Бар тибқи кодекси ислоҳшудаи ҷиноӣ дар Тоҷикистон, ки баъди имзои раиси ҷумҳур ҳамин ҳафта ҳукми иҷро гирифт, аз ин баъд барои бо мақсади паҳну реклама тайёр ва ба Тоҷикистон ворид кардани “предметҳои порнографӣ” ҷаримаҳои бузург ва ё то ба 5 соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Вакилони мардумии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи аслии ворид кардани чунин тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ҷилавгирӣ аз порнографияи кӯдакона ва ё сӯистифодаи ҷинсии кӯдакон аст. Яъне агар дар компютери фарде, аксҳои урёни кӯдакон ҳангоми табъизи ҷинсӣ пайдо кунанд, бешак дар сурати собит шудани гуноҳаш, фарди муттаҳам ҷазо хоҳад гирифт.
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон рӯзи 27 март дар шарҳи ин банди нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гуфт: “Мо дар кодекс қаблан чунин модда доштем, дар хусуси манъи порнография ҳамаи инҳо буданд. Лекин агар шумо диққат дода бошед, вақтҳои ахир масъалаи порнографияи кӯдакона ҳаст ва мо инро дар моддаи алоҳида нишон додем ва хостем таваҷҷӯҳро бори дигар ба он ҷалб кунем, ки мо нисбат ба ҳуқуқи кӯдакон бетафовут нестем.”
Бар асоси моддаи қаблии 241-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ сохтану паҳн кардани предметҳои порнографӣ ва аз ҷумла рекламаи ғайриқонунии ин абзору олот ва нашри аксу кинову видеоҳои фаҳшо ҷарима ва то 2 соли зиндон пешбинӣ шуда буд. Аммо иловаҳои зиёде, ки вакилона дар замина ба кодекс изофа кардаанд, аз ин баъд дар Тоҷикистон барои нашр ва ё сабти порнографияи кӯдакона ҷазоҳои сахт таъйин кардаанд. Агар абзору олоти порнографиро дар байни кӯдакон паҳн кунанд ва ё онҳоро ба муомилоти ғайриқонунии ин гуна абзор ҷалб намоянд, мумкин аст, ки гунаҳкор то 5 соли зиндон ҳам маҳкум шавад. Бар асоси ин тағйирот, дар сурати сӯистифодаи кӯдакон барои сабти порнографияи кӯдакона ва ё нашри он аз тариқи матбуот ва ё Интернет дар Тоҷикистон фарди гунаҳкорро аз 7 то ба 10 соли зиндон маҳкум мекунанд. Бахусус агар ин корро волидон, ё омӯзгору, дигар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ бо ҳадафи ба даст овардани фоида анҷом диҳанд, сахттарин ҷазоро мегиранд.
Маҳмадалӣ Ватанов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи тағйиру ислоҳ ва мушаххас кардани ҷазо барои порнографияи кӯдакона, ҷилавгирӣ аз зуҳуроти манфур дар Тоҷикистон ва ҳам эмин нигаҳ доштани кӯдакон аз табъизу сӯистифодаи ҷинсӣ аст. Ислоҳот дар ин замина ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 пешниҳод шуд ва онро Маҷлиси намояндагон моҳи декабр қабул кард. Кодекс дар Маҷлиси Миллӣ охири моҳи феврал ба тасвиб расид ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон онро 14 март ба имзо расонд.
Дар Тоҷикистон то кунун агар чандин нафар барои нашри порнография, аз ҷумла фурӯхтани филмҳои фаҳшо ҷазо гирифта бошад, вале парвандае дар бораи нашри порнографияи кӯдакона дида нашудааст. Дигар ин, ки фурӯши абзору олоте, ки барои қонеъ кардани шаҳват ба кор мебаранд ва дар баъзе аз кишварҳои Аврупо фурӯшгоҳҳои махсуси онҳо вуҷуд дорад, дар Тоҷикистон аслан дида нашудааст ва истифода аз онро ор ва гуноҳ медонанд.