Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 197 вакили Иҷлосияи 16-ум, 99 нафар дар қайди ҳаётанд


Аз 197 вакили порлумони Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоби вилояти Суғд (он замон Ленинобод) ширкат карда буданд, то ба имрӯз 99 вакил дар қайди ҳаёт ҳастанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ 31-уми октябр Ҳабибулло Холҷӯраев, мудири Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров хабар дод.

Вай афзуд, ки ба хотири таҷлил аз 25-мин солгарди ин иҷлосия, ки дар он 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон сарвари Тоҷикистон интихоб шуда, замина барои поёни ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварро фароҳам кард, тасмим гирифтааст, осорхонаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистонро ифтитоҳ кунад.

Дар маросими ифтитоҳи ин осорхона вакилони порлумони ҳамон давра ва мақомоту донишмандон ширкат кардаанд. Аксҳову дастовардҳои 25 соли Тоҷикистони соҳибистиқлол, аксҳову матолиби чопӣ дар бораи иҷлосияи 16-ум аз маводҳое мебошанд, ки дар ин осорхона ба намоиш гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG