Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, мехостанд, Тоҷикистон исломӣ бошад. ВИДЕО. САДО


Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Қасри арбоб
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Қасри арбоб

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ошкоро Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки онҳо мехостанд, дар кишвар “мазҳаби бегонаро” таҳмил намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ошкоро Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки онҳо мехостанд, дар кишвар “мазҳаби бегонаро” таҳмил намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми ноябр ҳангоми суханронӣ дар ҷаласае ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд мухолифони собиқи давлатро ба он муттаҳам кард, ки бо дастури хориҷиён кор мекарданд.

“Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд” – гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон. Матни комили суханронии раиси ҷумҳурро расонаҳои давлатӣ нашр карданд.

Иҷлосияи Шӯрои олӣ, ки Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард, соли 1992 баргузор шуд. Дар ин иҷлосия, ки аз рӯзи 16 ноябр то 2 декабри дар Қасри маданияти ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви вилояти Суғд сурат гирифт, вакилон Эмомалӣ Раҳмонро, раиси шӯро интихоб карданд.

Раҳмон гуфт, мехостанд Тоҷикистон исломӣ бошад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Ҳарчанд ҳадаф аз иҷлос хотима додан ба ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон буд, аммо баъд аз он муноқишаҳо авҷ гирифтанд ва ҷанг 4 соли дигар идома ёфт. Дар ин иҷлосия тарафҳои даргир фармондеҳони Фронти Халқӣ, ки аз Раҳмон ҳимоят мекарданд ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, ки исломиён аксарият дар он буданд, ба ҳам даст доданду оши оштӣ хӯрданд. Вале баъди хатми ҷаласа даргириҳо дар водии Вахш ва Ҳисор зиёдтар шуд ва ба дигар минтақаҳои кишвар кӯчид.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониаш дар ҳузури аъзои ҳукумат, вакилони порлумон ва дигар меҳмонон аз мушкилоти солҳои ҷанги дохилӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки дар он замон раҳбароне ҳам кор мекарданд, ки мехостанд, ду иншооти азими Тоҷикистонро ба дигар кишварҳо бифурӯшанд.

“Дар он айём роҳбароне низ буданд, ки ба хотири манфиати худ нақшаи ба давлатҳои дигар фурӯхтани охирин имкониятҳои иқтисодии кишвар - аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ва корхонаи алюминийро кашида буданд”, омадааст, дар матни суханронии раиси ҷумҳур. Эмомалӣ Раҳмон номи ҳеҷ яке аз ин раҳбаронро набурдааст ҳам нагуфтааст, ки иншооти муҳими Тоҷикистонро ба кадом кишвар фурӯхтанӣ будаанд.

Дар ҷанги панҷсолаи Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, 150 ҳазор нафар кушта шуданд, беш аз як миллион нафар паноҳанда шуданд ва 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Ба иқтисоди кишвар беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Иҷлосияи Хуҷанд: Чеҳраҳо ва баҳсҳои 25 соли пеш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:02 0:00

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, ки печидатар шудани авзоъ дар ҷаҳон ва шиддат гирифтани рақобат миёни кишварҳои абарқудрат, афзоиши хатароти терроризму экстремизм таъмини амният ва ҳифзи сулҳу суботро ба “масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётӣ дар Тоҷикистон табдил додааст”.

Аммо мунтақидони ҳукумат ҳам мегӯянд, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки унвони “пешвои миллат”-ро гирифтааст, бо баҳонаи таъмини амният дигарандешону мухолифони сиёсиашро саркӯб мекунад. Аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломиро намуна меоранд, ки соли 2015 бо иттиҳоми тарҳрезии ошӯби хунин ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, созмони террористӣ эълон шуд.

XS
SM
MD
LG