Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МЧС-и Русия: некии муҳоҷирони тоҷик бояд қадр шавад. ВИДЕО


Саҳнаи наҷоти зан ва кӯдак аз рӯдхонаи Кубан.

Мақомоти расмӣ дар Русия ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки аз муҳоҷирони тоҷик барои наҷоти як зану кӯдаки рус қадрдонӣ шавад.

Чаҳор муҳоҷири тоҷик нисфирӯзии 7-уми июл дар шаҳраки Яблонский дар ноҳияи Тахтамукайский дар Ҷумҳурии Адигея як зану як кӯдакро наҷот доданд.

Муҳоҷирон видеои ин ҳодисаро, ки як шоҳиди воқеа ба навор гирифтааст, ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Рӯзи 16-уми июл аз намояндагии вазорати ҳолатҳои фавқуллода дар Адигея ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо муҳоҷирон сӯҳбат карданд ва ба ҳукумат пешниҳод фиристоданд, ки ҷасорати онҳоро қадрдонӣ кунад.

“Баррасии ин пешниҳод шояд тӯл кашад, вале ҳатман муҳоҷирон барои кори некашон подош мегиранд”- гуфт як намояндаи вазорати ҳолатҳои фавқуллода дар Адигея.

Дар видеое, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, дида мешавад, ки чӣ гуна ду муҳоҷир барои наҷоти кӯдаке худро ба об меандозанд. Кӯдак, ки аз дур намоён аст, “кӯмакам кунед” мегӯяд ва бо овози гиряолуд фарёд мекашад. Аз соҳил муҳоҷире бо забони тоҷикӣ фарёд мекашад, ки “Комрон аз гарданаш бигир”, то зери об намонад.

Комрону дӯстонаш зану кӯдаки русро аз марг наҷот доданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:07 0:00

Комрон Убайдов, муҳоҷири тоҷик, ки дар наҷоти ин зану кӯдак ширкат доштааст, рӯзи 16-уми июл гуфт, ки воқеан бо онҳо сӯҳбат карданд ва ҷузъиёти ҳодисаро пурсиданд. Муҳоҷири тоҷик баъди ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар сохтмоне дар наздики рӯдхона машғули кор буданд, ки садои “Ёрӣ диҳед”-и кӯдак ба гушашон расид.

“Бо ҳамроҳонам зуд либосҳоро кашида ба наҷот шитофтем. Ҳардуро аз дохили об берун кардем. Агар ману дӯстонам, Раҳимҷон, Музаффар ва Ҳалим каме дер мекардем, ҳалок мешуданд”-гуфт ӯ. Муҳоҷири тоҷик гуфт, ки пас аз наҷоти зану кӯдак, маъмурони пулис омада, ҳодисаро сабт карданд.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҳам кӯдак ва ҳам зан дуруст нафас мегирифтанд ва ба кӯмаки фаврии тиббӣ эҳтиёҷ надоштанд. "Мо ному насабашонро напурсидем ва намедонем аз куҷо ҳастанд" - гуфт ӯ.

Музаффар Камолов, муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар маҳалли ҳодиса буд, мегӯяд, надиданд, ки чӣ гуна зани рус ва кӯдаки 7-сола ба рӯдхонаи Кубан афтодаанд.

“Мо надидем, ки онҳо чӣ гуна ғарқ шуданд. Як моҳ пеш дар ҳамин рӯдхона як духтари 17-соларо низ наҷот додем. Мо ин корро барои савоб кардем”- гуфт ӯ. Ҳамаи муҳоҷирон зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон ҳастанд.

Дар гузашта ҳодисаи шабеҳе дар Маскав рух дод ва онро метавонед инҷо бихонед.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG