Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озар Салим: "Оре, модар фаришта буд...


Озар Салим
Озар Салим

Шоири тоҷик чанде пеш аз миёни даҳҳо шоиру нависандагони форсизабон ҷоизаи вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистонро соҳиб шуд. Радиои Озодӣ бо истифода аз фурсат бо Озар Салим дар бораи шеъру шоирӣ суҳбат кард.

Озар Салим: "Ман намедонистам, ки ин ҷоиза ба ман мерасад, дар борааш ҳам маълумоти зиёд надорам, танҳо чизеро медонам, ки дигарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хондаанд. Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки ман барои шеъри “Модар фаришта буд” соҳиби ҷоиза шудам, вале тамоми эҷодиёти маро ба инобат гирифта, ҷоизаро ба ман раво дидаанд."

Радиои Озодӣ: Шеъри “Модар фаришта буд”-ро чанд ҳунарпеша хондааст ва он як "мӯъҷиза" шуд. Бовар доштед, ки чунин маҳбуб мешавад?

Озар Салим: "Аслан бовар надоштам, ки шеърам ин қадар ҳаводор пайдо мекунад, барои худам навишта будам. Дӯстам Нуралӣ Хоркашев ба ман занг зад, ки барояш шеър хонам, хондам ва боз хоҳиш кард, ки ба ӯ фиристам. Вақте ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошт, хонданд ва сарояндагон оҳанг бастанд, ҳаводори зиёде пайдо кард."

Радиои Озодӣ: Шумо шоире ҳастед, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаред, ба шоирони дигар тавсия медиҳед?

Озар Салим: "Истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба хости ҳар нафар аст, касе хоҳад, истифода мебарад, вале ман фикр мекунам, ки бояд истифода барем ва хабарҳоро пайгирӣ кунем, хуб аст. Огоҳ будан ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ будан, беҳтар аз онест, ки бехабар бошем.

Радиои Озодӣ: Мавқеи шеър дар водии Вахш чӣ гуна аст?

Озар Салим: "Ман фикр мекунам, ки шеър ҳамеша буд, ҳаст ва ҳамеша мемонад. Гоҳ-гоҳе мушкили иҷтимоӣ завқи мардум, нигоҳ ё андешаашонро ба ҷониби дигар мебарад, вале мебинам, ки шеър дар андеша аст, шеър ҳамсуҳбату ҳаммароми мардум аст. Шояд сафи шеърхонон кам шудааст, вале аз миён нарафтааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем, ки мардум шеър менависанд ва мехонанд, албатта ҳамаи онро шеър гуфта намешавад, вале ба ҳар ҳол аз он хабар медиҳад, ки дар миёни мардум ҳаводори зиёд дорад."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки шеърхонӣ кам шудааст, оё ягон таҳлил доред?

Озар Салим: "Ман аз мушоҳидаам, ки мебинам, китобхарӣ ва китобхонӣ кам шудааст, гуфтам. Ҷавонони зиёде ҳастанд, ки меоянд ва вақте мепурсам, ки чӣ китоб хондед, душворӣ мекашанд, аз ҳамин лиҳоз мефаҳмам, ки кам китоб мехонанд. Албатта ман шоирону адибонеро дар водии Вахш дар назар дорам."

Радиои Озодӣ: Шумо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хатлон ҳастед. Бигӯед, ки ба назари Шумо чаро чанд нафар аз сафи иттифоқ ихроҷ шуд?

Озар Салим: "Сабабашро Иттифоқи нависандагон шарҳ дод, вале ҳаминро мегӯям, ки як расм шуд, ки шоиру нависандагони зиёд узви иттифоқ шуданд, вале эҷодиёти онҳо касбӣ набуд, бо андак талош ва заҳмати кам, бо доштани ду се маҷмуъа узви иттифоқ мешуданд, вале сифати корашонро ба инобат намегирифтанд. Дар водии Вахш ду нафар аз Иттифоқи нависандагон ихроҷ шуд, ки ба мо муроҷиат, ё гила накарданд, чун медонистанд, ки дар кадом сатҳ менависанд."

Радиои Озодӣ: Шумо деҳаро дар шеър хуб тасвир кардаед. Чӣ аст, ки бештар ёди деҳа мекунед?

Озар Салим: Шеърҳое, ки дар бораи деҳот ва деҳаи худам навиштаам, ба хотири ёди ҷавонӣ ва кӯдакӣ аст. Вақте, ки синни инсон ба ҷое мерасад, хотираҳо водор месозанд, ки нависем. Ҳамин таассуроти ҷавонӣ водор месозад, агарчи илҳом мегӯянд, шояд илҳом натиҷаи андеша, ҳиссиёт ва хотираҳои талху ширин аст."

Радиои Озодӣ: Шоироне ҳастанд, ки шеърҳои сиёсӣ мегӯянд. Назари шумо ба ашъори сиёсӣ чӣ аст?

Озар Салим: "Мебинам, ки шеърҳои сиёсӣ мегӯянд, вале ман намефаҳмам, ки чӣ мехоҳанд, бигӯянд. Аз шеъри сиёсӣ агар манзурашон интиқоди касе, ё ҳукумат бошад, ман фикр мекунам, ки шоир ихтиёр дорад, вале касеро маҷбур карда наметавонем, ки шумо ин корро кунед, ё ин корро ҳатман накунед. Андешаи онҳо ҳаст, ки чӣ мегӯянд, вале халқ содда нест, албатта назари худро мегӯяд."

Радиои Озодӣ: Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки ҳамзабонанд, як муддат сард шуд, оё шеър миёни ин ду кишвар ҷудо мешавад?

Озар Салим: "Ҷудо шудани шеър имкон надорад, шеър ҳамон забони мо, Эрон ва Афғонистон аст, забони мо як аст, ҷудо кардан, ё тақсим ҳеҷ маънӣ надорад ва хандадору хатарнок аст. Дар замони ҳозир ҳар сол забонҳо аз миён мераванд, агарчи доирае бо забоне гуфтугӯ мекунад, умеде барои зинда мондани забон бештар аст."

Шарҳи ҳол

Озар Салим 13 декабри соли 1968 дар деҳаи Каримбердии ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Падараш омӯзгор буд ва хонавода дар рӯҳияи шеъру ҳикоягӯиҳои падар бузург шудаанд.

Аввалин шеърҳои ӯ бо таҳрири шоир Саидҷон Ҳакимзода дар рӯзномаҳои ноҳия ба табъ расидаанд ва роҳи ӯро ба шеър боз намудааст.

Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст ва чанд сол боз дар Раёсати корҳои дохила кор мекунад ва сармуҳаррири маҷаллаи “Мактаб”-и Раёсати маорифи вилояти Хатлон аст. Муаллифи маҷмуаҳои “Намози бедорӣ”, “Як саҷдагоҳ”, “Ирфони ҳино”, “Саври дуо”, “Гуфтугуи нахлу моҳ” ва “Хурмои эътиқод” аст.

Озар Салим чанд соли ахир роҳбари бахши хатлонии иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш дорад ва тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои наздик маҷмуъаи шеърии дигареро ба хонандагонаш тақдим кунад.

XS
SM
MD
LG