Чанд таронаи Иззатулло Сайфуллоев, мутахаллис ба “Азат Сайфулин”, ки зери навои гитор иҷро кардааст, дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ҳаводорони зиёде пайдо кардааст. Иззатулло Сайфуллоев, ки гуфтаи худаш, аз 48 соли умри худ нисфашро дар ғарибӣ гузарондааст, худро овозхон намешуморад, балки мегӯяд, соатҳои бекорӣ аз дарду мушкилоти мардуми муҳоҷир мехонад.
Ин сокини рустои Айнии ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлони Тоҷикистон аз соли 1993 ба ин сӯ дар Русия кор мекунад ва 5 фарзанду ҳамсар ва падару модари пираш дар Ватан умре чашм ба роҳи ӯянд. Иззатулло Сайфуллоев рӯзи 14 март дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “ман аз дарди мардуми ғарибам мехонам, чунки дарди ғарибиро хуб медонам. Медонам, мардуми мо дар Русия барои як пора нон чӣ азобҳоеро пушти сар мекунанд.”
Маъруфтарин таронаи ӯ “Ман тоҷикам, ғарибам” мебошад, ки ду сол пеш кадоме аз дӯстонаш дар “Одноклассники” нашр кард.
Таронаи “Ман тоҷикам, ғарибам”
Иззатулло Сайфуллоев, ки дар солҳои 90 дар рӯзҳои баргузории консертҳои хонандаи маъруф София Ротару дар шаҳрҳои Уфа ва Бугулма як муддат муҳофизи ин ҳунарманд низ будааст, мегӯяд, мусиқиву суруд барои ӯ ба истилоҳ як “ғамбарор” аст, ки азоби дурӣ аз зану фарзанд ва падару модарро барояш коҳиш медиҳанд: “Дар асл ман ҳамагӣ 3 нотаро медонам ва ҳама таронаҳоям бар пояи ҳамин 3 нотаанд. Бародарам Раҳматулло ҳунарманди касбӣ аст ва як умр дар кохи фарҳанги ноҳияи Румӣ кор кардааст. Вале ман ягон ду сол пеш, вақте маризӣ аз поям афканд, бори аввал ба даст гитор гирифтам ва ҳамон таронаи “Ман тоҷикам, ғарибам”-ро хондам. Баъд рафту рафт. Бисёре аз дӯстон ва ҳатто бародаронам аз ин гитор захм карданҳои ман ҳатто хабар надоранд то ҳол.”
Ин овозхони ҳаваскор маъмулан дар ҳалқаи дӯстон тарона мехонад. Баъди таронаи аввал, ки мухлиси зиёд пайдо кард, тахаллуси “Азат Сайфулин” ба қаҳрамони мо часпид ва ӯ бо ин тахаллус таронаи дувумаш – “Хез, модар, мусофир писарат омадааст”-ро дар “Одноклассники” нашр кард.
Таронаи “Хез, модар, мусофир писарат омадааст”
Иззатулло Сайфуллоев мегӯяд, ин тарона ҳадяи ӯ нафақат ба падару модари худи ӯст, балки ба ҳамаи он падару модароне, ки дар Тоҷикистон роҳи фарзандони муҳоҷири худро мепоянд: “Зиёданд инҷо бачаҳои тоҷике, ки меоянду аз пайи айшу ишрат мешаванд ва падару модар ва зану фарзандашонро фаромӯш мекунанд. Ин тоифа панду насиҳатро қабул надоранд, вале шояд мусиқиро гӯш кунанд. Барои ҳамин, ман муҳаббати падару модарро дар қолаби тарона ифода кардам, ки шояд ба дили чунин тоҷикбачаҳои бемеҳр ҳам ҷо шаваду онҳоро ба ёди ақалан падару модари пири дар Ватан мондаашон андозад.”
Ҳар сол беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Дар солҳои охир бисёре аз овозхонҳои тоҷик дар мавзӯи муҳоҷират таронаҳо хондаанд, ки маъруфтаринҳояш “Муҳоҷирбача”-и Баҳром Ғафурӣ, силсилаи “Ғарибӣ”-и Наимҷони Саидалӣ ва таронаи тозаи “Ёри мусофирам”-и Нигина Амонқулова мебошанд. Аммо ба фарқ аз инҳо, Иззатулло Сайфуллоев овозхони касбӣ нест ва ҳаваскорона ва ба гуфтаи худаш, ҳамагӣ бо 3 нота аз машаққатҳое қисса мекунад, ки дар зиндагии худаш таҷриба кардааст.
Иззатулло Сайфуллоев мисли ҳазорон муҳоҷири дигари тоҷик дар Русия шуғли доиме надорад ва дар шаҳри Челябинск гоҳе дар бозору гоҳе дар сохтмонҳо кор мекунад. Ӯ замоне бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, ки як додгоҳи маҳаллӣ бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош ҳукми ихроҷаш аз қаламрави Русияро содир кардааст ва қаҳрамони мо барои бозгашт ба Ватан ва расидан ба дидори зану 5 фарзанд ва падару модари пираш омодагӣ мегирифт.
Сӯҳбати Иззатулло Сайфуллоевро инҷо гӯш кунед: