Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насли нави ҷавонони тоҷик ба кӣ раъй медиҳад?


Бино ба иттилои Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон, ҳудуди 193 ҳазор ҷавон имсол барои аввалин бор ҳаққи ширкат дар интихоботи президентиро пайдо карданд.

Ин гурӯҳи ҷавонон, ки тоза ба сини раъйдиҳӣ ворид шудаанд, имкон доранд рӯзи 6-уми ноябр дар қатори дигар сокинон ба пойи сандуқҳои раъйдиҳи рафтаву ба ҷонибдории номзади дилхоҳи худ овоз диҳанд. Аммо ба гуфтаи масъулини Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйдиҳӣ, ин омори ниҳоӣ нест ва метавонад то рӯзи интихобот тағйир ёбад.

Аммо оё ин ҷавонон, ки камтар аз ним моҳ пас бояд дар интихоботи президентӣ ширкат кунанд, дар бораи ин маъракаи сиёсӣ ва номзадҳо чӣ медонанд ва аз ҳаққу ҳуқуқи интихоботии худ огоҳанд?

Низомиддин Қосимов, як намояндаи Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйдиҳӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, барои огоҳсозии ҷавонон ва умуман ҳама сокинони кишвар аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳанӯз аз чанд моҳи қабл қонуни Тоҷикистон дар бораи интихобот дар шакли дастурамалҳо нашр ва пешниҳоди сокинони кишвар шудааст. Оқои Қосимов афзуд: «Дастурамали мазкур тавассути ҳавзаҳои интихоботӣ ва созмонҳои ҷавонӣ пешниҳоди насли ҷавони кишвар мешавад.»

Маликшоҳ Неъматов
Маликшоҳ Неъматов
Аммо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи кор ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, ду сол боз бо ташаббуси ин кумита ва зери шиори «овози ман муҳим аст», «ман бетафовут нестам» бо ҷавонон мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуда ва зарурати ширкати ҷавонон дар интихобот ташвиқ мешавад.

Вале дар маҷмӯъ ба қавли оқои Неъматов, ҷавонони имрӯз, ки ба ҳама гуна иттилоот дастрасӣ доранд, огоҳанд ва шуури сиёсиву сатҳи дониши ҳуқуқиашон аз ҷавонони 7- 8 соли қабл болотар аст: «Онҳо худ таваҷҷӯҳ доранд ва медонанд, ки интихоби онҳо муҳим аст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки шумори ҷавононе, ки дар интихобот ширкат мекунанд, бештар мешавад. Ва имрӯз мо мушоҳида мекунем, ки дар мулоқотҳои пеш аз интихоботӣ ҳам ҷавонон хеле фаъоланд ва ин фарзандон аз фарзандони чанд соли пеш фарқ доранд. Ҳадафи мо ҳам ҳамин аст, ки насли ҷавонро дар рӯҳияе тарбия кунем, ки нисбати ин маъракаи муҳими кишвар бетафовут набошанд ва биёянду овози худро бидиҳанд.»

Маликшоҳ Неъматов мегӯяд, ҳудуди 150 ҳазор ҷавони кишвар аллакай интихоби худро карданд. Ин гурӯҳ, ки аъзои узви иттифоқи ҷавононанд номзади худ Эмомалӣ Раҳмонро ба интихобот пешбарӣ карданд ва раъй худро ҳам ба ҷонибдории ӯ хоҳанд дод, аммо ба қавли ӯ, Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавони дигар дорад, ки ҳуқуқ доранд ба пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ рафтаву ба тарафдории номзади дилхоҳи худ овоз бидиҳанд.

Аммо оё худи ҷавонон чӣ мегӯянд, то куҷо аз ин нишасту мулоқот ва дастурамалҳои интихоботӣ огоҳанд ва оё медонанд, ки интихобот чӣ моҳияте дорад ва чӣ гуна маъракаест? Аксар ҷавонон дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр албатта аз санаи баргузории интихобот, ки дар як рӯз чанд маротиб аз тариқи телевизионҳои кишвар шунавонида мешавад огоҳанд, аммо бо исм ва шахсияти аксар номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳури ошно нестанд.

Шаҳбоз, ҷавоне, ки низ имсол барои бори аввал ҳаққи раъйдиҳро пайдо кардааст мегӯяд, ӯ ягон маротиба дар вохӯриҳои созонҳои ҷавонон бахшида ба интихобот даъватӣ набуда ва ширкат накардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар маълумоте, ки роҷеъ ба интихобот дорад, аз тариқи шабакаҳои Русия ва расонаҳои дигар пайдо кардааст. Шаҳбоз мегӯяд, аслан ба сиёсат ва мавзӯҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳ дорад, аммо ин маъракаи интихоботии кишварро пайгирӣ намекунад ва барояш ягон ҷолибият надорад.

Бино бар ин Шаҳбоз мегӯяд, ӯ хоҳиши ширкат дар ин маъракаро надорад:
Ман бештар аз тариқи интихоботҳое, ки дар Руссия мешавад, дар бораи интихобот маълумот гирифтаам ва медонам, ки интихобот чӣ асту, ман чӣ ҳуқуқ дорам, аммо хоҳиши ширкат дар онро надорам, медонам, ки бе овози ман ҳам интихобот мегузарад. Барои ҳамин шукри ватану шукри истиқлолият карда мешинем. Ягона нуқтае, ки маро ба интихобот ҷалб мекард, ин ширкати Ойниҳол Бобоназарова дар он буд, ман ӯро ростӣ хуб намешиносам ва шояд ҳам раъйи худро ба ӯ намедодам, аммо ба ҳар ҳол бо ширкати ӯ ин раванд каме ҷолиб мебуд бароям ва рақобат эҳсос мешуд каму беш. Аммо вақте дар саҳна ягон рақиби воқеӣ нест, намедонам ин чӣ мешавад? Бубинед, то интихобот 2 ҳафтаи дигар монд ва ман аслан аз барномаҳои номзадҳо огоҳ нестам. Масалан, Русияро бинед, аз чанд моҳи пеш ташвиқу баҳсҳои номзадҳо шурӯъ мешавад.”

Ба ҳар сурат, пас аз ҳамагӣ ним моҳи дигар ҷавонони 18 сола, онҳоеро, ки барои аввалин бор ҳаққи ширкат дар раъдиҳиро пайдо мекунанд дар ҳавзаҳои интихоботӣ шояд ҳам мисли интихоботи қаблии президентӣ бо дастагулҳо интизор мешаванду пешвоз мегиранд ва бо ин саннаи таърихии ҳаёташон табрик мегӯянд. Дар миёни худи ҷавонон баъзан сарусадоҳое шунида мешавад, ки барои ин гурӯҳи ҷавонон, ки барои аввалин бор дар умрашон раъй медиҳанд, планшет тақдим мешавад, аммо дар Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйдиҳӣ ба мо гуфтанд, дар ин бор иттилое надоранд ва масъалаи табрики ҷавонони синни раъйдиҳӣ аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳру навоҳии кишвар вобаста аст.
XS
SM
MD
LG