Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъво барои гӯрҳо дар оромгоҳи Хованское.Садо


Лаҳзаи муноқишаи муҳоҷирону гурӯҳе, ки аз онҳо "ҳақ" мехостанд.
Лаҳзаи муноқишаи муҳоҷирону гурӯҳе, ки аз онҳо "ҳақ" мехостанд.

Бо гузашти ду сол аз занозании гурӯҳӣ дар дар гӯристони Хованское дар шаҳри Маскав муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз ҳам зери озору азияти маъмурияти гӯристон ҳастанд.

Ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чанде пеш бо шикояти “беасоси” ду посбони оромгоҳ ду муҳоҷири кории тоҷик, ки ба нигоҳубин ва покиза кардани қабрҳо машғул буданд, 15 шабонарӯз ҳабс шуданд,

Искандар Ҳомидов, муҳоҷири кории тоҷик, ки бо дархости афроди алоҳида гӯри наздикони онҳоро таъмиру тамиз мекунад, рӯзи 13-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса ду ҳафта пеш сурат гирифт.

“Ду посбон нисбати ду нафар тоҷике, ки ҳамин ҷо кор мекарданд шикоят кардаанд, ки гӯё Забеҳулло Файзуллоев ва Исмоил Абдуҳалимов онҳоро дашном доданд. Суд шуд, дар мурофиа ягон шоҳид набуд. Бар асоси нишондоди ҳамин ду посбон онҳоро 15 рӯз ҳабс карда, як нафарашонро ихроҷ карданд. Нафари дуввумро, ки душаҳрвандӣ дошт, ихроҷ карда натавонистанд” – гуфт, ӯ.

Оромгоҳи Хованское
Оромгоҳи Хованское

Муҳоҷирон мегӯянд, ҳабси ду нафар як навъ интиқоми маъмурияти қабристон аст, чун Исмоил Абдураҳимов аз ҳуқуқи коргарони тоҷики ин ҷо ҳимоят мекардааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, маъмурияти оромгоҳ ҳар рӯз иғвое ташкил мекунанд, то муҳоҷирон ба шӯр оянду ҷанҷоле сар занад ва бо истифода аз нерӯи пулис онҳоро аз ин ҷо ронанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, сабаби асосии фишори маъмурият ба муҳоҷирон ин аст, ки онҳо бо пули камтар қабрҳоро таъмир ва рангу бор мекунанд.

Фишори маъмурият ба муҳоҷирон

Парвиз Шомаҳмадов, як муҳоҷири кории тоҷик, ки аз соли 2010-ум дар ин ҷо кор мекунад, мегӯяд, маъмурияти қабристон бо ҳар роҳ ба муҳоҷирони корӣ фишор меоранд ва мехоҳанд, тоҷиконро аз ин ҷо ронанд.

“Мо дар истигоҳи назди қабристон ҷамъ мешаванд. Одамон меоянд, дархост мекунанд муҳоҷирон рафта, гӯри наздикони онҳоро покиза ва рангу бор мекунанд. Барои корҳои оддӣ об додани ниҳолҳо 100- 200 рубл мегиранд, барои дигар корҳо 700-800 рубл” – гуфт, Парвиз.

Дар қабристони Хованское, ки аз бузургтаринҳо дар шаҳри Маскав ба шумор меравад, тақрибан 400 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд. Мудирияти қабристон дар дасти ширкати давлатии «Ритуал» аст, ки қимати хадамоти он нисбат ба пуле, ки муҳоҷирон мегиранд, баландтар аст.

Дархости бепосухи маъмурият ва шикоят ба ҳомиёни ҳуқуқ

Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти ширкат назари онҳоро пурсид, вале то кунун посух нарасидааст. Баҳрулло Одинаев ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ шикоятҳои муҳоҷирон аз ин оромгоҳ ба унвони "Ҷунбиши муҳоҷирон" ҳам мерасанд.

«Сабаби аслии фишор ба муҳоҷирони тоҷик ҳамон муноқишаи ду сол пеш аст. Роҳбарияти нави ин қабристон тоҷиконро барои ҳақталабиашон эҳтиром намекунанд» -мегӯяд, ӯ.

Ду сол қабл рӯзи 14-уми майи соли 2016 гӯристони Хованское шоҳиди як занозании хунин шуд. Гурӯҳе аз афрод аз муҳоҷирони тоҷик барои ҳаққи кор кардан дар қабристона аз он «ҳақ» хоста буданд.

Баъди рад шудани тамаъ байни муҳоҷирону гурӯҳ муноқиша сар зад ва се зодаи шаҳри Роғун кушта шуданд ва 20 муҳоҷири дигари тоҷик захмӣ бардоштанд.

Мақомот дар баробари дигарон Юрий Чабуев, ки қабристонро роҳбарӣ мекунанд боздошт карданд. Ӯ ба ташкили муноқиша муттаҳам карданд, вале мурофаи додгоҳии ӯ ҳануз идома дорад.

XS
SM
MD
LG