Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд: Мулоқоти бе саволу ҷавоб бо номзадҳо


Номзадҳо дар минбар
Номзадҳо дар минбар

Вохӯрии номзадҳо ба президентӣ бо сокинони шаҳри Хуҷанд бе ягон саволуҷавоб бо ин номзадҳо анҷом ёфт.

Дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи 24-уми октябр дар Хуҷанд баргузор шуд, 5 номзад ва шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кунунӣ ва довталаби асосӣ барномаҳои интихоботии худро матраҳ карданд.

Олимҷон Бобоев, номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Tолиббек Бухориев, номзади ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффоров, номзади ҳизби сотсиалист, Саидаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ, Исмоил Талбаков, номзади ҳизби комунист ва Аҳмадҷони Раҳматзод, шахси боэътимоди номзади ҳизби халқии демократӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳар кадом 15-дақиқаӣ ҳарф заданд. Аммо аксари нуктаҳои барномаҳои номзадҳо ба ҳам монанд ва фарқ кардани онҳо аз якдигар душвор буд.

Вокуниши сокинон танҳо аз кафкӯбиҳо дар оғозу анҷом ва чанд бор дар байни суханрониҳо иборат буд.

Мулоқоти навбатии номзадҳо бе ҳузури Э.Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
Линки мустақим


Дар анҷом баъд аз эълон аз ҷониби Саидбой Зокиров, муовини раиси Куммисиюни интихобот ва муҷрии ин мулоқот, ки акнун навбати саволуҷавоб аст, чанд нафар аз толор гуфт, ки ба ин ҳоҷате нест, ҳамааш фаҳмо аст.

Бо ҳамин вохӯрӣ хотима меёфт.

Вале ду ҷавони зоҳиран донишҷӯ назди баландгӯяк дар байни толор ҳозир шуданд. Яке аз онҳо гуфт, ҳама барномаҳои номзадҳо хубанд, аммо давлати Тоҷикистон таҳти раёсатумҳурии Эмомалӣ Раҳмон низ айни ҳамон барномаҳоро рӯйи даст дорад, аз ин рӯ, вай ба ин ягона номзади арзанда овоз хоҳад дод.

Аз аҳли толор танҳо ҳамин ду нафар сухан карданд
Аз аҳли толор танҳо ҳамин ду нафар сухан карданд
Ҷавони дигар бе муаррифии худ аз баландгӯяк ба ҳозирон, ки толорро тарк мекарданд, хитоб кард, ки солҳои ҷанги шаҳвандии 1992 - 1997-ро фаромӯш насозанд, ки ҳазорон тифлро ятиму бехона гузошт ва боиси доман густардани бемориҳои сироятӣ байни сокинон гашта буд. “Саломат бошед. Ин гапҳоро шумо шунидан намехоҳед?” – хитоб кард вай ба мардуме ки алакай берун мешуд.

Вохӯрӣ бо номзадҳо дар Хуҷанд аз нигоҳи ташкилӣ хеле хуб роҳандозӣ шуда, ба толор умдатан кормандони бахшҳои маориф, муаллимону донишҷӯён ва бархе дигар кормандони бахшҳои буҷавӣ даъват шуда буданд. Онҳо бошитоб пароканда мешуданд ва ба назар мерасид, "миссия"-и худро, ки танҳо ҳузур дар толор будааст, бо ҳамин иҷрошуда мешумурданд.

Файзулло Файзиев, сокини шаҳри Хуҷанд, собиқ раҳбари бахши суғдии ҳизби демократи Тоҷикистон, ки аз ширкатдорони ин нишаст буд, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз вохӯрӣ бо номзадҳо интизоре аз ин бештар надошт. Вай афзуд: “Чунки “тақдир”-и ин интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳам чун интихоботҳои пешин ҳалшуда аст, ба назари ман. Касе саволе ҳам ба номзадҳо надод, чунин дар ин фазо савол додан ҳам зарурате надорад. Ва дар охир тарс додан аз он ки такрори ҳодисаҳои солҳои навадум этимол дорад, ин як барномаи роҳандозишуда аз ҷониби бахшҳои идеологист, ки бо ҳамин роҳ мехоҳанд аз дигаргуниҳои сиёсӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ин вохӯрӣ ҳам як ҷузъи бозӣ бо номи "интихоботи демократӣ” дар Тоҷикистон буд, ки аз 6 номзад ба курсии раисҷумҳур танҳо яке асосиву дигарон ба ном номзад ҳастанд. Мақомот Ойниҳол Бобоназароваро, ки метавонист рақиби воқеъии Эмомалӣ Раҳмон шавад, ба ин майдон роҳ надоданд.”

Ширкаткунандаи дигар - устоди Донишгоҳи давлатии соҳибкорӣ, сиёсат ва тиҷорати Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, аз барномаҳои ҳамаи номзадҳо хушаш омадааст, зеро онҳо беҳбуди фазои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва зиндагии сокинонро дар назар доранд, аммо ба назараш, муҳим иҷрои ин барномаҳост.

Интихоботи навбатии президентии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Барои ширкат дар ин маърака 6 нафар сабти ном шудааст. Вале нозирон мегӯянд, интихобот бо пирӯзии бечунучарои раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад ёфт, чунки 5 номзади дигар дар асл низ аз тарафдорони ҳукумати кунунӣ буда, танҳо барои алтернативӣ нишон додани интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба ин корзор роҳ дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG