30 нафар ба он ворид мешуданд. Торнаморо, тавре ӯ мегӯяд, барои нашри китобу ҳар гуна барнома ва бозиҳо барои телефону компютер пешбинӣ кардааст. Аммо азбаски навтаъсис буда, маводе барои пешкаш кардан ба хонандагонро надошт, маҷбур шуд, ба рекламаи торнамоҳои дигар машғул шавад.

"Даромадан ба сайтҳои порнографӣ манъ аст!"
Хабари ҷарима шудани Абдумалик Абдураҳимов барои нашри маводи фаҳшомез дар ҳоле расонаӣ шуд, ки дар бештари интернет-кафеҳои шаҳри Душанбе дар назди ҳар як компютер таъкид шудааст, ки «даромадан ба сайтҳои порнографӣ манъ аст!»

Раббонӣ Исмоилов,
корманди маркази интернетии «Дипломат» гуфт, солҳои қабл ҷавонон наворҳои характери шаҳвони доштаро зиёд тамошо мекарданд. Ҳоло бошад, бо фишори маъмурияти ин марказҳо тамошои чунин наворҳо ба маротиб камтар шудааст. Бархе аз интернет-кафеҳо онҳоеро, ки ба сомонаҳои фаҳш ворид мешаванд, ҷарима ҳам мебанданд. Зеро, мегӯяд Исмоилов, ворид шудан ба торномаҳои порнографӣ на танҳо хилофи ахлоқи инсон аст, балки дар онҳо вирусҳое ҳастанд, ки кори компюторҳо баҳам мезананд: «Барқарор кардани Виндоузи компютер на камтар аз 15 доллари амрикоист. Барои ҳамин ҳар нафаре наворҳои фаҳшо тамошо мекунад, мо ӯро ба андозаи 25 сомонӣ ҷарима мекунем. Соли 2014 ду нафарро ҷарима кардем.»

Тибқи тағйироте ки моҳи марти соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ворид шуд ва алакай ҳукми иҷро гирифтааст, аз ин баъд барои бо мақсади паҳну реклама тайёр ва ба Тоҷикистон ворид кардани “предметҳои порнографӣ” ҷаримаҳои бузург ва ё то ба 5 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.
Вакилони мардумии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи аслии ворид кардани чунин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ҷилавгирӣ аз порнографияи кӯдакона ва ё сӯистифодаи ҷинсии кӯдакон буд. Бар асоси моддаи қаблии 241-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои ғайриқонунӣ сохтану паҳн кардани предметҳои порнографӣ ва аз ҷумла рекламаи ғайриқонунии ин абзору олот ва нашри аксу кинову видеоҳои фаҳшо ҷарима ва то 2 соли зиндон пешбинӣ шуда буд.

Аммо иловаҳои зиёде, ки вакилон дар замина ба кодекс изофа кардаанд, аз ин баъд дар Тоҷикистон барои нашр ва ё сабти порнографияи кӯдакона ҷазоҳои сахт таъйин кардаанд. Агар абзору олоти порнографиро дар байни кӯдакон паҳн кунанд ва ё онҳоро ба муомилоти ғайриқонунии ин гуна абзор ҷалб намоянд, мумкин аст, ки гунаҳкор то 5 соли зиндон ҳам маҳкум шавад. Бар асоси ин тағйирот, дар сурати сӯистифодаи кӯдакон барои сабти порнографияи кӯдакона ва ё нашри он аз тариқи матбуот ва ё Интернет дар Тоҷикистон фарди гунаҳкорро аз 7 то ба 10 соли зиндон маҳкум мекунанд. Бахусус агар ин корро волидон, ё омӯзгору, дигар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ бо ҳадафи ба даст овардани фоида анҷом диҳанд, сахттарин ҷазоро мегиранд.

Аммо Абдумалик Абдураҳимов зоҳиран нахустин нафар дар Тоҷикистон аст, ки барои паҳн кардани маводи фаҳшомез тавассути сомонаи интернетиаш ба масъулият кашонда шудааст.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG