Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи Фарид Давлатов аз Русия баъди буридани раги дастонаш


Як ҷавони тоҷикро, ки ба нишони эътироз дар боздоштгоҳи Тюмен рагҳои дастонашро бурида буд, аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.

Фарид (Фаридун) Давлатов, як ҷавони 27-солаи тоҷик, ки 10 рӯз пеш ба нишони эътироз аз шароити боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳи ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия – дар шаҳри Тюмен раги дастонашро бурида буд, субҳи 20 июл аз тариқи ҳавопаймо ба Душанбе расид. Фарид Давлатов, ки дар Тюмен ба воя расидаву дар ҳамин шаҳри Русия таксиронӣ мекард, ҳанӯз рӯзи 15 апрел дастгир шуда ва рӯзи 27 июн додгоҳи маҳаллӣ ҳукми ихроҷи вайро содир карда буд. Аммо ихроҷи ин ҷавони тоҷик тӯл кашид, чунки ӯ чанд соли охир дар Тоҷикистон сабти ном надоштааст ва Душанбе аз пазируфтани ӯ худдорӣ мекард.

Манзура Давлатова, модари Фарид рӯзи 20 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди гузориши Радиои Озодӣ масъалаи писари ӯ билохира ҳал шуд: “Баъди ин гузориш намояндаи диаспораи тоҷикон ду дафъа ба хонаи мо омад ва консулгарӣ низ зуд ҳуҷҷатҳои писарамро омода кард. Мо ба Фарид гуфтем, ки рав, як муддат дар Тоҷикистон хешу таборро бин, асабҳоятро ором кун. Вагарна дар чордевори боздоштгоҳи ФМС хеле ноумед шуда буд. Аз Душанбе занг заданд, ки субҳи имрӯз расидааст ва ҳоло дар ҳалқаи хешу таборҳост.”

Абдулло Каримов, раҳбари “Пайванд” – ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Тюмен, рӯзи 20 июл ба Озодӣ гуфт, баъди фиристодани Фарид Давлатов дар боздоштгоҳи ФМС дар шаҳри Тюмен 5 нафари дигар аз Тоҷикистон боқӣ мемонанд: “Ҳоло ҳуҷҷатҳои онҳоро низ омода карда истодаем ва насиб бошад, то 27 июн, ки парвози навбатӣ аз Тюмен ба Душанбест, ин нафарони боқимондаро низ ба Ватан мефиристем. Аксари онҳо ба далели беҳуҷҷатӣ ва вайрон кардани қоидаҳои кору зиндагӣ дар Русия ҳукми ихроҷ ё берункунӣ гирифтаанд.”

Фарид Давлатов низ ҳамчун нафаре, ки тибқи ҳукми додгоҳ “будубошаш дар қаламрави Русия ғайримақбул дониста мешавад”, барои 5 сол ихроҷ шудааст ва зоҳиран дар ин муддат наметавонад ба Тюмен баргардад. Модари ӯ Манзура Давлатова аммо мегӯяд: “Фарид дар Тюмен ба воя расидааст ва ҷои кор дошт. Мошин харида буд барои такси задан. Мо адвокат ҳам гирифтаем, ки аз ҳукми ихроҷи ӯ шикоят барем. Вале адвокат коре карда натавонист то ҳол.” Фарид Давлатов ва ҳудуди 10 муҳоҷири дигари боздоштшуда аз Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 10 июл бо талаби шароити беҳтар ва муносибати хубтари маъмурони боздоштгоҳи ФМС дар шаҳри Тюмен даст ба эътироз заданд.

Фарид раги дастонашро бурид ва бақия эълони гуруснанишинӣ карданд. Худи ӯ дар тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, кадом талаби сахту иҷроношудание надоранд, балки танҳо мехоҳанд, “дар ин рӯзҳои гармо ба мо иҷозати сайругашт бидиҳанд. Дар фасли гармо рӯзи дароз дар камера истодан тоқатфарсост, дами одам мегирад. Талаби дигари мо муносибати инсонитар аз тарафи зиндонбонҳост.”

Ин нахустин мавриди эътироз дар боздоштгоҳҳои ФМС, ки бо номи “зиндони муҳоҷирон” маъруф шудаанд, нест. Дар моҳи феврал 8 муҳоҷири боздоштшуда аз Тоҷикистону Гурҷистон ва Арманистону Украина ба нишони эътироз ба шароити боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирони хориҷӣ дар минтақаи «Новая Москва» қасди худкушӣ карда ва рагҳои дастони худро буриданд. Моҳе баъд мақомоти ФМС эълон карданд, ки дар вокуниш ба ин эътироз 15 маъмури боздоштгоҳро барканор карданд.

Шаҳри Тюмен, воқеъ дар тақрибан 2100-километрии шарқи Маскав, маркази маъмурии вилояти Тюмен, яке аз сарзаминҳои саршор аз конҳои нафту газ дар минтақаи Сибири Ғарбии Русия аст. Абдулло Каримов, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Тюмен мегӯяд, дар ҳудуди ин вилоят, бо шумули ҳавзаҳои мухтори Хантиву Манси – Югра ва Ямалу Ненетс тақрибан 100 000 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва тақрибан 50 000 нафари онҳо дар шаҳри Тюмен кор мекунанд. Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Тюмен, ба гуфтаи Абдулло Каримов, дар риштаи сохтмон кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG